35 years of independency
Дару тирезаҳои пластикӣ бо технологияи итолиёвӣ
30.10.2026
Оила
92

Дару тирезаҳои пластикӣ

бо технологияи итолиёвӣ

Дар шаҳри Душанбе корхонаи наве кушода шуд, ки бо истифода аз технологиҳои итолиёвӣ дару тирезаҳои пластикӣ ва аллюмени истеҳсол мекунад.

Маросими ифтитоҳи ин корхонаи нави саноатӣ имрӯз, 30-юми октбяр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сурат гирифта, қайд карда шуд, ки ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тамдид” бо мақсади рушди истеҳсолоти ватанӣ, афзоиши иқтидори саноатии кишвар, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бунёд гардидааст. Корхона бо таҷҳизоти муосири истеҳсоли дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикӣ, ки аз Италия, Туркия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оварда шудаанд, кор карда, дорои чор хатти истеҳсолӣ мебошад. Дар корхона дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикӣ, деворҳои шишагии калонҳаҷм, системаҳои фасадӣ, дарҳои даромадгоҳӣ ва дигар намуди маҳсулоти сохтмонӣ истеҳсол карда мешавад.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин корхона 35 нафар бо кори доимӣ таъмин мегардад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД