shoh palace
Афзалшо Шодиев: Баландтарин унвон эътирофи халқ аст!
12.06.2022
ОИЛА
699
no-img

 

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев 60-сола шуд. Номбурда, аз зумраи сарояндагонест, ки 40 сол аст, рӯйи саҳна ҳунарнамоӣ мекунад ва дар қалби миллионҳо нафар ошён гузоштааст. Афзалшо Шодиев аз зумраи маҳбубтарин ҳунармандони тоҷик аст, ки қариб ҳамаи сурудҳояш вирди забони хосу ом мебошад. Дар арафаи ҷашни мавлуд суҳбате доштем бо ҳунарманд, ки фишурдаи онро пешкаши шумо мегардонем.

Шакли пурраи суҳбат ва сурудҳои нави Афзалшо Шодиев дар ютубканали Pressa.tj  

 

-Устоди азиз, сараввал шуморо ба муносибати 60-солагии мавлудатон аз номи аҳли эҷод ва хонандагони “Оила” табрик мегӯем.

-Ташаккур, ба “Оила”, ки солиёни зиёдест, маро ба мухлисонам наздик мекунад.

-Бо чӣ эҳсосот ҷашни мавлудатонро пешвоз мегиред?

-Бо эҳсосоти хеле хуб. Зеро аз зиндагие, ки аз сар гузаронидам, розӣ ҳастам. Аз ин умри 60-сола 40-солашро ба фаъолияти эҷодӣ ва хизмат ба халқам бахшидам. Ба воситаи ҳунарам тамоми дунёро гаштам, ҷаҳонро дидам. Дар як ватани зебо, дар як сарзамини худоназаркарда зиндагӣ мекунам. Бинобар ин, ҷашни мавлудро бо эҷоди суруду таронаҳои нав пешвоз мегирам. Мехоҳам мухлисонам аз ман розӣ бошанд.

-Солҳои охир дар майдони ҳунари мо даҳҳо сароянда ворид шуданд, яке камистеъдод, яке маъруфу пурҷило. Ин сабаб шуд, ки баъзе сарояндаҳо ба қавле аз мӯд монданд. Вале Афзалшо Шодиев ҳамоно маҳбубият дорад, ҳамоно дар мӯд аст. Чӣ асроре ин ҷо ҳаст?

-Ягон асрори ниҳонӣ дар ин ҷо нест. Ҳунарманде, ки дар забони мардум ва дар дилу дидаи мардум будан мехоҳад, пайваста эҷод мекунад. Агар суруди нав, оҳанги нав, таронаи ба дили мардум наздик эҷод шавад, ҳунарманд ба дили мардум роҳ меёбад. Халқ тарозуи бузург аст. Банда аз мардуми азизи кишвар миннатдорам, ки сурудҳои маро гӯш мекунанд, ба ман эҳтиром доранд, қадр мекунанд. Ба консертҳоям меоянд, маро дастгирӣ мекунанд. Дар 40 соли фаъолияти эҷодӣ толорҳое, ки ман консерт мекунам, ҳамеша пур аз тамошобин аст. Ин саодати бузурги ман аст.

-Шумо бо сарояндагони ҷавон пайваста ҳамкорӣ мекунед. Шояд сабаби маъруфиятатон дар байни ҷавонон ҳамин низ бошад...

-Бале. Ман ҳам бо сарояндагони ҷавон дуэт мехонам, ҳам ба онҳо оҳанг менависам. Вазифаи мо аст, ки ҳунармандони ҷавонро тарбия кунем ва барои онҳо роҳ кушоем.

-Сурудҳои шумо зуд ба дили мардум роҳ меёбанд ва маъруф мешаванд. Шумо матни сурудро чӣ гуна интихоб мекунед ва барои эҷоди як суруд чӣ қадар вақт сарф мекунед?

-Як бор шеърро мехонам, агар ба дилам нишаст, медонам, ки ба мардум маъқул мешавад. Ҳеҷ гоҳ суруди фармоишӣ нахондаам. Вақте матнро интихоб мекунам, Худованд илҳом медиҳад ва оҳангашро ҳам зуд менависам. Барои мисол шеъри “Ҳасрат” – “Ту дигар ба пешвозам дами дар намебароӣ” ё “Сӯзи дилам нест”, ки ҳар ду ба қалами устод Лоиқ таалуқ дорад, дар як шаб ба оҳанг бастаам. “Ҷавонӣ рафт”-ро бошад, чандин моҳ кор кардем. 5-6 хел оҳанг бастам, вале ба устод Лоиқ маъқул нашуд. “Намешавад!”-мегуфтанд. Як шаб дар хонаи як дӯстам бо тори туркӣ, ки хеле оҳангаш ширин буд, бо оҳанги имрӯза хондам. “Машавад! Сабт кун!”- гуфтанд устод. Ва дар ҳақиқат ин суруд ба дили мухлисон роҳ ёфт. Ҳамин тавр, аксари ғазалҳои шоирони классик ва муосирро интихобан мегирам ва болои оҳангаш кор карда месароям.

-“Ҷавонӣ рафт”-ро аз кадом сол месароед?

-Аз соли 1988.

-Яъне, беш аз 30 сол. Ба дилатон назад?

-Рости гап, ман ҳам намехоҳам, ки фақат ҳамин сурудро сароям, вале мардум талаб мекунад. Чорабинӣ ё консерте нест, ки ин сурудро насароям. Барои мисол ҳафтаи гузашта консерти шогирдонам Алишер Қаноатзода ва Гулпарӣ Орифова буд. Ба табрики онҳо рӯйи саҳна баромадам. Аз толор мардум “Ҷавонӣ рафт” гӯён, маҷбур карданд, ки ин сурудро хонам. Гарчанде консерти ман набуд, вале маҷбур шудам, ки онро сароям. Ҳамин тавр, дар ҳама гӯшаҳои Тоҷикистон, дар Самарқанду Бухоро ва дигар шаҳрҳои Ӯзбекистон, миёни тоҷикони Қирғизистон, дар Русия, Исроил ва Амрико вақте ба саҳна мебароям, аз толор ин сурудро талаб мекунанду ман мехонам...

-Устод, дар консерти наватон, ки ба қарибӣ баргузор мешавад, мухлисонатонро чӣ интизор аст?

-14-15 суруди нав месароям, ки ҳанӯз дар ҷое садо надодааст. Дигар сурудҳои пештара ва талаби мухлисонро иҷро мекунам. 2-3 суруди нав дар бораи модар низ садо медиҳад. Ин консерт, ки санаи 18 июн дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон баргузор мешавад, барои ман муҳим аст. Зеро он ба фаъолияти 40-солаи эҷодиам бахшида шудааст. Консерти ҷашнӣ аст.

-Аз модар ёдоварӣ кардед... Ин аввалин барномаи консертии шумост, ки модаратон иштирок намекунанд. Набудани эшонро чӣ тавр эҳсос мекунед?

-Модар гум кардан дарди вазнин будааст. Модарам ҳоҷибибӣ Моҳбону Раҳмонова зани ҳалиму порсо, китобхон, бомаърифат ва донишманд буданд. Аз ҳама муҳим пушту паноҳи мо. Дуояшон бароямон давлати калон буд. Барои мисол соати 10-11-и шаб аз Хуҷанд маъракаро ба охир расонида, ба роҳ мебаромадам. То хона расидан раҳораҳ 10-15 маротиба занг мезаданд. “Бачем, куҷо расидед? Бачем эҳтиёт кунед дар роҳ” ва хоб нарафта, дуо мекарданд. Чун ба хона мерасидам, дилашон ором шуда, баъд хоб мекарданд. Баъди маргашон меҳри модар намерасад, суханҳои ширинашон намерасад, суҳбатҳои гармашонро пазмон мешавам, вале чӣ илоҷ...

-Шумо оилаи обод доред. Барои ҳунарманде чун шумо бунёди оилаи обод чӣ гуна муяссар мешавад?

-Бале, душвор аст, барои аҳли ҳунар оила барпо кардан ва фарзанд ба воя расонидан. Зеро ҳунарманд як умр дар хизмати халқ аст. Бо вуҷуди ин, Худо ба шукр, ки ҳамсари меҳрубон ва оилаи солим дорам. Ҳамсарам Муҳтарам фарзанди Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Сорбон худ аз оилаи эҷодкор аст. Бинобар ин, маро дарк мекунад. Моҳи ноябри соли 1984 мо аввалин бор ҳамдигарро дида, дере нагузашта оиладор шудем. Шукр, ки ин ҳама сол сахтиву душвориҳои зиндагиро ҳамроҳ тай кардем ва соҳиби фарзандон шудем.

-Фарзандони шумо машғули чь коранд?

-Оилаи ман феълан ду қисмат аст – дар Тоҷикистон ва Амрико. Писаронам Шервонҷон, Ҷовидонҷон бо келинҳо ва духтарам Рахшонҷон бо домодам дар Амрико зиндагӣ мекунанд. Шервонҷон бо ҳамсараш ва набераҳоямон Райҳонҷону Сулаймонҷон ба ҷашни ман расида омаданд. Дигарон дар роҳанд. Фарзандони ман литсейи президентиро хатм карда, аввал ҳамин ҷо ба Донишгоҳҳои кишвар дохил шуда, баъдан таҳсилашонро дар Амрико идома доданд ва ҳамон ҷо монданд. Лекин ҳамавақт омода ҳастанд, ки ба Ватан баргарданд ва хизмати халқро кунанд. Фарзанди дигарам Султонҷон дар ҳамин ҷо донишгоҳро хатм карда, кор карда истодааст. Барноҷон коллеҷи рассомӣ ва донишгоҳро хатм кард. Рассоми моҳир аст. Шаҳромҷон Институти санъати Қазонро хатм карда, ба Ватан омад. Як муддат дар Театри русии ба номи Маяковский фаъолият дошт. Ҳоло дар дигар соҳа кор мекунад. Ман аз фарзандонам розӣ ҳастам. Худо умрашонро дароз кунад.

-Устод, солҳои охир атрофи номи шумо сарусадоҳои зиёд пайдо мешавад. Дар ин авохир ҳазф шудани номатон аз консерти Панҷакент шӯру қиёмат барпо кард. Шумо ба ин чӣ назар доред?

- Ман ба ин чизҳо парво ҳам надорам ва зиқ ҳам нашудаам. Муҳим, ки маро халқ эҳтиром мекунад. Бузургтарин унвон эътирофи халқ аст. Дар як консерт ширкат кардану накардани ман ҳеҷ аст. Ба чизҳои майда-чуйда диққат намедиҳам. Аз пайи эҷод ҳастам.

 

Маълумотнома

Афзалшоҳи Шодӣ 2 июни соли 1962 дар оилаи хизматчиёни давлатӣ дар шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст. Соли 1979 пас аз хатми мактаби миёнаи № 6-и деҳаи Ғусар ба Донишгоҳи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дохил шуда, факултаи мусиқӣ ва сурудро бо муваффақият хатм мекунад ва худи ҳамон сол ба Театри Опера ва балети ба номи С. Айнӣ ба кор меояд. Пас аз як сол ӯро ба Филармонияи давлатии Тоҷикистон мегузаронанд. Шогирди Артисти халқии СССР Ҷӯрабек Муродов мебошад. Муддате роҳбари Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев буд. Ҳоло роҳбари Ансамбли давлатии “Сомон” мебошад. Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи байналмилалии «Хиради миллат» (2014).

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД