Имрӯз, 20-уми июн Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар ифтитоҳи расмии марказ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иштирок карданд.
Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳраки донишҷӯён, воқеъ дар ноҳияи Синои пойтахт ҷойгир аст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, дар Маркази ташхису табобати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон толори маҷлисгоҳ барои 60 нафар, 61 утоқи корӣ ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ, ба монанди ташхиси рентгенӣ, томографияи резонанси магнитӣ, ташхиси ултрасадо, табиби сироятшинос, дандонпизишкӣ, урологӣ, ҷарроҳӣ, доругузаронӣ, анестезологӣ, хунгирӣ, ташхиси биохимиявӣ, дорухона ва озмоишгоҳҳо ҷой дода шудааст.
Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шудааст, ки бо назардошти талаботи ин соҳа, дар ошёнаҳои болоии марказ ҳуҷраҳои алерголог, гемотолог, гинеколог, гӯшу гулӯ ва бинӣ, терапия, табибони оилавӣ, асабшинос, педиатр, эндокринолог ва табиби чашм ҷой дода шудаанд.
Марказ имкон дорад, ки дар як вақт ба 300 нафар кормандону омӯзгорон, донишҷӯёни донишгоҳ ва дигар муроҷиаткунандагон хизмати баландсифати тиббӣ расонад.