shoh palace
7-ғизое, ки мӯйро дароз мекунад
14368

 

Аз овони кӯдакӣ мӯям хеле камамал аст. Дугонаам мегӯяд, ки барои афзоиши хуби мӯям бояд хӯрокҳои махсусро истеъмол намоям.

 

Кадом ғизоҳо мӯйро қувват мебахшаду аз рехтан эмин медоранд?Маҳина, н. Исфара

 Ғизои беҳтарин барои солимии мӯйҳо маҳсулоти аз калсий ва оҳан бой, сабзавоти сабзу баргдор, карами баҳрӣ ва дигар сарчашмаҳои витамину минералҳоянд. Ҳангоми истеъмоли иловаҳои фаъоли биологӣ табибон ҳушёриро тавсия медиҳанд. Аз имкон дур нест, ки ба ҷои ғафсу серамал шудан, мӯйҳои шумо баръакс ба рехтан сар кунанд. Гап сари он аст, ки дар баъзе ҳолатҳо аз ҳад зиёд шудани нутриентҳо аз қабили витамини А сабабгори рехтани мӯй мегардад.

Мутахассисон 10 маҳсулоти муфидро пешниҳод намудаанд, ки муҷиби дарозшавии муй ва мустаҳкамии кокулҳо мегарданд.

  1. Озодмоҳӣ (лосось) ва моҳии равғанин

Озодмоҳӣ аз ҷавҳарҳои равғание иборат аст, ки боиси солимии пӯсти сар мешавад. Норасоии ин ҷавҳар боиси хушкшавии пӯсти сар ва беҷоншавии мӯйҳо мегардад. Озодмоҳӣ сарчашмаи сафеда, витамини В12 ва оҳан буда, мӯйҳоро ғизо медиҳаду бақувват месозад. Ин моҳиро хӯрда натавонед, ба хӯроки худ ду қошуқ равғани зағир илова намоед.

  1. Сабзавоти сабз

Мӯйи солим ниёз ба моддаҳое дорад, ки дар таркиби сабзавоти сабзу баргдор мавҷуд аст. Испаноқ (шпинат), брокколи ва лаблабуи баргдор аз витамини А ва С бой мебошанд. Сабзавоти рангашон сабзи баланд мӯйро бо оҳан ва калсий таъмин месозанд.

  1. Растаниҳои лӯбиёгӣ

Лӯбиё, лӯбиёдона ва мош барои бақувват шудани мӯй мусоидат мекунанд. Растаниҳои лӯбиёгӣ на танҳо сафеда, балки оҳан, синк ва биотин ҳам доранд. Мӯйҳо аксаран маҳз бо сабаби нарасидани биотин беҷону зудшикан мешаванд. Ҳар ҳафта се пиёла ва аз он зиёд лӯбиё ё мош истеъмол намоед, мӯйҳоятон аз рехтан мемонад.

  1. Тухм

Барои бақувват шудани мӯйҳо чигуна пухта шудани тухм аҳамият надорад. Тухм-сафедаи зиёд, биотин ва витамини В12 дорад, ки мӯйҳоро қувват мебахшанд.

  1. Ғалладонаи холис

Нон аз ғалладонаи холис, ки аз витамину минералҳо ғанӣ гардонида шудааст, бо шарофати синку оҳан ва витамини гурӯҳи В-и дар таркибаш буда мӯйҳоро бақувват месозад.

  1. Маҳсулоти ширӣ

Шир ва йогурт сарчашмаи беҳтарини калсий буда, мӯйҳоро боқувват месозанд. Ба йогурт чормағз илова карда хӯрдан фоидаи дукарата дорад.

  1. Сабзӣ

Сабзӣ аз витамини А, ки барои солимии пӯсти сар ва нури чашм муҳим мебошад, бой аст. Ҳар қадаре пӯсти сар солим бошад, ҳамон андоза мӯйҳо бақуввату ҷилонок мешаванд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД