sebiston july new
Таксиҳои куҳнаро аз шаҳр мебароранд?
715

 

              Аз овоза то ҳақиқат

Ду рӯз боз субҳу шом ҳангоми ба кор рафтан ва бозгашт аз кор чашмам ба таксиҳое меафтад, ки рақамҳои қайди давлатиашонро канда гирифтаанду бе мусофир ба қавле холӣ-холӣ мераванд.

Шумораи мошинҳои таксӣ низ рӯзҳои охир дар шаҳр нисбатан камтар шудааст. Мусофирони зиёде дар истгоҳҳо бо умед ба ҳар як таксии падо шуда даст мебардоранд, вале аксари таксиҳо аллакай мусофир доранд ё бо сабаби набудани рақами қайди давлатиашон мусофир гирифта наметавонанд.

Дар байни мардум овозае пайдо шудааст, ки мошинҳои соли бароришашон то 2016-ро аз шаҳр мебароранд, яъне ба ронандагоне, ки мошинҳояшон кӯҳна ҳастанд, дигар имконияти ба мусофиркашонӣ машғул шуданро намедиҳанд.

Барои фаҳмидани он ки ин овозаҳо то куҷо ҳақиқат доранд, дирӯз мо ба чанд ниҳод ва ширкатҳои таксӣ муроҷиат карда бошем ҳам, бо баҳонаҳои гуногун аз шарҳи ин мавзӯъ худдорӣ намуданд, вале..

БДА “рейд” мегузаронад?

Хубахтона, дирӯз сомонаи пресса. тч дар ин мавзӯъ матлаберо ба табъ расонид. Ба хабарнигори ин сомона Усмон Ниёзӣ муяссар гаштааст, ки бо сардори раёсати БДА дар шаҳри Душанбе Бахтиёр Вайсзода ҳамсӯҳбат шавад.

Тавре ки ин масъули БДА зимни сӯҳбат гуфтааст: “Имрӯз дар 12 ҷамъияти хурди мусофирбар 3600 квота муқаррар шудааст. Аммо ин ширкатҳо бинобар афзоиши ҳудуди шаҳри Душанбе аз ҳисоби ноҳияҳои гирду атрофи он 500 адад мошини дигарро барои хизтматрасонӣ ба мардум зам кардаанд.

Яъне, теъдод ба 4100 адад расидааст. Ин миқдор барои хизматрасонӣ дар пойтахт кифоя мебошад. Вале ҳоло зиёда аз 6000 мошини хурд бо хизматрасонии таксӣ дар пойтахт фаъолият мекунанд.

Ҳар кадоме кӯшиш мекунанд, ки барои гирифтани мусофир аз якдигар пеш гузаранд, дар ҷойҳои номувофиқ мусофир мегиранд ё мефароранд, ҳатто дар қатори дуюм ё дар истгоҳҳо истода, ба ҳаракати автобусу троллейбус монеа пеш меоранд.

Дар натиҷа боиси садамаҳои нақлиётӣ ҳам мегарданд. Чандин ҳодисаи нақлиётӣ бо айби ронандагони ҷамъиятҳои мусофиркаш рух додааст...”

Дар идомаи сӯҳбат Бахтиёр Вайсзода, сардори раёсати БДА дар шаҳри Душанбе тасдиқ намудааст, ки дар ҳақиқат дар давоми ду рӯзи охир кормандони БДА зимни як амалиёти хоса беш 200 таксиро, ки марбут ба ширкатҳои мусофиркаш ҳастанд, боздошт намудаанд.

“Ин мошинҳо ба талаботи техникӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои расмӣ ҷавобгӯ нестанд”-мегӯяд Вайсзода, вале ҳамзамон овозаҳоро дар бораи он ки мошинҳои соли бароришашон то 2016-ро аз шаҳр мебароранд ва ба ронандагоне, ки мошинашон ба қавле кӯҳна шудааст, дигар барои мусофиркашонӣ иҷозат намедиҳанд, рад намуда, таъкид кардааст:

“Баровардани мошинҳои соли бароришашон то 2016, ки имрӯз миёни ронандагон ҳар гуна ҳангомаро ба миён овардааст, асоси воқеӣ надорад.

Баръакс, ширкатҳои хизматрасонии мусофиркаш барои ҳамкорӣ ба мақомоти БДА муроҷиат кардаанд, то мушкилоти мавҷуда бартараф гардад...”

2000 мошини зиёдатӣ?! Тақдири ин мошинҳо чӣ мешавад?

Сардори раёсати БДА мегӯяд, овозаҳо дар бораи баровардани мошинҳои кӯҳна аз таксӣ асос надоранд, вале тавре ки таҷрибаҳо нишон медиҳанд, то шамол нашавад, шохи дарахт намеҷунбад.

Тавре ки Вайсзода гуфтааст, ширкатҳои хизматрасонии мусофиркаш барои ҳамкорӣ ба БДА муроҷиат кардаанд, то мушкилоти мавҷуда бартараф гардад, аммо хулосаи ниҳоӣ дар ин бора ҳанӯз маълум нест.

Худи сардори раёсати БДА дар пойтахт зимни сӯҳбат таъкид кардааст, ки ба ширкатҳои таксӣ дар маҷмӯъ 3600 квота муқаррар шудааст, аммо ин ширкатҳо бинобар афзоиши ҳудуди шаҳри Душанбе аз ҳисоби ноҳияҳои гирду атрофи он 500 адад мошини дигарро барои хизтматрасонӣ ба мардум зам карда, теъдод ба 4100 адад расидааст.

Ин миқдор барои хизматрасонӣ дар пойтахт кифоя мебошад, вале ҳоло зиёда аз 6000 мошини хурд бо хизматрасонии таксӣ дар пойтахт фаъолият мекунанд. Агар барои пойтахт 4100 мошини таксӣ кифоят кунад, пас тақдири қариб 2000 мошини дигар чӣ мешавад?!

Бекорӣ+ қарзи бонк! Ронанада сарашро ба куҷо занад?!

Аз касе пӯшида нест, ки аксари ронандагони таксӣ аз табақаи миёнаҳол ҳастанд. Қисми зиёди онҳо чанд сол дар сармову яхистони мулки рус мардкорӣ карда, бо садҳо ранҷу азоб базӯр пули як мошини кӯҳнаро кор кардаанд, то ки дар Ватан мусофиркашонӣ карда, ба аҳли оила ва зану фарзандонашон як бурда нон ёфта диҳанд. Қисми дигари ронандагони таксӣ бо қарзи бонк мошин харидаанд ва ҳар моҳ маблағи муаянеро пардохт мекунанд.

Ҳар яки ин ронандагон ҳадди ақал 3-4 фарзанд, баъзеашон 6-7 кӯдак доранд ва ҳар кадоми ин мошинҳо як оилаи калонро мехӯронанд. Акнун тасаввур кунед, ки агар мошинҳои кӯҳнаро бароранд, чанд оила аз манбаи даромад маҳрум мегардад?

Таъмини мардум бо ҷойи кор дар Тоҷикистон аз масъалаҳои ҳалталаб боқӣ мемонад. Дар сурати баровардани мошинҳои кӯҳна ронандагон сарашонро ба куҷо зананд?

Мусофирон ”Мӯсичаи бегуноҳ” нестанд

Мо одат кардаем, ки дар ҳама кор фақат ронандагонро гунаҳкор созем, зеро медонем, ки аксарияташон ҳунар ва ҷуръати аз худ дифоъ карданро надоранд.

Дар ҳақиқат, баъзе ронандагони дағал низ ҳастанд, вале ин маънои онро надорад, ки ҳамаи ронандагони автобус, маршрутка ё таксӣ одамони бадрафтор, дағал ва авбошсуратанд.

Баъзе мусофирони мо дар дағалию бадрафторӣ аз ронандагон садҳо бор бадтаранд, вале аз чи бошад, ки боре ҳам касе пишаки онҳоро пишт намегӯяд. Аз таҷрибаи шахсии худам як мисол меорам.

Банда ҳар рӯз бо маршрути хатсайри 47 рафту омад мекунам. Танҳо дар як маҳаллаи Бахл мусофирон ронандагони хатсайри 47-ро маҷбур месозанд, ки камаш 7-8 маротиба мошинро нигоҳ доранд: “Дар якум пешеходи Бахл истед!” садо мекунад яке.

“Пешеходи дуюмда манъ кун!”-дод мезанад дигарӣ. Ҳамин тавр лаби ҷару таги ҷару назди мактаб ва фалону бисмадон гуфта, қариб дар ҳар 100 метр ронандаро маҷбур менамоянд, ки мошинро нигоҳ дорад.

Ронандаи нақлиёти ҷамъиятӣ вазифадор нест, ки ҳар яки моро то дами дари хонаамон расонад, вале мусофирони мо он қадар эрка шудаанд, ки агар илоҷаш бошад, мехоҳанд нақлиёти мусофирбар онҳоро то рахти хобашон бурда монад.

Аксаран ҷангу ҷанҷоли мусофирон бо ронандагон аз пушти ҳамин мавзӯъ сар мезанад. Хулоса, мусофирон он қадар одатҳои бади бисёре доранд, ки ногуфтанӣ.

Вой бар ҳоли ронанда!

Мо ҳамеша ронандагонро дар сар задани садамаҳои нақлиётӣ гунаҳкор мекунем, вале “саҳм”-и мусофиронро нодида мегирем. “Ранги хари афсандӣ рафта истодаӣ, тезтар ҳай кун” фиғон мекашад яке ва ронанда сураъти ҳаракатро тезтар мекунад, аммо як лаҳза пас садои зан ё марди дигаре баланд мешавад: “Эй шафёр, ту девонаӣ, охир ҳезум набурда истодаӣ ку, мемурӣмошина оҳистатар ҳай кунӣ!”

Дарди дигари мусофирон дар нақлиёт, ки ҳамарӯза ғаши маро меорад, ҷангу ҷанҷол барои мусиқӣ аст. “Домуллои чи, охир ягон музика мон, мурдем ай зиқира” садо мекунад мусофире ва ронанда мусиқӣ мемонад, аммо панҷ дақиқа нагузашта мусофири дигар дод мезанад: “Ҳаму музиката куш шафёр, охир ин ҷо дискатека не-ку” Акнун ёбеду гиред, ки ронанда хоҳиши кадом яки ин мусофиронро иҷро кунад?!

Росташро гӯям, баъзан аз рафтори мусофирон шахсан худи ман сахт асабонӣ шуда аз дил мегузаронам, ки агар ҳамин мошин мошини ман мебуд, ин мусофири беадабро аз мошин фароварда ду лагад мезадам ва “пулат саратро хӯрад” гуфта, пулашро ба дасташ медодам, бигзор пиёда равад...

Ронандагонро тарбият мебояд ё мусофиронро?

Аксари муофирон аз одами зиёд гирифтани мошинҳои мусофирбар шикоят мекунанд, вале кӣ онҳоро маҷбур кардааст, ки ба мошини пуродам бишинан?! Ягон ронанда зӯран касеро ба мошинаш савор намекунад.

Мусофирон бо чашми худ мебинанд, ки мошин пур аст, вале илоҷе карда базӯр савор мешаванду баъд боз аз серодам будани мошин шикоят мекунанд. Мантиқ куҷост?! Дидӣ, ки пур аст. Нашин! Ман ронандагонро ҷонибдорӣ карда аз онҳо фаришта сохтанӣ нестам.

Бале, ронандагони мо камбудиҳои зиёде доранд ва бояд маданияти мусофиркашонӣ ва муносибат бо мардумро омӯзанд, вале мусофирон ҳам чандон “мусичаи бегуноҳ” нестанд ва шеваи рафтор дар нақлиёти ҷамъиятиро бояд ёд гиранд.

Таксӣ магар барои партовкашонӣ аст?

Узр мехоҳам, ки аз мавзӯи таксӣ каме дур рафтем, вале манзараҳои шоҳид гаштаамро барои он қисса кардам, ки баъзе мусофирон бо ронандагони таксӣ ҳам айнан чунин рафтор мекунанд. Боре як ронандаи таксӣ чунин қисса кард:

“Аз ширкат дархост доданд, ки бори як занро ба макони дилхоҳаш бурда расонам (Доставка). Ба суроғаи дода шуда рафтам. Як зани хушлибоси мағруру ҳавобаланд ду халтаи пур дар даст аз бино берун шуд ва ишорат кард, ки бордони (багажник)-и мошинамро кушоям.

Пурсидам, ки дар ин халтаҳо чист. Зан бепарвоёна “памперсҳои набераам, пӯсти каротошкаю пиёз ва дигар партовҳо, ин пулро бигиру ҳамин мусоркаҳои маро дар ягон партовгоҳ бурда парто!” гӯён, ба ман як 10 сомониро дароз кард.

Хун ба сарам зада гуфтам: “Хола, ман аз бонк қарз гирифта, барои партову мусор кашондан мошин нахаридаам! Инсоф доред, охир наход одам барои памперсҳои ифлоси кӯдак ва партовҳои бадбӯй таксӣ фармоиш диҳад?! Фикр намекунед, ки бо ин мошин ман рӯзи дароз одам мекашонам...”

Ана ҳамин қадар ақлу фаросат доранд, баъзе мусофирон мо, ки худро ашрофзода гирифта, ҳама гуноҳро ба сари ронандагон мезананд.

Пули мусофир пулу пули ронанда порӯ?!

2 сомону 50 дираме, ки ба марштурка медиҳем ё 10-20 сомонии ба таксӣ медодаамон дар чашми мо-мусофирон метобад, вале фикр намекунем, ки ронанда 80-100 ҳазор сомонӣ дода мошин харидааст, бар замми ин, сӯзишворӣ мехарад, қисмҳои эҳтиётӣ мехарад, ба ширкат ва устоҳои таъмиргар пул медиҳад, қарзи бонкро бо фоизҳояш партохт мекунад, то ки моро дар гармову сармо ба манзил расонад. Магар пули мо, мусофирон пулу пули ронандагон порӯ аст, ки касе ба қадри заҳматашон намерасад?!

Шахсан ман ба ронандагоне, ки бо мусофиркашонӣ машғуланд, садҳо офарин мегӯям, ки бо ин ҳама асабонияте, ки мусофирон барояшон эҷод менамояд, боз дар ин соҳа кор мекунанд!

Бале, онҳо баъзан ба хатогӣ роҳ медиҳанд, саросема мешаванд, шояд асабонӣ шуда, каме дағалӣ мекунанд, вале ин маънои онро надорад, ки ҳама ронандагон одамони бад ва сазовори ҷазо ҳастанд. Онҳо ҳам мисли мову шумо инсонанд.

Оила, падару модар, зану фарзанд ва ҳазору як мушкилоти дигар доранд. Пас вақте дар бораи мошин-маршрутка, таксӣ ва ронандагон ҳарф мезанем ё тасмиме мегирем, тақдири аҳли оилаи онҳоро низ бояд андеша намоем, то ки бе бурда нон намонанд.

  Дар сурати баровардани  як мошини сӯҳбат бо аксари ронандагони таксӣ чунин бармеояд ин масъули БДА бармеояд, ҳудуди 2000 мошин имрӯз барои қонеъ гардонидани талабот зиёда аз 6000 мошини хурд бо хизматрасонии таксӣ дар пойтахт фаъолият мекунанд. 

 Қабл аз ҳама барои аниқ кардани воқеият барои рафтан ба БДА фармоиш додем. Баъд аз панҷ дақиқа таксӣ ҳозир шуд. Раҳораҳ бо ронанда суҳбат доштем. Ӯ ором буд.

Ӯ изҳор дошт, ки субҳи имрӯз дар шаҳр мошинҳои мусофиркаши зард, ки ба ин ё он ширкати мусофиркашӣ тааллуқ доранд, хеле кам буданд. Баъзан мошинҳои мусофиркаши берақам низ ба назар мерасиданд.

Ронандае мегӯяд, ки мошинҳои барориши то соли 2016-ро дигар барои мусофиркашӣ иҷозат намедиҳанд. Барои донистани асли воқеа мо бо ширкати “Рахш таксӣ” иртибот гирифтем. Як масъули ширкат гуфт, ки то ҳол аз ин иқдом ва омилҳои рейд огоҳ нестанд.

Бахтиёр Вайсзода, сардори БДА-и Душанбе

Дар шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии ВКД дар шаҳри Душанбе Бахтиёр Вайсзода, сардори ин шуъба бо мо ҳамсуҳбат шуд. Зимни суҳбат ӯ изҳор дошт, ки амалиёти мақсаднок ва боздошти таксиҳои мусофирбар ба хотири аз назар гузаронидани ҳолати техникии онҳост.

“Имрӯз дар 12 ҷамъияти хурди мусофирбар 3600 квота муқаррар шудааст. Аммо ин ширкатҳо бинобар афзоиши ҳудуди шаҳри Душанбе аз ҳисоби ноҳияҳои гирду атрофи он 500 адад мошини дигарро барои хизтматрасонӣ ба мардум зам кардаанд.

Яъне, теъдод ба 4100 адад расидааст. Ин миқдор барои хизматрасонӣ дар пойтахт кифоя мебошад. Вале ҳоло зиёда аз 6000 мошини хурд бо хизматрасонии таксӣ дар пойтахт фаъолият мекунанд.

Ҳар кадоме кӯшиш мекунанд, ки барои гирифтани мусофир аз якдигар пеш гузаранд, дар ҷойҳои номувофиқ мусофир мегиранд ё мефароранд. Ҳатто, дар қатори дуюм ё дар истгоҳҳо истода, ба ҳаракати автобусу троллейбус монеаи ҳаракат пеш меоранд.

Дар натиҷа боиси садамаҳои нақлиётӣ ҳам мегарданд. Чандин ҳодисаи нақлиётӣ бо айби ронандагони ҷамъиятҳои мусофиркаш рух додааст.

Дар давоми ду рӯзи охир кормандони БДА беш 200 таксиро, ки марбут ба ширкатҳои мусофиркаш ҳастанд, боздошт намудаанд. Ин мошинҳо ба талаботи техникӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои расмӣ ҷавобгӯ нестанд”,- изҳор дошт номбурда.

Ҳаракати таксиҳо дар шаҳр ҳолатеро мемонад, ки замоне тангемҳо ба амал оварда буданд. Ба таъкиди Вайсзода, баровардани мошинҳои соли бароришашон то 2016, ки имрӯз миёни ронандагон ҳар гуна ҳангомаро ба миён овардааст, асоси воқеӣ надорад.

Баръакс, ширкатҳои хизматрасони мусофиркаш барои ҳамкорӣ ба мақомоти БДА муроҷиат кардаанд, то мушкилоти мавҷуда бартараф гардад.

Масъулини БДА ба ин назаранд, ки ҷамъиятҳои мусофиркаш ҳам вазифадоранд ҳангоми бастани шартнома ҷиддӣ муносибат кунанд ва ҳаракати минбаъдаи мошинҳои мусофиркаш, аз ҷумла ҳолати техникӣ, тозагиро таҳти назорат гиранд.

Суоле ба миён меояд, ки агар дар ширкатҳо лимити муайяни қабули мошинҳои мусофиркаш қабул шуда бошад, пас чаро онҳо аз меъёр зиёд қабул мекунанд?

Имрӯз бо мошинҳое низ рӯ ба рӯ мешавем, ки берун аз ҳудуди Душанбе, аз ҷумла ноҳияи Рӯдакӣ ба қайд гирифта шудаанд, аммо дар Душанбе фаъолият мекунанд. Дар бештари ин мошинҳо ҳолатҳои тозагӣ риоя намешавад. Пас, назорату масъулияти онҳо ба дӯши кӣ бошад?

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД