Хигиеника
Анор сактаи дилро пешгирию хурмо хотираро мустаҳкам мекунад
621


Аз рӯи миқдори витамин ва моддаҳои муфид анор дар байни тамоми меваҳо ҷойи аввалро ишғол менамояд.

Дар таркиби ин меваи дилкаш ва иштиҳоовар шаш намуд аминокислотаҳои фоиданок, ғайр аз ин, оҳан, натрий, калий, танин ва клетчака фаровон аст. Анор хатари гирифтор шудан ба сактаи дилро кам карда, ҳамзамон бемориҳои саратон, махсусан саратони синаи занро пешгирӣ мекунад.

Табибон ба маризоне, ки омоси саратонӣ доранд ва кимиёдармонӣ гирифтаанд, бештар анор хӯрданро тавсия медиҳанд. Шарбати анор ба кас нерӯи тоза бахшида, асабро ором мекунад, ҳамзамон муқобили шамолкашӣ ва бемориҳои сироятӣ мубориза мебарад.

Хурмо хӯрӣ, боақл мешавӣ?

Хурмо сарчашмаи моддаҳои муфид аз ҷумла клетчатка ва калий буда, антиоксидантҳои дар таркибаш мавҷуд буда, ба майнаи сар фоидаи зиёде доранд. Хурмо хотираи инсонро барқарор намуда, гардиши хунро дар мағзи сар ва тамоми бадан ба низом медарорад. Ин меваи хуштамъ хатари гирифтор шудан ба касалии диабети қанд ва бемории Альцгеймерро пешгирӣ менамояд. Клетчаткаҳои дар таркиби хурмо мавҷудбуда кори системаи ҳозимаро ба низом медарорад ва ҳазми хӯрокро осон мегардонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД