Arzon march 2024
ҲАЛОЛА ШУДА БЕШАВҲАР МОНДАМ!
9572


Шавҳарам Ниёз сари қаҳру ғазаб ба сарам муш бардошт ва нафаҳмида монд, ки аз забонаш чӣ гуна калимаи се талоқ баромад. Ману шавҳарам ба ҳамдигар ошиқ шуда оиладор шудем.

Дар моҳи авали хонадоршавӣ,якрӯз баногоҳ кунҷкобиам боло шуду телефони шавҳарамро гирифта кофтукоб кардам. Маълум шуд,ки шавҳарам дар Имо бо як духтари дигар сӯҳбатҳои ошиқона мекардааст. Паёмакҳоро хонда сахт аламам кард ва бо Ниёз ҷанҷолро бардоштам. Ӯ бошад дар сари қаҳру ғазаб,ҷавобатро додам гуфт. Баъди гиряву нолаи зиёд ман ба хонаамон занг зада ҳама ҳодисаро ба модару падарам  нақл кардам.

Баъди чанд лаҳза онҳо омада маро бо кучу бандам ба хонаи падариам бурданд. Шавҳарам Ниёз аз кори кардааш пушаймон шуда ба мисли бемориҳои рӯҳӣ,ҳар рӯз ба дари хонаамон омада дар назди  падару модарам гиряву зорӣ мекард,то маро дубора ба ӯ диҳанд. Талошҳои  модарам барои  фаҳмондани он ки баъди се талоқ зиндагӣ кардан мумкин нест,бефоида буданд.

Якрӯз Ниёз маро ба маркази ноҳия даъват карду ба ман маслиҳат дод,ки барои ҳалола шудан ба шавҳар бароям. Ӯ гуфт,ки бо шавҳарат як моҳ зиндагӣ карда ҷудо шав, ман туро дубора ба занӣ мегирам. Ман ба суханҳои шавҳари ошиқу шайдоям бовар карда ба як марди аз худам чанд сол калон хонадор шуда баъди якмоҳ ҷудо шудам ва ба Ниёз занг зада хабари ҷудошавиамро додам. Аз ин кори мо падари Ниёз,ки эшонзода аст хабардор шуда ба шавҳари аввалаам гуфта аст,ки агар зани сеталоқаатро ба ин хона биёрӣ ман туро оқ карда аз хона пеш мекунам.

Баъди ин гапу калочаи кардаи падараш Ниёз дигар ба ман занг намезадагӣ шуд.Чанд рӯз баъд хабар омад,ки падараш ба Ҷалол зани “духтар” додааст.

Ҳоло бошад сару калобаамро гум кардаам. Ҳама ба ҳолам механданд. Якбора ангуштанамои дӯсту душман шуда мондам. Ҳатто дар пеши падару модарам сарамро бардошта наметавонам. Ба умеди шавҳари номардам шуда, аз бахти дубораам ҷудо шудам ва  ҳаётамро дубора бо дастони худам сӯхтам. Ба ман маслиҳат диҳед,ки чӣ кор кунам?

Судобаи бадбахт

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД