formula
Ҳаққи модар зиёд аст ё падар?
703
no-img


Падару модар ҳар ду азизанд, вале мехоҳам донам, ки аз нигоҳи дини мубини ислом болои фарзанд ҳаққи модар зиёдтар аст ё ҳаққи падар?
Шаҳзод, ш. Панҷакент.

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Вақте ин суолро ба Пайғамбар (с) медиҳанд, эшон се маротиба номи модарро гирифтанд ва баъдан номи падарро гирифтанд. Ин ишора ба он аст, ки эҳтироми модар бештар аст. Вале бародари азиз дар дини Ислом мартабаи падару модар ниҳоят баланд аст ва падар низ дар назди фарзандон мартабаву эътибор дорад.

Беҳуда намегӯянд “Падар розӣ, Худо розӣ”. Дар мавриди эҳтироми падару модар дар шумораҳои гузаштаи “Оила” борҳо навиштаем. Бинобар ин, эҳтироми падару модарро ба ҷой оред, Худованд подоши онро ба шумо хоҳад дод.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД