Arzon march 2024
Вақти зиёрати қабр кадом дуоро мехонанд?
1276

Агар бихоҳам, ки қабри падарамро зиёрат кунам, бояд чӣ кор кунам? Одоби зиёрати қабристон чӣ гуна аст? Оё умуре вуҷуд дорад, КИ бояд риоя карда шавад?

Зиёратшо, н. Варзоб.

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Зиёрати қубур барои панду ибрат гирифтан ва ба ёд овардани охират машрӯъ аст, ба шарте, ки суханоне, ки муҷиби хашми Парвардигор аст, ба забон наорад, ба монанди дуо талабидан аз мадфун (яъне дархостҳои худро аз мурдае, ки дар қабр аст, пурсидан), ба ҷои Аллоҳтаъоло аз ӯ ёрӣ талабидан, ӯро мадҳу ситоиш намудан, бо боварии комил ӯро ҷаннатӣ гуфтан ва ба монанди ин.
Ҳадаф аз зиёрати қабрҳо ду чиз аст:
1. Манфиат гирифтани зиёраткунанда аз ёди марг ва мурдагон, ки сарнавишти онҳо ё биҳишт хоҳад буд ва ё дӯзах. Инҳадафи аввалин аз зиёрат аст.
2. Ба майит манфиат расонидан ва бо воситаи салом, дуо ва истиғфор ба ӯ некӯӣ кардан. Ин махсус барои мусулмонмебошад. Аз ҷумлаи дуоҳое, ки дар қабристон хонда мешавад, ин аст:
"Ассалому алайкум аҳла-д-диёримина-л-муъмининава-л-муслимина ва инно иншoаллоҳу бикумлоҳиқун. Асъалуллоҳалановалакуму-л-ъофия".
(Салом бар шумо, эй мӯъминону мусулмонони ин диёр ва иншоаллоҳ (агар Аллоҳ бихоҳад) мо ҳам ба шyмo мепайвандем. Аз Аллоҳ таъоло барои мову шумо офият металабам).
Бардоштани дастҳо дар ҳангоми дуо ҷоиз аст, зероОиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) гуфтааст: Шабе расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) берун рафт,то бубинад, ки ӯ ба куҷо рафтааст. Гуфт: Ӯ ба сӯи Бақеъу-л-ғарқад рафт ва дар поёни Бақеъ истод ва дастони худро баланд кард, сипас баргашт. Ба  наздам баргашта, (чизҳои дидаашро) ба ман хабар дод. Чун субҳ шуд, ба ӯ гуфтам: Эй расулуллоҳ! Шаби гузашта куҷо рафтӣ? Фармуд: «Ман ба сӯи аҳли Бақеъ фиристода шудам, то барои онон дуо кунам».
Вале зиёраткунанда дар ҳангоми дуо рӯяшро ба сӯи қабрҳо намекунад, балки ба самти Каъба менамояд, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аз намоз гузоштан ба сӯи қабрҳо манъ намудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД