Sebiston new 2024 october
ДОНИШКАДАИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ- МАРКАЗИ ТАЪЛИМ, ИЛМ ВА ФАРҲАНГ ДАР ВОДИИ ЗАРАФШОН
19.02.2024
PROMO
2186

 

Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бо дастуру ҳидоятҳоии Сарвари давлат ғояҳои ватандӯстӣ ва таъмини сулҳу суботро талқин намуда, олимон ва устодони соҳибтаҷриба ва ташаббускори ин даргоҳи илму дониш шогирдонро дар роҳи илму маърифат тарбия менамоянд.

Самти илм яке аз самтҳои калидии соҳаи маориф ба шумор меравад. Шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент аз шуъбаҳои асосӣ ва муҳим маҳсуб меёбад. Дар ин самти ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир карда шуда, он дар самтҳои зерин гузаронида мешавад. Дар равияи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва омода намудани маводҳои дарсӣ, аз қабили китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, мақолаҳои илмӣ-методӣ гузаронидани анҷуманҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ як қатор пешравиҳо дида мешавад, ки дар Шӯрои олимони факултетҳо ва Шӯрои олимони донишкада баррасӣ шудаанд. Олимони донишкада барои рушду нумуи илму дониш ва густаришу таҳкими муносибатҳои илмию фарҳангӣ бо соири донишгоҳҳои кишвар ва берун аз он талош менамоянд. Пайваста китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимии худ ва шогирдонро тақриз карда, дар ҳамоишҳои илмии хориҷӣ ва дохилӣ ширкат меварзанд.

панҷакент 1

Навгонии дигари фарҳангӣ дар сатҳи на танҳо шаҳр, балки дар сатҳи ҷумҳурӣ, ин ифтитоҳи ботантанаи шӯрои муштараки байналмиллалии ҳимоя байни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент мебошад.

Дар соли 2022 ҷиҳати ташкили ҷараёни таълим дар шароити низоми таҳсилоти фосилавӣ нақшаҳои таълимӣ барои 18 ихтисос таҳия карда шуда, инчунин портал ва низоми корпоративии гардиши ҳуҷҷатҳо таҳия шудааст.

Айни замон дар донишкада ҳамагӣ - 2257 нафар донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 915 нафарашон дар шуъбаи рӯзона (382 нафар писар, 533 нафар духтар) ва 1342 нафарашон дар шуъбаи фосилавӣ (ғоибона), (868 нафар духтар, 474 нафар писар) ташкил медиҳанд. Инчунин, 49 нафар дар магистратура таҳсил карда истодаанд.

Ба донишҷӯён 168 нафар устодон, аз ҷумла 5 нафар доктори илм, (аз инҳо 3 нафар профессор) 1 нафар доктори илмҳои таърих, 2 нафар доктори илмҳои педагогӣ, 1 нафар доктори илмҳои филологӣ, 1 нафар доктори илмҳои иқтисодӣ, 26 нафар номзади илм сабақ медиҳанд. Айни замон дар донишкада ҳамагӣ 239 нафар фаъолияти корӣ менамоянд, ки 168 нафари онҳоро омӯзгоронанд.

панҷакент 2

Хушбахтона, дар донишкада, марказҳои илмии англисӣ, немисӣ, фаронсавӣ, чинӣ, русӣ, ӯзбекӣ, арабӣ амал мекунад, ки устодони соҳибтаҷриба аз хориҷи кишвар омада тадрис медиҳанд.

Боиси ифтихор аст, ки соли 2022 дар назди Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент як муассисаи томактабии типпи замонавӣ бо номи “Маърифатпарвар” ифтитоҳ ёфт. Муассисаи типпи замонавии муҷаҳҳаз бо тамоми шароитро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ бахшиданд.Боғчаи бачагона иборат аз 3 ошёна буда, 12 гурӯҳро ташкил медиҳад, ки ба онҳо 24 нафар мураббияҳо машғулият мегузаронанд. Ҳар як гурӯҳ алоҳида барои машғулиятҳо ва истироҳати кӯдакон омода гардидааст. Ҳуҷраҳои истироҳат, толори варзиш, ҳуҷраи машғулиятҳои амалӣ, толори мусиқӣ, толори хӯрокхурӣ бо тарзи замонавӣ оро додашуда, ҷойҳои дӯстдоштаи кӯдакон аст. Ғайр аз ин дар муассисаи томактабии “Маърифатпарвар” факултети педагогика ва психология ҷойгир шудааст. Донишҷӯён таҷрибаомӯзии педагогии худро бевосита дар ин муассиса амалӣ мекунанд.

Дар соли 2023 дастовардҳо дар самти варзиш дар донишкада низ назаррас буданд. Санаҳои 11-12 июни соли 2023 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия мусобиқа барои кубоки Ҷаҳон оид ба Пауэрлифтинг баргузор гардид, ки устодони донишкада Абдуллоев Ш. дар мусобиқаи қувваозмоӣ бо даст ғолиб омада, 3 медали тилло ва 1медали нуқра, Самадов М. низ дар ин намуд, 3 медали тилло, 1 медали нуқра, Бердимуратов О. дар намуди вазнбардорӣ соҳиби 3 медали тилло ва 1 медали биринҷӣ сазовор гардиданд. Рӯзҳои 16-17 декабри соли 2023 дар шаҳри Москва (Россия) дар Чемпионати нӯҳуми ҷаҳон оид ба вазнбардорӣ устодон ва донишҷӯёни донишкада – Абдуллоев Ш, Самадов М, Бердимуратов О. иштирок намуда, соҳиби 7 медал – 4 тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ гардиданд.

 

Рамзи ихтисос

Номгӯи ихтисосҳо

Имконияти қабул

Рӯзона

Фосилавӣ

1

1-02.03.01

Забон ва адабиёти тоҷик

25

30

2

1-020303

Забон ва адбиёти тоҷик (Маърифати оиладорӣ)

25

25

3

1-02 03 03

Забон ва адабиёти тоҷик. Алифбои ниёгон

25

50

4

1-01 02 01

Таҳсилоти ибтидоӣ

25

30

5

1-01010203

Таҳсилоти ибтидоӣ забони хориҷӣ (забони узбекӣ)

25

0

6

1-01010203

Таҳсилоти томактабӣ. Равоншиносии амалӣ

25

30

7

1-030403

Равоншиносии амалӣ

25

25

8

1-020306

Забони хориҷӣ (забони англисӣ)

25

0

9

1-21 05 02 08

Забони хориҷӣ (забони франсавӣ)

24

0

10

1-21050108

Забон ва адабиёти рус

25

30

11

1-01010203

Таҳсилоти томактабӣ забони хориҷӣ (забони англисӣ)

25

0

12

1-020307

Забони англисӣ. Забон ва адабиёти рус

30

0

13

1-02030601

Забони англисӣ. Забони олмонӣ

30

0

14

1-020307

Забони англисӣ. Забони хитоӣ

30

0

15

1-020101

Таърих

50

50

16

1-02.01.02

Таърих. Ихтисоси иловагӣ (ҳуқуқ)

50

50

17

1-230113

Таърих фарҳангшиносӣ

25

30

18

1-02010203

Таърих. Забон ва адабиёти рус

25

30

19

1-02010205

Таърих. Диншиносӣ

25

30

20

1-21030102

Таърих (бостоншиносӣ)

25

30

21

1-02 05 03 02

Математика-информатика

50

50

22

1-02.05.03-02

Физика - информатика

25

25

23

1-02060102

Технология (меҳнати техникӣ, нақшакашӣ)

25

25

24

1-03010602

Санъати тасвирӣ, нақшакашӣ ва технология

25

30

25

1-020602

Технология. Омӯзгор-муҳандис

25

30

26

1-020405

География. Экология

25

0

27

1-02 04 04 01

Биология - химия

25

30

28

1-03 02 01

Тарбияи ҷисмонӣ

30

40

29

1-03 02 02

Тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ

30

40

30

1-890101

Сайёҳат ва меҳмондорӣ

25

25

31

1-26020206

Менеҷменти иҷтимоӣ

25

25

Рамзи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар низоми қабули довталабони Маркази миллии тестии назди президенти Ҷумҳурии тоҷикистон 207панҷакент 3

Устодону кормандони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Қонунҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармон ва Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи доимии кори худ қарор дода, дар оянда низ баҳри гул-гул шукуфоии Ватани азизамон саҳми босазои худро мегузоранд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД