sebiston july new
Арӯси кал (қисми9)
2649

Фикр кард, ки шояд ҳардуяшон якҷоя ба ягон ҷо меҳмонӣ рафтаанд ва зери лаб «Беақлҳо, наход одам дар ҳамин шомгоҳ бачаҳои хурдсолро монда дугонабозӣ равад» гӯён, дарҳол ба Машҳура занг зад.

Телефонии занаш хомӯш буд. Хавотир шуда ба духтараш занг зад, вале гӯшакро ҷавоне бардошт. Комрон бо садои аз ғазаб ларзон бонг зад:

-Ту кистӣ? Барои чи телефонии духтари ман дар дасти туст?

Аз он ҷониб ба ҷойи ҷавоб танҳо садои гуд-гуди телефон баланд шуд. Сари Комрон чунон ба дард омад, ки мисли мори захмин намедонист худашро ба куҷо занад. Ба хонаи кӯдакон гузашта аз бачаҳояш пурсид, ки апаю моиндаршон дар куҷоянд. «Аз рӯзе, ки шумо ба сафар рафтед, ҳардуяшон ҳар рӯз то нисфи шаб бедарак мешаванд, баъзан шабҳо ҳам ба хона намеоянд» хабар дод, писарчаи хурдиаш. Ин ҷавоби бачааш ба рӯйи гулхани сӯзони ғазаби мард равғани тоза рехт ва Комрон дандон соида, худро болои роҳаткӯрсӣ партофту бозгашти зану духтари шабгардашро интизор шуд. Дили мардро гургони гуруснаи рашк тала намоянд ҳам, ба ҷуз интизор шудан дигар чора надошт, зеро намедонист, ки бонувони мисли парандаи озод баландпарвозгаштаи хонадонашро аз кадом гӯшаи шаҳр биҷӯяд.

Истинтоқ

Қарибиҳои соати нуҳи шаб дарро кӯфтанд ва Комрон бодбор ба долон давид. Дарро кушода духтараш Марҷонаро дид, ки бо лабу рӯйи пур аз рагну бор ва домони кӯтоҳ ишвакунон банди сумкачаашро дар дасташ бозӣ медоронд. Падарашро дида якбора ранги Марҷона канд, чунки Комрон бояд ду рӯз пас аз сафар бармегашт. Марҷона ба теғи нигоҳи падараш тоб наоварда, нигоҳашро гурезонд ва сархам ба хона даромад. Комрон дари даромадро пӯшида аз банди дасти духтари ларзонаш дошт ва бори аввал дар умраш ба рӯйи Марҷона торсакии обдоре фароварда, фиғон кашид:

-Дарс соати чанд тамом мешавад? Ту то як поси шаб дар куҷоҳо мегардӣ, аҳмақ? Вай сағераи телефонатро бардоштагӣ кӣ буд?

Марҷона саволҳои падарашро бе ҷавоб гузошта, фиқ-фиқ гиря мекард. Комрон дигар маътали ҷавоб нашуда, чолокона телефонии духтарашро кашида гирифт. Дар болои экрани телефони Марҷона акси ҷавони паҳлавонсурате буд. Комрон саҳифаи СМС-ро кушода дид, ки дар як рӯз ба духтараш қариб бист паёмаки ошиқона омадааст. Ғазабаш бештар аланга зад ва аз зери манаҳи Марҷона дошта, истинтоқро оғоз намуд:

-Ин буққа кист? Сурати вай дар телефони ту чӣ кор мекунад? Донишгоҳ хонданӣ меравӣ ё ошиқбозӣ! Гап зан! Гап зан, набошад худи ҳозир саратро аз танат ҷудо мекунам!

-Рустам. Рустам ном дорад. Спортсмен аст. Мегӯяд, ки маро дӯст медорад. Ваъда дод, ки падару модарашро хостгорӣ мефиристад,-ҳамчунон фиқ-фиқкунон гириста, пичиррос зад Марҷона.

-Аз куҷо аст? Падараш чикора аст? Модараш кист?

-Падараш дар бонк кор мекунад. Модараш ба фикрам хонашин аст,- Марҷона тарсидаю ларзида дар бораи хушдораш маълумот дода, иқрор шуд, ки барои ҷашн гирифтани зодрӯзи Рустам ҳамроҳаш ба тарабхона рафтааст.

-Аз ҳамин рӯз эътиборан ту дигар на ба донишгоҳ меравию на аз хона мебароӣ. Қадаматро аз дар ба берун гузоштанатро шунавам, аз худат гила кун,-Комрон бо ангушташ таҳдидкунон Марҷонаро ҳушдор дод ва духтараки китфонаш аз шиддати гиря ларзонро ба хонаи худаш тела дод.

Макри зан-ҷуволи арзан

Машҳураи бешарм шаб ба хона наомад. Қарибиҳои субҳдам хоб зӯрӣ кард ва Комрони дар оташи рашку ғазаб сӯзон ғанаб кард. Ҳамин дам зани таннозаш Машҳура даромада омад. Бо калиди худаш дарро кушода дар погаҳ туфлиҳои шавҳарашро дид ва лабханди заҳролуде карда рост ба хонаи хоб даромад. Комрон ҳатто либосашро иваз накарда, бо ҳамон шиму куртаи сафариаш дар рӯйи рахти хоб ба пушт дароз кашида буд. Машҳураи маккора дар паҳлуи шавҳараш ғелида бо меҳр мӯйи сари Комронро маҳин-маҳин панҷа зад. Мардак аз навоиши пурмуҳаббат бедор шуда, чашмонашро кушод ва дар бараш ҳамсарашро дида, пурсид:

-Соат чанд шуд? Ту шаб то саҳар дар куҷо будӣ?!

-Мардакҷон, фалокат рӯй дод, фалокат! Дугонаи ҷониам Маҳтобхон бо шавҳару се фарзандаш ба садама гирифтор шудааст. Бечораҳо ҳоло дар беморхона дар дами марганд. Дар чунин рӯзи сахт падару модари Маҳтобхонро танҳо гузоштан нахоста, шаб то саҳар ҳамроҳашон дар ҳавлии беморхона шабзиндадорӣ кардам,-баҳона пеш овард Машҳураи маккора ва оҳи сарде кашида, барои муассиртар гаштани суханаш ба гиря даромад.

Комрони гӯлу гаранг ба гапҳои сохтаю бофтаи занаш бовар карда, дар як дам ғазабашро фаромӯш намуд ва Машҳураро ба оғӯш гирифта, тасаллӣ дод, ки зиқ нашавад, Худои меҳрубон албатта дугонаашро шифо мебахшад. Чашмони занаки айёра аз шодии аз об хушк баромадан барқ заданд ва аз баногӯши шавҳараш бӯсида, пичирос зад:

-Шумо бароҳат хоб равед, ман рафта Марҷонаро бедор мекунам, чунки вақти ба дарс рафтанаш шуд.

-Марҷона дигар ба дарс намеравад,-даст афшонд Комрон.

Чаро намерафтааст, дадаҷонаш?

-Ман ӯро хонданӣ фиристода будам, на бачабозӣ,-буғзи дилашро кафонд Комрон.

-Духтаракамон духтари бо ақл аст ва бо ягон бача гап занад ҳам, моро шарманда намекунад. Беҳуда ташвиш накашед,-Машҳура Марҷонаро хеле таърифу тавсиф намуда, ниҳоят Комронро розӣ кунонд, ки барои ба дарс рафтани духтараш иҷозат диҳад.


Ба наздикӣ Фарҳодро бояд бори ҳафтум ҷарроҳӣ намоянд, аммо модари танҳояш дигар имконияти харидани доруву дармон ва табобати писарашро надорад.

 


Доғи номус

Ғамхории ҳамонрӯзаи моиндараш дар сарнавишти Марҷона нақши тақдирсӯзеро бозид. Марҷона то нисфирӯзӣ дарс хонда, сипас ҷониби хонаашон равон шуд. Дар хамгашти кӯча баногоҳ мошини хориҷии сиёҳшишае дар наздаш қарор гирифт ва ронанда сарашро аз тиреза бароварда таклиф кард:

-Духтараки хушрӯ, дамгирӣ намерем? Ҳозир боди ҳавои Варзоб бисёр зӯрай-да!

Марҷона ба гапи ронанда аҳамият надода, роҳашро давом дод, вале се ҷавони ҳузарби дигар аз мошин фаромада, якбора ба вай ҳуҷум карданд ва дар як дам дасту пойҳояшро тоб дода, зӯран ба мошин бор карданд. Марҷона ҷонҳавл доду вой карда, сару рӯйи авбошонро мехарошиду роҳи наҷот меҷӯст, вале аз панҷаи ин гургони дупо халосӣ ёфтан ба вай муяссар намегашт. Сайди сӯр барин дасту по задани духтарак баракс, оташи шавқи шаҳвонии ҷавонони бангиро бештар аланга медод ва дар даруни мошин бадани «байтали маст»-ро ба таври худашон «хорумол» мекарданд…
(Идомаашро фардо соати 21-00 интизор бошед!)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД