Хиёнати шавҳар (ҚИСМИ 1)
1678

Гулрӯ рӯзи шанбе барвақт аз хоб хеста, бо аҳли хонадон хайрухуш кард ва роҳи Душанберо пеш гирифт. Ӯ ният дошт аз фарзандонаш маслиҳат пурсида, баъд аз бозор ҷиҳози тӯйи арӯсии ду писарашро харад.

Гулрӯ барои ҳар ду писараш келинҳои зебо ёфта буд ва аз интихоби модар писарҳо ҳам шод гаштанд, чунки онҳо бо келиншавандаҳо дар як мактаб хонда, дар як деҳа калон шуда буданд.

Гулрӯ аз тирезаи мошин ба берун назар карда, аз зебоии табиат баҳра мебурд. Ду тарафи роҳ ҳама майсаву себарга, ҷо-ҷо гулҳои лола сурхӣ мекарданд ва дар назари аввал чунин менамуд, ки гӯё табиат ҷо-ҷо қолинҳои рангоранг густурда бошад.

Баъди ҳаракат дар болои ағбаи Шар-Шар Гулрӯ аз ронанда хоҳиш кард:

- Дар канори роҳ ҷои мувофиқ ёфта, мошинро боздоред.

Гулрӯ аз мошин баромада, аз ҳавои тоза нафаси чуқуре кашид ва фикр кард, ки шушаш аз ҳаво пур шуд. Ӯ ба диёри зебоманзараш нигоҳ карда, ҳаловат мебурд. Аз баландӣ баҳри Норак каб-кабуд менамуд, ба назараш дар ин лаҳзаҳо хуршеди оламоро мехост тамоми оламро ғарқи нуру зиё гардонад. Чашмасору обшорону рӯдҳо мехостанд мусобиқакунон тезтар ба водиҳо ҷорӣ шаванд. Гулҳои Ватанаш дар марғзорон ба ханда омада буданд, булбулон, гунҷишкакон ва дигар парандаҳо дар шохсорон нағмасароӣ мекарданд. Дар ин лаҳза абри хурдакаке ба гардиш даромада, ба рӯи Гулрӯ як-ду катра борони гарм зад ва ӯ ба худ омада, бори дигар ба ин манзараи зебо нигоҳ карду ба мошин нишаст.

Шаб Гулрӯ хобе дида, аз ҷо бархост. Тамоми баданаш дарақ-дарақ меларзид ва арақи калон-калон рӯяшро фаро гирифта буд. Ӯ дар хоб раҳматии хусурашро дид, ки бо қаҳру ғазаб ба ӯ мегӯяд: «Барои чӣ хонаву даратро ба бегонагон монда, ба Душанбе омадаӣ? Зуд бархезу рафта хонаатро соҳибӣ кун!».

Гулрӯ аз хоби дидааш бисёр парешонҳол шуд ва фарзандонашро бедор карда, хоҳиш кард, ки ӯро то истгоҳи мошинҳо гусел кунанд. Фарзандон аз дигар шудани раъйи модарашон ҳайрон, маслиҳати шабона кардаашонро ёдовар шуданд, аммо модар чизе шунидан намехост ва кӯтоҳакак гуфт, ки «ман муйсафеди бобоятонро хоб дидам, ин бесабаб нест».

Охир, дар бисту панҷ соле, ки Гулрӯ келини ин хонадон буд, бечора хусураш ягон маротиба ба рӯи ӯ баланд гап назад. Ин хоб бесабаб нест.

Гулрӯ бо фарзандонаш саросема аз хона бадар шуданд.

Ҳаво ҳанӯз торик буд. Онҳо ба истгоҳ омада, ба мошине нишаставу ба роҳ баромаданд.

(Давом дорад)

Гулчеҳра МУҲАММАДИЕВА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД