arzon replenishment
2 роҳи осони харобшавӣ
15.10.2022
ОИЛА
1299



Ман ҷавонмарди 28-сола ҳастам, вале аз ҳамсолонам камаш 10-15 сол калон метобам. Сабаби пир ба назар расиданам вазни аз ҳад зиёди баданам мебошад.

Ду сол пеш оиладор шудам, занам пеш аз тӯй маро дида розигӣ дода буд, вале акнун ҳар рӯз шиква мекунад, ки дугонаҳояш моро дар кӯча дида, масхараомез “Маша ва Медвед” мегӯянд. Мегӯянд, ки машқ кардан даркор, вале бо сабаби зиёд будани вазнам давидан барои ман хеле душвор аст. Ягон роҳи дигар харобшавиро ба ман тавсия медодед, як умр аз шумо миннатдор мешудам.
М. К, сокини ш. Душанбе.

Посухи табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ
Бародари азиз! Фарбеҳии аз ҳад зиёд натанҳо боиси мазоқу масхара кардани атрофиён мегардад, балки ба саломатии инсон низ зарар дорад, барои ҳамин кӯшиш кунед, ки вазни зиёдатиатонро ҳарчӣ тезтар партоед. Барои ин шумо бояд аз хӯрдани хӯрокҳои сергӯшт, хамирӣ ва равғанӣ қатъиян даст кашида, фақат хӯрокҳои сабуки обҷӯш ва меваю сабзавот истеъмол намоед. Кӯшиш кунед, ки баъди соатҳои 4-5-и бегоҳ дигар аслан хӯрок нахӯред. Шабона пеш аз хоб як кефир нӯшида, баъд ба чогаҳ дароед, он ҳамдарунро поккорӣ мекунад ва ҳам ба партофтани вазни зиёдатӣ мусоидат менамояд. Ҳатман бо варзиш машғул шавед ва бештар дар ҳавои кушод пиёда роҳ гардед. Дар баробари ин амалҳо ман ба шумо боз чанд гиёҳеро тавсия медиҳам, ки ба об кардани равғани бадан мусоидат менамоянд.

Нусхаи аввал
Решаи чоқла, раҳдавак, пудинаи куҳӣ, риши ҷуворӣ, алафи газанда ва бобунаро ба андозаи баробар гирифта, ҳар рӯз ду қошуқ аз ин гиёҳҳои омехташударо дар зарфе андозед ва аз болояш 400 грамм оби ҷӯш резад. Пас аз ду соат гиёҳобро полонед ва дар як рӯз 3-4 маротиба ним пиёлагӣ пеш аз хӯрок бинӯшед. Ин амалро ду-се ҳафта ҳамарӯза такрор кардан лозим аст, то натиҷаи дилхоҳ ба даст ояд.

Нусхаи дуюм
Як қошуқ риши ҷувориро дар термос андохта, аз болояш 200 грамм оби ҷӯшидаро резед ва даҳони зарфро маҳкам карда, монед як-ду соат истад. Ин гиёҳобро рӯзе се маротиба ним соат пеш аз хӯрок нӯши ҷон намоед, дар давоми ду ҳафта хеле хароб мешавед.


шанбе соати 11.00

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Мариями Абдучабо 2023-08-17, 23:45
Ман аз фарбеги худам хичолат мекашам аз хамсолони худом камлонтар ба назар мерасам мехоам аз 5 ё10 кило вазни худро кам кунам бисёри рохоро истифода кардам амо натичаи дилхо надод аз дорухои кофе чой барои харобшави истифода кардам нашуд танхо бо рои диета 10 кило вазн кам кардам аммо ба бемори жилутка дучор шудам ва дар давоми табобат боз вазнам бар гашт ба ман ягон маслихат медоден ки чи гуна аз вазни хиёдатиям халос шавам
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Мариями Абдучабо 2023-08-17, 23:45
Ман аз фарбеги худам хичолат мекашам аз хамсолони худом камлонтар ба назар мерасам мехоам аз 5 ё10 кило вазни худро кам кунам бисёри рохоро истифода кардам амо натичаи дилхо надод аз дорухои кофе чой барои харобшави истифода кардам нашуд танхо бо рои диета 10 кило вазн кам кардам аммо ба бемори жилутка дучор шудам ва дар давоми табобат боз вазнам бар гашт ба ман ягон маслихат медоден ки чи гуна аз вазни хиёдатиям халос шавам
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД