goodwell
Торт аз буттамева
29.08.2026
Oila.tj
49

Маҳсулоти лозима:

2 дона тухм, 250 грамм шакар, 1 қошуқча сода, ним истакон равғани растанӣ, 2 истакон орд, 1 истакон шир, 1 қошуқча ванилин, мева ва буттамева мувофиқи табъ (қулфинай, шафтолу, зардолу, кабудтамева).

Тарзи таҳия:

Ордро бо сода омехта мекунем. Тухмро бо шакар лат зада, равған, шир, ванилин ва ордро илова мекунем. Қолаби пухтупазиро равған молида, каме орд мепошем. Хамирро ба қолаб мерезем. Аз болояш мева ва буттамева мегузорем. Метавонед ҳам аз меваҳои тару тоза ва ҳам яхкардашуда истифода баред. Дар тафдони пешакӣ то 180 дараҷа гармшуда гузошта, тақрибан 30 дақиқа то сурхчатоб шудани рӯяш мепазем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД