Sebiston new 2024 october
10-сабаби баромадани нарак дар рӯй
03.07.2019
Оила
19109

 

Ҳар дафъае, ки барои табобати наракҳои рӯям ба назди табиби пӯст меравам, аз ташхис гузаштанро тавсия медиҳад. Чаро нараки пӯсти рӯйро бо узвҳои даруна алоқаманд месозанд? Умуман, чӣ бояд кард, ки наракҳои пӯст кам шаванд?

Мадина, ш. Душанбе
Худ аз худ дар рӯйи инсон рихинак, яъне нарак пайдо намешавад. Баромадани нарак сабабҳои зиёде дорад. Барои аз наракҳо халос шудан пеш аз ҳама сарчашмаи пайдоиши онҳоро муаян кардан лозим аст. Инак, 10 сабаби асосии баромадани нарак дар рӯй.

 Сабаби якум-бемории узвҳои ҳозима
Сабаби аввалини баромадани нарак дар рӯй бемории узвҳои ҳозима мебошад. Аз ташхиси духтури гастроэнтеролог гузаред ва табобатҳои фармудаашро бигиред. Кӯшиш намоед, ки ҳарчи камтар ғизои зарарнокро истеъмол намоед. Миқдори чарбро дар хӯрокатон кам созед.

 Сабаби дуюм-ҷигар
Мабодо ҷигаратон бемор бошад, машрубот, хӯроки равғанин ва маҳсулоти шириро аз рӯихати хӯрокатон хат занед. Кӯшиш намоед, ки ҳамарӯза машқҳои сабуки ҷисмониро иҷро намуда, аз хоб сер кунед.

 Сабаби сеюм-гурда
Тамоми ноҷуриҳои пӯсти атрофи чашм, аз ҷумла сиёҳ шудани пӯсти ин мавзеъ аз бемории гурдаҳо ва дарак медиҳад. Гурдаҳоятонро табобат намоед, он гоҳ солиму зебо хоҳед гашт.

 Сабаби чорум-дил
Дилатонро кардеограмма кунед, фишори хун ва сатҳи витамини B- ро санҷида бинед. Истеъмоли хӯрокҳои тезу тунд ва гӯштро кам карда, дар ҳавои тоза бештар гаштугузор намоед, илова бар ин, ҳатман сатҳи холестеринро паст кардан лозим аст. Бонувон бояд саннаи истеҳсоли косметика ва воситаҳои пардозиро дида бароянд, зеро малҳаму упои куҳна низ боиси пайдоиши нараки пӯст гашта метавонад.

 Сабаби панҷум-нӯшокиҳои газнок
Кока-кола, арси-кола ва қаҳваю машрубот ҷисмро беоб месозанд. Нӯшидани ин нӯшокиҳоро маҳдуд созед.

 Сабаби шашум-иллатҳои роҳҳои нафас
Шумо сигор мекашед? Аллергия доред? Дар ҳақиқат чунин бошад, ин мушкили калон ва шифо ёфтани шумо душвор аст. Сигор намекашида бошеду аллергия надошта бошед, ҷисматонро гармохунук накунед, бештар маҳсулоти хунуккардаро истеъмол намуда, қандро кам хӯред. Маҳсулотҳое, ки дар ҷисм турширо ба вуҷуд меоранд, аз қабили гӯшт, маҳсулоти ширӣ, машрубот, кофеин, қанд зарарноканд, хӯрдани ин ғизоҳоро кам карда, бештар сабзавот истеъмол намоед.

 Сабаби ҳафтум-бозии ҳормонҳо
Тағйироти ҳормонӣ бар асари стресс рух медиҳад. Реҷаи рӯзро риоя намудан, дар як рӯз на кам аз 8 соат хобидан, миқдори даркории обро нӯшидан ва сабзавоти сабзро истеъмол намудан муфид аст.

 Сабаби ҳаштум-ғизои носолим
Ғизои носолим низ метавонад боиси баромадани нарак дар рӯй гардад. Хӯроки аз ғоз (клетчатка) ғаниро истеъмол намуда, заҳру таҳшинҳоро кам созед. Барои беҳтар сохтани ҳазми хӯрок гиёҳчой нӯшед.

 Сабаби нуҳум-бемориҳои инфексионӣ
Пайдо шудани нарак дар пӯсти рӯй аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҷисми шумо бо микробҳо мубориза бурда истодааст, то ки аз беморӣ амон монад. Ҳарчи зудтар аз ташхис гузашта, аз паси табобат шавед.

 Сабаби даҳум-камобии ҷисм
Вақте ки ҷисми инсон ба миқдори зарурӣ бо об таъмин нест, дар рӯяш ҳар хел доғҳо ва нарак пайдо мешавад. Ҷавону зебо мондан хоҳед, бештар об нӯшед ва кӯшиш намоед, ки дар як шабонарӯз на камтар аз 8 соат хоб равед. Хоби бароҳат ва нӯшидани оби зиёд кафили зебоии бардамии зан мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(6)
Мудассир 2019-11-19, 20:10
Душанбе
Посух
Сомон 2019-12-21, 00:59
Душанбе
Посух
Меҳрангез Абророва 2023-06-21, 11:23
Салом. Кудакам бетар қаймоқак мепартод, 2 моҳа мебошад. Сабабаш чи бошад
Посух
Курбонби 2023-09-26, 16:17
Дар руям донача доги Нарак бисер шидай
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(6)
Мудассир 2019-11-19, 20:10
Душанбе
Посух
Сомон 2019-12-21, 00:59
Душанбе
Посух
Меҳрангез Абророва 2023-06-21, 11:23
Салом. Кудакам бетар қаймоқак мепартод, 2 моҳа мебошад. Сабабаш чи бошад
Посух
Курбонби 2023-09-26, 16:17
Дар руям донача доги Нарак бисер шидай
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД