Formula novemver 2024
Зани урусӣ
2154

 

Шариф баъди ба муҳоҷират рафтан ҷойи кор мекофт. Рӯзе тасодуфан дар истгоҳ бо духтараки русе шинос шуд. Чун забони русиро хуб медонист, бо духтараки чашмкабуди ситорагарм зуд ошно гардид. Духтарак ба Шариф ваъда кард, ки барояш ҷойи кор меёбад.

Наташа ҳанӯз аз давраи наврасӣ бо духтараки тоҷике дугона буду ҳамеша орзу мекард, ки ба марди тоҷик ба шавҳар барояд. Аммо русдухтар намедонист, ки Шариф дар ватанаш зану ду духтар дорад. Оҳиста-оҳиста байни ҷавони тоҷику русдухтар муҳаббат пайдо гардид.

Баъди ду моҳи шиносоӣ Шариф ба Наташа таклифи издивоҷ намуд. Падари Наташа, ки солҳои сол дар як нуқтаи хизматрасонии автомобилӣ директор буд, аввал ба ин издивоҷ розӣ нашуд. Аммо гиряҳои зор-зори духтарашро дида, ба издивоҷи онҳо на танҳо розигӣ дод, балки барояшон ҳатто дар шаҳри Маскав хона ҳам харида дод. Наташа дар паҳлуи ин марди таҳамтани тоҷики чашмсиёҳ худро хушбахттарин зани дунё эҳсос мекард. Ба хотири шавҳараш каму беш забони тоҷикиро аз худ кард.

Дере нагузашта, Наташа ҳомиладор шуду писар таввалуд кард. Хурсандии Шариф, ки дар орзуи писар буд, аз шунидани ин хушхабар даҳчанд гашт, аммо як кунҷи дилаш доимо сиёҳ буд. Охир, ҳамсари дар ватан будааш низ ӯро бо тамоми ҳастиаш дӯст медошт. Шариф намедонист, ки чӣ тавр ба зани тоҷикаш ҳақиқати зани дуввум доштанашро бигӯяд.

Хабари зангирӣ ва писардор шудани Шариф дар Ватан овоза гардид. Чамангул ба шавҳараш занг зада, рости гапро пурсон шуд. Шариф ноилоҷ ба гуноҳаш иқрор шуд. Чамангул баъди андешаронии зиёд назди шавҳар шарт гузошта гуфт:

- Агар хоҳӣ, ки минбаъд бо ту зиндагӣ кунам, писаратро гирифта биёру ҷавоби зани русатро деҳ!

Ин талаби занаш ба Шариф писанд омаду Наташаро фиреб кард:

- Наташа, оилаи ман аз зангириам хабар надоранд. Агар хоҳӣ, ки туро падару модарам бо хушнудӣ истиқбол бигиранд, ба ман вақт бидеҳ, то онҳоро розӣ карда, баъд омада, туро барам.

Наташа розӣ шуд. Ҳатто иҷозат дод, ки Шариф писарашро бо худ барои нишон додан ба падару модараш ба ватанаш бубарад. Шариф писарашро бо худ ба хонааш бурд. Чамангул аз рӯзи аввал писарчаи яксолаи ӯро чун фарзандаш қабул карда, ба ҳамсараш гуфт:

- Акнун роҳи Русияро фаромӯш созу ҳамин ҷо бо маоши кам ҳам бошад, муаллимӣ карда гард.

Аз байн шаш моҳ гузашту аз Шариф дараке нашуд. Наташа дар фироқи писару шавҳар лоғару касалӣ гашта, аз падар илтимос кард, ки чипта харида, ӯро ба Тоҷикистон фиристонад. Падараш бо алам гуфт:

- Духтарам, кунад кабӯтар бо кабӯтар парвоз гуфтаанд, дидӣ, оқибат ин тоҷикписар чӣ кор кард.

- Не, падарҷон, Шариф ин хел номард нест. Шояд ягон мушкилот дар ватанаш пайдо шуда бошад. Ман ба наздаш меравам, писарамро низ сахт ёд кардам.

Наташа нишонии Шарифро аз писарамакаш гирифту ба Тоҷикистон парвоз кард. Шариф Наташаро дар дами дарвоза дида, аз ҳайрат даҳон кушод. Ҳайрон буд, ки зани якумаш чӣ мегуфта бошад. Чамангул дар саҳни ҳавлӣ ҷавонзани қадбаланди зардинамӯйро дида, пайхас кард, ки ин зан Наташа аз Маскав аст.

- Шариф, ту ӯро даъват кардӣ?

-Не...

-Хайр, дигар чӣ кор мекунем, ба хона даъваташ бикун. Аммо бо як шарт, бо ӯ ҳамчун занат муомила карданатро набинам, вагарна баромада меравам.

-Хуб шудааст, ҷонакам.

Наташа мехост, ки Шарифро сахт ба оғӯш бигирад, аммо Шариф худро дур кашида, сардакак бо забони русӣ гуфт, ки “ба хона даро, баъд гап мезанем”. Наташа писарчаашро пурсон шуд. Ногаҳ миёни ҳавлӣ писарчаи ба хок ҷӯлидаашро дида, дод гуфт:

- Ой Сашенка, что это такое?-аммо кӯдак ба модараш ҳатто нимнигоҳе накарда, аз паси Чамангул “оча” гӯён, гурехта пинҳон шуд. Наташа ин ҳолатро дида, қариб гиря кунад. Баъди каме нафасашро рост кардан, Наташа боз писарашро фарёд кард. Шариф бо ӯ ҷиддӣ суҳбат карданӣ шуду наздаш Чамангулро ҳам ҷеғ зад.

- Наташаҷон, ман ба ту рости гапро гуфтан мехоҳам. Ин зане, ки мебинӣ, зани тоҷики ман аст. Мо ду духтари қадрас дорем. Писарамонро бошад, чун гавҳараки чашм нигоҳубин менамоем. Агар илоҷаш бошад, аз ҳаёти ман раву ба ягон ҳамватани худат ба шавҳар баро.

- Чӣ? На писарамро ба зани ту медиҳаму на туро!-ин дам Чамангул, ки ба маънии гапҳои зани руси шавҳараш сарфаҳм рафта буд, бо забони нимколаи русӣ дод зад:

- Ин хел бошад, ман як шарт дорам. Агар аз уҳдааш бароӣ, Шариф бо ҳардуямон мемонад, агар натавонӣ, Шариф аз ман мешавад!

- Говори!-гуфт Наташа.

- Ту ҳамроҳи ман дар ин хона меистӣ ва тамоми корҳои рӯзгорро ба дӯши худ мегирӣ, агар аз уҳдааш бароӣ, шаш моҳ Шариф бо ту меистаду шаш моҳ бо ман.

-Ман розӣ,-сар фаровард Наташа.

-Якум шарт ҳамин, ки куртаву поҷома мепӯшӣ.

Наташа саволомез ба Шариф нигоҳ кард.

-Ту бояд либоси миллии тоҷикӣ бипушӣ.

-Мепӯшам, аммо ба сарам мисли ту рӯймоли калони докагӣ намебандам.

-Мебандӣ, ба шарт розӣ шудӣ ку ё аз фикрат баргаштанӣ ҳастӣ?-ин дам Шариф дар дил завқ карда механдид, ки ду зан барои ӯ мубориза бурда истодаанд.

Наташа ноилоҷ либосҳои худро кашида, либосҳои додаи Чамангулро пушид. Аммо либоси кушоду обшустаи Чамангул дар тани мавзуни Наташа мисли халтаи холӣ меистод. Наташа худро дар оина тамошо карда, баланд хандид. Чамангул бо чашм ӯро песонида, ишора кард, ки имшаб истироҳат мекунӣ, аз пагоҳ саҳарӣ ба кори ҳавлӣ тайёрӣ бин. Наташа шабона бо писарчааш хуб бозӣ карду ба хоби роҳат рафт. Субҳ аз додзании духтари калонии Шариф тарсида, бедор шуд.

ҲАМЧУНИН, ХОНЕД:

ХАЙРИНИСО ҚОДИРОВА: ХУШДОМАНУ КЕЛИН БОЯД ДИЛЁБ БОШАНД

-Подъём, хез, арӯси шаҳри рус!

Наташа ба соат назар кард. Соати панҷуними саҳар буд.

-Ҳозир,-бо дили нохоҳам аз ҷой бархеста, барои дасту рӯйшӯӣ ҷониби ташноб раҳсипор гардид, аммо дар ташноб об набуд. Ба духтари Шариф нигоҳ карда, пурсид, ки об дар куҷост?

-Дар он ҷо, ана сатилро гиру барои худат об биёр.

Наташа сатил дар даст ба поёни ҳавлӣ раҳсипор гардид. Дар поёни ҳавлӣ ҷӯйборчаи нимборике ҷорӣ буд. Русдухтари эрка ба об чашм дӯхта, талхакаф шуд. Об лойолуд буду дарунаш шуллукҳо хазида мегаштанд. Аммо шарт ба хотираш расиду як сатил об гирифта, гашта ба ташноб даромад. Дасту рӯяшро бо оби сарди лойолуд шуста, аз ҷомадонаш сачоқи тоза гирифту рӯяшро пок намуд. Чамангул дар даст ҷорӯби калон пайдо шуда омаду онро ба дасташ дода гуфт:

-Шавҳари тоҷик мехоста бошӣ, ана ин ҳавлиро рӯб!

Наташа ҷорӯбро гирифта, ба ҳавлирӯбӣ сар кард. Ба назараш ҳавлӣ аввал дошту охир не. Баъди рӯфтан, аз Чамангул пурсид, ки партовро ба куҷо партояд.

-Ба беруни ҳавлӣ барор,-заҳрханда карда гуфт Чамангул. Наташа сатилҳои партовро холӣ карда, пас гашту сари дастархон нишаст. Дар ҳаёташ аввалин бор меҳнат карда, сахт гурусна гашта буд. Дар рӯйи дастархон ба ғайр аз ду кулчаи сахту як чойник чойи аллакай хунукгашта чизе набуд. Наташа ҳайрон шуд, ки чаро дар вақти наҳорӣ рӯи дастархони онҳо чизе нест. Боз шарти гузоштаи Чамангул ба хотираш расиду лаб газида, хомӯш кулчаҳои сахтро ба чой тар карда, хӯрдан гирифт. Хӯрокхӯрии русдухтар Чамангулро ба ғазаб оварда, аз дил мегузаронид, ки чӣ тавр ва бо кадом роҳу ҳилла арӯси русиро гурезонад.

-Акнун Наташахон, ба адир ҳезумчинӣ меравем!-амр намуд ба кундошаш. Наташа дар адир чунон хаставу лакот гашт, ки дигар маҷоли роҳ гаштан накарда, бо лаҳни нимшикастаи тоҷикӣ гуфт:

-Шумо занҳои тоҷик робот будаед.

-Дидӣ, чӣ қадар мо ин ҷо азоб дорем. Шавҳаронамон бошанд, дар оғӯши занҳои мулки бегона бароҳат хобанд. Боз ту шавҳари маро аз худ кардан мехоҳӣ!

-Охир, ман Шарифро дӯст медорам.

-Агар дӯст дорӣ, ба кори ҳавливу адир одат кун!

То бегоҳӣ Наташа ҳезум ғундошта, баъди ба хона баргаштан хаставу гурусна сар ба болишт гузошта, хобаш бурд. Рӯзи дуввум Чамангул ӯро сари танӯр бурда, нонпазиро ёд доданӣ шуд, аммо Наташа ҳарчанд кӯшиш кунад ҳам, аз уҳдаи ин кор набаромад. Рӯзи саввум Наташаро ба айлоқ фиристоданд. Русдухтар аз чунин корҳои вазнин ба дод омада, шабе ба Чамангул гирякунон гуфт, ки “апа, шавҳарат аз худат, писарамро деҳ, ман ба ватанам гашта меравам.»

- Дидӣ, нони шавҳари тоҷикро хӯрдан чӣ қадар сангин будааст. Офарини мо занҳои тоҷик бигӯй,-гуфт Чамангул аз ғолиб омаданаш хурсанд шуда. Наташа писарашро гирифту ба Маскав баргашт ва дигар ҳаргиз ёди Шарифро накард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД