goodwell
Шоколади «Баунти»
30.08.2026
Oila.tj
58

Маҳсулоти лозима:

200 мл қаймоқ (20% равғаннокӣ), 200 грамм кокоси майдашуда, 300 грамм шоколади ширӣ, 80 грамм шакар, 50 грамм равғани маска.

Тарзи таҳия:

Дар оташи паст равғани маска, шакар ва қаймоқро об карда, аз оташ мегирем. Ба он кокоси майдашударо илова карда, хуб омехта мекунем. Маҳлули омодашударо шакл дода, ба яхдон барои 1 соат мегузорем. Баъдан ба он шакли батончаҳо дода, ба қисмҳои мувофиқ мебурем. Шоколадро дар буғ об мекунем. Барои он ки шоколад ғафс нашавад, каме равғани растанӣ илова мекунем. Баъд як батончаро аз яхдон гирифта, бо чӯбча нигоҳ медорем ва ба шоколади обшуда тар мекунем. Батончаро ба табақ мегузорем ва мунтазир мешавем, то шоколад сахт шавад. Ҳамин тавр бо ҳамаи батончаҳои боқимонда низ амал мекунем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД