formula
Арабистони Саудӣ ҳоҷиёнро ҳушдор дод!
857

Арабистони Саудӣ ба зоирони Умра тавсия дод, ки бо худашон пули калон наоранд.
Арабистони Саудӣ ба зоирони Умра тавсия додааст, ки ба миқдори зиёд пули нақд ва ашёи қиматбаҳо наоранд. Дар ин бора хабаргузории Al Arabiya иттилоъ медиҳад...

Вазорати Ҳаҷ ва Умра ба зоироне, ки ба Арабистони Саудӣ мераванд, тавсия додааст, ки бо худашон тилло, сангҳои қиматбаҳо ва дар маҷмӯъ ашёи гаронарзиш наоранд. Ҳамзамон, бояд на бештар аз 16 000 доллар (60 000 риёл) пули нақд дошта бошанд.

Масъулин аз ҳоҷиён даъват кардаанд, ки замимаҳои бонкиро аз сомонаҳои расмӣ зеркашӣ накунанд, ба паёмакҳои манобеи номаълум эътибор надода, маълумоти суратҳисоби бонкиро ифшо насозанд ва ба афроди ношинос пул интиқол надиҳанд.

Дар сурати қурбонии қаллобон шудани ҳоҷиён тавсия дода мешавад, ки дар ин бора ба вазорат ё ниҳодҳои дахлдор хабар диҳанд. Пеш аз ин Вазорат дар аввали моҳи март барои қулай шудани зиёрат ва роҳатии ҳоҷиён аз мусалмонон даъват карда буд, ки дар моҳи Рамазон танҳо як маротиба ба зиёрати умра раванд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД