Arzon admin
Қабули хонандагон ба синфи 1 оғоз мешавад
845

 

Аз пагоҳ, 1 август, дар кишвар қабули хонандагони синфи якум барои соли таҳсили 2024-2025 оғоз мегардад.

Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илм иттилоъ доданд.

Зикр шуд, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои ба синфи якум қабул намудани хонандагон ҳуҷҷатҳои зерин: варақаи шахсии хонанда, ду дона расми 3х4, аризаи волидайн, шаҳодатномаи таваллуди кӯдак, ҳуҷҷати тиббӣ, шиносномаи волидайн дар ду нусха, шаҳодатномаи ақди никоҳ ва маълумотнома аз ҷой зист талаб карда мешавад.

Қайд гардид, ки дар тамоми муассисаҳои таълимӣ дар асоси моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 6 ва 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», банди 7 ва 38 Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ кӯдакон ба синфи якум ба тариқи ройгон қабул карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки имсол кӯдаконе, ки то 31 декабри соли 2017 таваллуд шудаанд, ба синфи якум мераванд ва агар кӯдак 1 январи соли 2018 таваллуд шуда бошад, ба синфи якум қабул карда намешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД