arzon replenishment
12-роҳи осонӣ зебою дилкаш шудани зан
04.06.2022
ОИЛА
1483

Имрўз мо дар бораи зебоӣ мегўем. Аз касе пўшида нест, ки зан мехоҳад ҳама вақт зебову дилоро бошад, дар ҳама синну сол ва вазъияти молиявӣ, аммо баъзан мо сарҳади эътидолро убур мекунем. Каме дар ҳамин бора…

Зебоӣ пеш аз ҳама тозагӣ аст, зани тозаву озода бе ягон намуди ороишот дар назар зебо метобад, не нагўед.

Шарти дуввуми зебоӣ ин ороиши мӯй аст. Ҳамеша кӯшиш намо, ки мўйҳоят шоназада ва бо тартиб бошанд. Ороиш барои кори ҳаррўза ва ороиш барои базму тантанаҳо аз ҳам фарқ дорад.

Ранги мўятро мувофиқ ба ранги чашмону пўстат интихоб намо, ин маслиҳатро ба ту метавонанд дар «Кошонаи ҳусн» диҳанд. Синну солатро низ ба назар бигир.

Ҳеҷ гоҳ кӯшиш накун, ки аз синну солат ҷавон намоӣ, зан дар ҳама сину сол зебоии хоси худашро дорад.

Агар ту зеботарин ороиши мўй дориву қимматбаҳотарин кўртаро ба бар намудаӣ, вале абрӯвонат бетартибанд, аз зебоӣ ҳарф мазан!

Ранги зиёд задан ба абрўвон хеле нозеб аст ва занро дағалу бадҷаҳл нишон медиҳад.

Ороиши рўятро дар фаслҳои сол иваз намо…

Зебогиро танҳо барои кўча ва мардум риоя накун, кӯшиш намо, ки дар ҳалқаи хонаводаат низ ороставу пероста бошӣ…

Чун модар зебоипараст бошад, чашмони кўдакон низ ба ин одат мекунанд ва аз ёд набаред, ки зебоӣ аз бисёр ғамҳо инсонро наҷот медиҳад.

Барои зебо шудан ҳеҷ гоҳ сарҳади эътидолро убур накунед, аминам, ки фаҳмидед…

Албата аз он маводе, ки ба ҳусни мо ҳусн зам мекунад, истифода баред, аммо дар назарҳо безеб бояд набошад…
Барои нуронӣ шудани чеҳраатон аввал ботинатонро пок кунед, ботини аз кинаву кудурат пок ба чеҳраи соҳибаш нур мебахшад.

Зебо ва зебопараст бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД