Arzon march 2024
Ҳунарпеша ҷони беморонро аз коронавирус мехарад
1150


Опра Уинфрӣ, ровии телевизион, продюсер ва ҳунарпешаи 66-солаи амрикоӣ барои мубориза бо «коронавирус» ва пешгирии оқибатҳои он 10 миллион доллар хайр кардааст.

Дар ин бора сомонаи «Forbes» иттилоъ медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, 1 миллион доллари ин хайрия ба ҳисоби «Хазинаи озуқавории Амрико» («America’s Food Fund») гузаронида шудааст, ки тибқи он ба шаҳрҳои гуногуни ин кишвар маҳсулоти озуқаворӣ интиқол дода мешавад. Ин лоиҳаи муштарак аз ҷониби Хосе Андрес, сарошпази машҳури испанӣ ва асосгузори ташкилоти «World Central Kitchen», Клэр Бабино Фонтено, роҳбари ширкати «Feeding America Food», Леонардо Ди Каприо, ҳунарманди амрикоӣ, Лорен Пауэлл Ҷобс, соҳибкор ва собиқ ҳамсари Стив Ҷобс ва ширкати овозадори «Apple» ташкил шуда, то имрӯз 12 миллион доллар маблағ ҷамъоварӣ кардааст, ки ҳадафаш расонидани кӯмак ба мардуми ниёзманди Амрико мебошад. «Ман аз кори ин созмонҳо ба ҳайрат меоям. Ҳарчанд дар хона мондан ба манфиати ҳама аст, аммо инҳо ба мардум кӯмак кардан мехоҳанд»,-навиштааст, Уинфрӣ дар саҳифаи Инстаграми худ. 

Ҳунарпеша нагуфтааст, ки 9 миллиони боқимондаро барои кадом кор масраф мекунад, лекин дар умум қайд кардааст, ки ин маблағ барои мардуми Амрико, аз ҷумла мардуми деҳоти Миссисипӣ ва Теннессӣ, ки он ҷо ба воя расидааст, хайр карда хоҳад шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД