shoh palace
Табобати камхунӣ бо лаблабӯ ва себ
25.02.2022
ОИЛА
2455


Духтарам аз замони кӯдакиаш лоғарандому камқувват аст. Пештар мо ӯро эрка карда бисёр кор намефармудем, вале ҳоло, ки шавҳар кардааст, маҷбур аст, ки кору бори хонаи хушдоманашро ба сомон расонад.

Ба хонаам меҳмонӣ биёяд, шикоят карда мегӯяд, ки худро ҳамеша хаставу лакот эҳсос менамояд ба баъзан сараш чарх мезанад. Хушдоманаш ҳам аз он ки духтарам «суст меҷумбад» гоҳ-гоҳ шиква мекунад. Духтурҳо сабаби камқувватии духтарамро дар камхунӣ маънидод менамоянд. Имкони дар беморхона хобидан надорад. Илтимос, ягон роҳи осони табобати камхуниро бигӯед, то духтарам дар хонааш худро муолиҷа намояд.
Зайнаб, сокини н. Темурмалик.

Посухи табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ
Хоҳари азиз, айни замон ман чанд давои оддиро тавсия медиҳам, ки камхуниро бартараф менамоянд, вале духтари шуморо зарур аст, ки сарчашмаи бемориашро аниқ намояд, зеро камхунӣ паёмади ягон касалии дигар буда метавонад. Сарчашмаи касалиро ёфта табобат накунед, беморӣ баъди чанд вақт метавонад аз нав хурӯҷ намояд. Инак, чанд нусха ҷиҳати табобати камхунӣ.

Нусхаи аввал
Ним килограмм себ, ним кило лаблабуи сурх ва ҳамин миқдор сабзиро аз мошинаи меваҷабак гузаронида, ба шарбати ҳосилшуд як пиёла асалро илова намоед. Шарбатро нағзакак аралаш карда, рӯзе 3 маротиба 20 дақиқа пеш аз хӯрок як қошуқӣ нӯши ҷон намудан лозим. Мо инро дар таҷриба санҷида боварӣ ҳосил намудем, ки дар бадали як моҳ камхуниро пурра бартараф менамояд.

Нусхаи дигар
Як пиёла ҷавро нағзакак шуста дар якуним литр об муддати 10-15 дақиқа биҷӯшонанд ва бо каме асал ширин карда, рӯзе 2-3 маротиба як пиёлагӣ бинӯшанд, камхуниро даво мебахшад.

Нусхаи сеюм
Настаран (хуч) барои касоне, ки ба камхунӣ мубтало гаштаанд, беҳтарин давост. Одам ҳар бегоҳ 3 қошуқ хучро дар термос андохта, аз болояш ним литр оби ҷӯшомада резаду рӯзона кам-кам ин обро бинӯшад, худро бардам эҳсос хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Зкхро 2023-05-18, 23:34
Камхуни
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Зкхро 2023-05-18, 23:34
Камхуни
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД