Arzon march 2024
Сихкабоби тафдонӣ
3869

 

Маҳсулоти лозима:

  • 400 грам гӯшти мурғ;
  • 6 қошуқ равған;
  • 2 қошуқ ҷурғот;
  • 3 – 4 дона картошка;
  • намак;
  • зира;
  • мурч

Тарзи таҳия:

Дар зарф гӯшти мурғро мегирем. Он бояд бе устухон бошад. Ба гӯшт 3 – 4 қошуқ равған, 2 қошуқ ҷурғот, намак, зира ва мурч илова карда, ҳамаи маҳсулотҳо омехта мекунем.

Баъдан, болои зарфро мепӯшонему мегузорем, ки аз 2 то 5 соат дар яхдон дам гирад.

Дар ин муддат пӯсти картошкаро гирифта, реза мекунем ва ба он намак, мурч ва 4 қошуқ равған илова карда, онро омехта мекунем.

Сипас, гӯштҳоро аз яхдон мегирем ва дар чӯбҳои махсус мегузаронем. Ба тоба равған молида, ба он қоғази фалгаро тунук мекунему сихҳоро дар он мегирем. Дар як тарафаш сихро мегирем ва дар тарафи дигараш картошкаро мегузорем. Он дар тафдон дар ҳарорати 200 дараҷа 40 – 45 дақиқа то пӯхтанаш меистад. Баъди пӯхтанаш дар зарф мегирем.

Бо иштиҳои том!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД