arzon replenishment
ҶАРРОҲИ ОСЕТИН БА ТИФЛИ МАЪЮБИ ТОҶИК УМРИ ДУБОРА БАХШИД
910


Казбек Кудзаев, ҷарроҳи машҳур аз шаҳри Владикавказ, пойтахти ҷумҳурии Осетияи шимолии Русия як кӯдаки нӯҳсоларо, ки зодаи Тоҷикистон мебошад, ҷарроҳӣ карда, ба ӯ умри дубора бахшид. Ҷарроҳони Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар илоҷаи дарди Ясир дар монда буданд...

"Пойҳои Ясер иллати модарзодӣ дошта, як пояш аз пойи дигараш кӯтоҳтар буд. Пои дуюмаш батадриҷ каҷ шуда дар натиҷа, кӯдак дигар роҳ гашта наметавонистагӣ шуд.
Мушкилоти Ясер баъди таваллудаш оғоз ёфта, на масҳ (массаж) ва на дигар навъҳои табобат кӯмакаш накраданд".

Дар ниҳоят волидонаш ба ҷарроҳии гаронбаҳо дар Тоҷикистон розӣ шуданд, вале он ҳам натиҷа надод: як пойи Ясер аз дигараш ҳамчунон кӯтоҳ буд ва каҷшавии пои дуюмаш баъди ҷарроҳӣ суръати бештар гирифт. Волидонаш Ясерро ба Ҳиндустон бурданд, то аз нав ҷарроҳӣ кунанд, вале вазъияти кӯдак ӯ боз бадтар шуд.

“Баъди он ки ҷарроҳӣ дар Ҳиндустон низ кумак накард, модари Ясер гузориши “Бомдод” дар бораи ҷарроҳии як тифли тоҷик аз ҷониби ҷарроҳи осетин Казбек Кудзаевро мебинад. Онҳо зуд ба Кудзаев нома навиштанд ва ӯ розӣ шуд, ки Ясерро барои муоина бипазирад.

Баъди қабул Кудзаев рӯзи ҷарроҳиро муқаррар кард ва дар натиҷаи ин ҷарроҳӣ дар рони рости кӯдак ҳама иллатҳоро бартараф карда, дастгоҳи сохтаи худи Кудзаевро ба бадани Ясер часпонданд. Ҳамзамон Кудзаев ба дарозтар кардани пои чапи Ясер идома дода истодааст”-менависад Бомдод.

Ин бори аввал нест, ки Казбек Кудзаева ҷарроҳиҳои душвори кӯдакони тоҷикро ба дӯш мегирад. Як сол пеш ӯ як духтараки тоҷикро, ки то синни 13 чорғовак роҳ мерафт, ба по рост карда буд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД