formula
Агар гулӯятон мехорад, ба коронавирус зуд таслим нашавед
3123

 

Тавсияҳои мутахассис Бекжан Киманов:

1️⃣Гулуятонро бо маҳлули намак-сода чайқонед. Дар як стакан об ба миқдори 1-қошуқи майда намак ва 1- қошуқи майда сода андозед. Бо ҳамин маҳлули тайёршуда зуд-зуд гулӯятонро шӯед. Ба таври минималӣ ҳар соат ин дастурро иҷро кунед. Имкон бошад беҳтараш ин амалро ҳар 20-30 дақиқа анҷом диҳед.

Ҳақиқатан аз гулуро шустан воситаи дигари беҳтар барои табобат нест. Шумо ҳамаи намуди микробҳо ва инфексияҳои дар дохили даҳон ва гулӯбударо ҶИСМАН (ФИЗИЧЕСКИ) мекушед ва имкон намедиҳед, он микробҳо дар он ҷо афзоиш ёбанду ба роҳҳои нафас роҳ ёбанд.

2️⃣ Либоси гарм пушед. Ин барои ҷисматон ҳисси роҳатро фаро меорад ва шумо табларза намекунед. Ҳамчунин тахмин меравад, ки ин амал сарчашмаи гармии организмро низ сарфа мекунад. Дар натиҷаи дигар сарчашмаҳо барои нест кардани инфексия кор фармуда мешаванд.

3️⃣ Истироҳат кунед. Ин нуқта фаҳмост.

4️⃣ Оби гарми зиёд нӯшед. Дар як соат 3 маротиба ба миқдори 1-стакан оби гарм нӯшед. Дар натиҷа токсинҳо ҳамроҳи пешоб аз организм мебароянд.

5️⃣ "Йокс"-ро бихаред. Ҳар боре, ки даҳонатонро чайқонднд ва ё об нӯшидед, пасон йоксро ба даҳонатон пошед. Барои куштани инфексия йокс тадбири олист.

6️⃣2-3 бастаи Ацикловирро харидорӣ кунед. Барои табобати вирусҳои сирояти доруи хуб аст. Онро дар як рӯз 5-маротиба ба миқдори як ҳаб (по 1 таблетке) истеъмол кунед.

7️⃣ Дар як рӯз 2-маротиба "Аскарбинка"-ро истеъмол намоед. Дар муҳити турши "Аскарбиновая кислота" вирус фаъолона нобуд мешавад..

8️⃣ Витамини D 10.000 якӣ дар давоми рӯз. Ба тамоми чиз таъсир мерасонад. Аз ҷумла, ба системаи иммунитети организм таъсиррасон аст.



9️⃣ Руҳ (цинк). Ба миқдори чанд воя (дозировка) тақсим шуданашро муайян кардан лозим аст. Ба иммунитет таъсири мусбат мекунад.


🔟 Дар 1-соат як маротиба ғизои тез хуред, агар меъдаатон имкон диҳад. Масалан, 1-2 дандонаки сирпиёз. Дар натиҷа хун то гулу ҳаракат карда, онро бо ҷисмҳои бегона барои мубориза бо инфексия таъмин мекунад.

1️⃣1️⃣ Истифода бурдани хуроки солимро фаромӯш насозед. Ин сарчашмаи асосии нерӯ барои организми инсон аст.

1️⃣2️⃣ Аз истифодаи чойи муқаррарӣ даст кашед.
Агар аз рӯйи дастурҳои дар боло зикргардида амал кунед, дар муддати аз 3-соат то 3-рӯз дарди гулӯятон нест мешавад, вале ба ҳар сурат ин тавсияҳоро на кам аз 2-3 рӯз иҷро кунед.

Дар ҳамин ҳол шумо инфексияро дар сатҳи гулӯ пешгирӣ мекунед.
Ба назар нагирифтани чунин қоидаҳои оддии пешгирии беморӣ, метавонад ҳолати эпидемияро мураккаб созад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД