Arzon march 2024
4-БЕМОРИИ ХАТАРНОКИ ТОБИСТОНА
3532


Июл моҳи аз ҳама гармтарини тобистон ба шумор меравад. Маъмулан ҳарорати ҳаво дар ин моҳ то 45-50 дараҷа мерасад.

Аз таъсири нӯрҳои ҷонбахши фтб тамоми меваю сабзавотҳо пухта мерасанд, вале ҳавои бениҳоят гарм ва тасфон одамро бисёр беҳолу бемадор гардонида, ба касалиҳои гуногун гирифтор карда метавонад.

Бо офтоб шӯхӣ накунед!
Аксари одамон “ин ҳавои гарм ҳам ғанимат аст, то хабар мешавӣ, ки боз барфу борон сар шуда, кас ба дидори офтоб зор мешавад” гӯён, вақти худро мудом бо оббозӣ ва сайру саёҳам мегузаронанд. Албатта лаззат бурдан аз рӯзҳои гарми тобистон хуб аст, вале набояд фаромӯш кард, ки рӯзи дароз дар зери офтоб гаштугузор намудан ба саломатии инсон таъсири сахт расонида, касро ба як қатор бемориҳои ҷиддӣ гирифтор карда метавонад. Яке аз чунин бемориҳои паҳншуда, ки маҳз аз таъсири офтоб пайдо мешавад, офтобзадагӣ мебошад.

Нишонаҳои офтобзадагӣ
Бисёриҳо офтобзадагиро ҳатто касалӣ ҳам ҳисоб намекунанд, вале дар асл ин бемории ҷиддӣ буда, одамро зиёд азият медиҳад. Офтобзадагӣ махсусан барои кӯдакони хурдсол, мӯйсафедон, одамони фарбеҳ ва шахсоне, ки бемориҳои кӯҳнашуда доранд, хатарнок мебошад. Нишонаҳои аввалини офтобзадагӣ дарди сар, беҳолию бемадорӣ, баланд шудани ҳарорати бадан, табларзад, дилбеҳузурию қайъкунист. Зимни мушоҳида намудани ин аломатҳо бемор бояд ҳатман ба табиби оилавӣ муроҷиат намояд.

Дил гармиро дӯст намедорад
Шахсоне, ки ба бемориҳои дил ва рагҳои хунгард гирифторанд, бояд дар фасли тобистон, махсусан дар моҳҳои июл-август саломатии худро эҳтиёт намоянд. Гап дар сари он аст, ки гармии тоқатфарсо ба дили иллат дошта вазнинӣ мекунад ва кас метавонад ба сактаи дил ва дигар ҳолатҳои вазнин гирифтор шавад. Торафт баланд шудани ҳарорати ҳаво хатари хурӯҷ намудани касалиҳои дил ва рагҳои хунгарди онро чандин маротиба меафзояд, бинобар ин, баҳудаву беҳуда аз хона набароед ва дар зери нурҳои сӯзони офтоб гаштугузор накунед. Шахсони фишорбаландӣ дошта низ бояд дар фасли тобистон камтар ба сайру саёҳат бароянд.

Пневмания аз чи сар мешавад?
Хурӯҷи пневмания дар фасли тобистон як амри маъмулӣ гаштааст. Сабаб дар он аст, ки аз гармо паноҳ бурда, одамон рӯзи дароз дар таги кондинсионер мехобанд,барои баровардани тафти баданашон дар як рӯз чанд маротиба дар оби хунук оббозӣ мекунанд, яхмос мехӯранд ва обу нӯшобаҳои дар яхдон яхбастаро нӯши ҷон месозанд. Зоҳиран ҳамаи ин неъматҳо неъматҳои биҳиштӣ менамоянд, вале набояд фаромӯш кард, ки якбора пасту баланд шудани ҳарорати бадан ба саломатӣ зиён дшта, касро ба пневмания гирифтор карда метавонад.
Пневмания чӣ хатар дорад?

Пневмания (илтиҳоби шуш) бемории шадиди сироятӣ мебошад, вале дар сурати сари вақт ба табибон муроҷиат намудан табобат карданаш имконпазир аст.

Гирифтор гаштан ба илтиҳоби шуш махсусан барои кӯдакони то 2 сола ва одамони синну солашон аз 65-сола боло, занҳои ҳомиладор, шахсоне, ки бемориҳои роҳҳои нафас ва иллатҳои дил доранд, ҳамчунин барои одамоне, ки масъунияти баданашон хеле паст аст, хатарнок мебошад. Ҳамасола дар ҷаҳон бар асари ин беморӣ қариб ду миллион нафар ҷони худро аз даст медиҳанд.
Аломатҳои беморӣ
Маъмулан пневмания ё илтиҳоби шуш бо баланд шудани ҳарорати бадан ва пайдо шудани дард дар қафаси сина аз худ дарак медиҳад. Ҳангоми нафаскашии бемор дард зиёдтар шуда, эҳсоси нафастангӣ маризро азият медиҳад. Сулфаи хушк, торафт гум шудани иштиҳо, беҳолию бемадорӣ аз зумраи нишонаҳои дигари ин беморӣ мебошанд. Дуруст табобат накардани зӯком, шамолхӯрӣ, аз меъёр зиёд нӯшидани нӯшокиҳои газноки хунук ва оби сард, истеъмоли яхмос ва паст шудани масъунияти бадан метавонад ба сар задани пневмания сабаб гардад.

Чӣ бояд кард?
Дар ҳолати гирифтор шудан ба беморӣ, фурсатро аз даст надода, сари вақт ба табибон муроҷиат намудан лозим аст. Бемориатон сабук бошад, табиб ба шумо дорую дармон навишат ба хона ҷавоб медиҳад, вале ин маънои онро надорад, ки шумо сад дарс ад солим ҳастед ва метавонед бемалол гашту гузоркардан гиред. Гирифторони илтиҳоби шуш бояд ҳатман реҷаи бистариро риоя намуда, дар баробари гирифтани дорӯю давоҳои фармудаи табибон ҳамзамон хӯрокҳои серғизою сервитамин истеъмол намоянд, то ки масъунияти баданашон баланд шуда, ҷисми эшон алайҳи касалӣ мубориза бурда тавонад.

Дарунрав
Бемрии дигаре, ки дар фасли тобистон авҷ мегирад, ин дарунрав буда, бештар хурдтаракаонро азият медиҳад. Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, дарунрав асосан бар асари ба организми кӯдакон роҳ ёфтани вирус, микроб ва барангезандаҳои харобкор сар мезанад. Дар фасли тобистон кӯдакон бо дастони шуставу ношуста меваю сабзавотро ба даҳон бурда дар обҳои ифлос тез-тез бозӣ мекунанд ва дар натиҷа ин барангезандаҳо ба ҷисмашон роҳ ёфта, кӯдаконро ба осонӣ ба дарунрав ва бемориҳои дигари сироятӣ гирифтор месозанд. Дарунрав аз он хотир бемории хатанок шумурда мешавад, ки ҷисми тифл оби зиёдеро аз даст дода, ба мушкилоти камобшавӣ мкувоҷеҳ гашта метавонад. Аз ҳамин хотир мо аз тамоми падару модарон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки дар фасли тобистон саломатии худ ва фарзандонашнро эҳтиёт намуда, баҳудаву беҳуда дар зери офтоби гарму сӯзон нагарданд, нӯшокиҳои хунук ва оби ноҷӯшида нанӯшанд, меваю сабзавотро ҳатман нағзакак шуста, баъдан истифода баранд. Фаромӯш накунед, ки саломатии ҳар як шахс дар дасти худи ӯст. Худ ва аҳли оилаатонро аз бемориҳои тобистона эҳтиёт кунед ва саломат бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД