1xbet
Зане, ки кӯдаконашро ба гадоӣ маҷбур мекард, аз фарзандонаш ҷудо карда шуд
76

Кормандони шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Сино-1 кӯдакони ноболиғро аз дасти модар - парасторашон гирифта, ба парастории давлат супурдаанд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, зане, ки фарзандонашро аз ӯ гирифта, ба парастории давлат додаанд, кӯдаконро ба гадоӣ маҷбур мекардааст. Кормандони милитсия қаблан ин кӯдаконро барои оворагардӣ чандин маротиба ба идораи милитсия бурда, модарашонро огоҳ карда буданд, вале вазъият ҳеҷ ислоҳ нашудааст.

«Дар рафти санҷиш муайян карда шуд, ки модари кӯдакон Сайжапарова М. ҳаёти носолим ба сар бурда, ба бачаҳои хурдсол фишори рӯҳию равонӣ меовардааст ва онҳоро латукӯб намуда, ба гадоию талбандагӣ маҷбур мекардааст. Дар рӯй ва бадани кӯдакони хурдсол осори зарбу лат ба мушоҳида мерасад”,- навиштааст манбаъ.

Дар робита ба ин ҳодиса, Суди ноҳияи Сино бо дастрасии моддаи 73-и Кодекси оилаи ҶТ кӯдакони овораро аз модарашон ҷудо намуда, ба парастории давлат супурдааст. Кӯдакон барои фаро гирифтан ба таълиму тарбияи бехатар ба Муассисаи давлатии Мактаб-интернати №1-и шаҳри Душанбе фиристода шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД