formula
Ғанигардонии орди гандумӣ пешгирии бемориҳост
489

 

Дар як сафари омӯзишӣ, ки намояндагони ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла корхонаҳои ордбарорӣ ва бахши хусусӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷалб шуда буданд, бо раванди ғанисозии орди гандумӣ ошноӣ пайдо карданд. Ӯзбекистон дар самти ғанигардонии ғизо, аз ҷумла орди гандумӣ бо минералҳо ва витаминҳо таҷрибаи назаррас дорад.

Иштирокчиён дар рафти шиносоӣ, вобаста ба заминаҳои ҳуқуқӣ, таҷриба, дастовардҳои корхонаҳои ордбарорӣ оид ба ғанигардонии орди гандумӣ дар Ӯзбекистон, хариди микроэлементҳо ва дастгирии корхонаҳои ордбарорӣ маълумот пайдо намуданд.

Ғанигардонӣ орд ва дигар маҳсулоти ғизоӣ, яке аз василаҳои камхарҷи мубориза бо норасоии микроэлементҳо маҳсуб ёфта, яке аз масъалаи муҳими тандурустӣ дар кишвар, аз ҷумла, занону кӯдакон маҳсуб меёбад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бартараф намудани норасоии ғизоӣ якчанд стратегия ва барномаҳои давлативу соҳавиро қабул намуда, таъмини амнияти озуқавориро яке аз ҳадафҳои стратегӣ дар Стратегияи миллии рушди кишвар барои солҳои 2016-2030 муайян намудааст ва Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ ғизои ғанигардонидашуда, аз ҷумла орди ғанигардонидашуда ва равғани растаниро дастрас менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД