arzon replenishment
Сулаймон Давлатзода: Ҳоҷиталбону ҳоҷӣ-ошӣ худнамоии шаҳрвандон аст
488

 

Тибқиъ 

 

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон дар ҳисоботи солонаи худ дар ин бора маълумот дод. Ҳамчунин гуфта шуд, ки вобаста ба баргузории зодрӯз 44 ҳолат, баргузории маросими хатнасур 48 ҳолат,  маъракаҳои ҳоҷиталбон ва ҳоҷибиёён 63 ҳолат ба қайд гирифта шудааст,  ки омилҳои гуногун дорад

 

“Агар яке аз сабабҳои ин ҳолат нафаҳмидани моҳияти қонуни амалкунанда бошад, сабаби  дигари рух додани ин ҳолатҳо худнамоии шаҳрвандон мебошад. Баргузор намудани маъракаи ҳоҷиталбон ё ҳоҷӣ- ошӣ ягон зарурати динӣ надорад. Ҳаҷ як фарзия барои як мусалмон аст ва адо кард, барои худаш мекунад”, гуфт Раиси кумита. 

 

Тибқи омори расмӣ дар соли 2023 беш аз 5000 нафар ва дар 30 соли охир аз Тоҷикистон ба зиёрти Хонаи Худо беш аз 200 000  нафар бо назардошти Ҳаҷи умра сафар кардаанд. 

 

 

 

   

 

 

 

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД