arzon replenishment
СОҲИБКОРОНИ БОНАНГУ НОМУСИ КУЛОБ ХАЙР КАРДАНД!
3241

Чун ҳамеша соҳибкорони бонангу номуси Кӯлоб дар набард бо ин душмани ғаддори саломатии инсонҳо дар канор наистоданд. Нахуст соҳибкори шинохта дар минтақа Сафармуҳаммад Рустамов, байни мардум маъруф ва маҳбуб бо лақаби «кабуд» ба суратҳисоби Ситод 10 000 сомонӣ гузаронид.

Раиси шаҳр мегӯяд ин маблағро мо ба мутасаддиён додем, то аз шаҳри Душанбе барои табибон ниқобҳои бисёркарата ва либосвориҳои маҳсуси истеҳсоли Олмон харидорӣ карда биёранд. Соҳибкори дигар ҳам бо номи Ҳабиб, ки мағозаи либосворӣ дорад аз худ матонату ҷавонмардӣ зоҳир карда барои мубориза бо Коронавирус 4 500 сомонӣ ҷудо кард.

Фарзанди журналисти шинохта, шодравон Хол Қуватов бо номи Ҳаким барои мардуми Кӯлоб дорӯвориҳои зиёд равон кардааст, ки имрӯз ё пагоҳ дар беморхонаҳо тақсимот мешаванд. Аз ҳисоби ин дорӯвориҳо беморон ройгон табобат карда мешаванд.

Раиси Ситод Иноятзода Баҳром арзи сипос асосан аз ду мансабдори шинохтаи ҷумҳурӣ Азим Иброҳим ва Абдуҷаббор Раҳмонзода баён кард, ки Кӯлобро бо 4 тонна хлор таъмин карданд. Аз ин ҳисоб безараргардонии муассисаву кӯчаҳои шаҳр идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД