arzon replenishment
13-сирре, ки аз зани оддӣ олиҳа месозанд
21.05.2022
ОИЛА
1143

 

1. Имрӯз баҳси мо оид ба зебоӣ аст дугонаҷон, зеро имрӯз аксарият дил ба зебогии зоҳир дода, зебогии ботинро аз хотир бурдаанд. Аммо дар ёд дошта бош, дар ҳама давру замон, зебогии ботин дар ҷойи аввал мемонад.

2. Дар дунё занҳои безеб умуман вуҷуд надоранд, занҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд, онҳое, ки худашонро дӯст медоранд ва онҳое, ки ба худашон аҳмият намедиҳанд.

3. Худро дӯст доштан даркор, аммо на ба дараҷаи худхоҳӣ, зеро одами худхоҳ ба дӯст доштани дигарон қодир нест ва ин бадбахтист!

 

4. Аввал зоҳири инсон ба чашми мардум мерасад, аз ин рӯ, ҳамеша тозаю озода ва перостаю хушбӯй бош.

 

5. Аз ёд набарор, ҳамаи ин зебоиҳоро як сухани номақбул, як хандаи ноҷо, як дағалӣ аз байн мебарад.

 

6. Чеҳракушода бош, шарти аввали зебоӣ чеҳракушода будан аст.

 

7. Агар аз беҳтарин ороишоти дунё истифода барӣ ҳам, чун ботинат аз зевари ақл ороиш надорад, ҳайфи ту!

 

8. Зебогии ботин аз ақл сарчашма мегирад, ботини шахси соҳибмаърифат, босавод, меҳрубон ва хушгап чун самои поку беғубор зебост.

 

9. Ботин чеҳра нест, ки онро бо ғозаву сурма ороиш диҳӣ, қалби зебо ҳадяи Худованд ва самари тарбияи хуби оилавӣ аст. Агар ту аз ин ҳадя бе насибӣ, кӯшиш намо то худат бо дастони худат ботинатро нур бибахшӣ.

 

10. Ба мардум бо накӯӣ сухан намо, дар урфият мегӯянд:-Нони гандум надорӣ, забони мардум надорӣ? Яъне, хушзабон бош бо мардум.

 

11. Нозанини дунё бошӣ ҳам, ботини ифлос ба рӯйи ин ҳусн хати батлон мекашад.

 

12 Кӯшиш намо, ки зебогии ботину зоҳират тавъам бошанд.

13. Ҳамеша ба рӯйи зиндагӣ лабханд зан, зеро ҳар зебоие, ки нисори ҳаёт мекунӣ, ба ту хоҳад баргашт…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД