35 years of independency
Барби-блогери оқипадар
158
no-img

 

Қисми 3

Зорӣ мекард, ки телефонашро баргардонанд, чунки бе Тик Току Инстаграм вай гӯё мемирад. Борак ба ғазаб омада телефонашро ба Манзура баргардонд ва ба сараш дод зада гуфт, ки дигар ту ба ман даркор нестӣ, аз назарам гум шав, ки дигар афтатро набинам!

Ҳамин тавр ин мард ҳам ӯро мисли саг аз дараш ронд...

 

хххххх

Манзура боз роҳи наҷотро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида, навори нав сабт кард ва хоҳиш крад, ки агар ягон хайрхоҳи хамватан бошад, ба ӯ кӯмак намояд. Як ҷавони афғон, ки блогер ббудааст, бо воситаи вастап занг зада пешниҳод кард, ки агар кор кардан хоҳӣ , биё вомехурем.

Ҷавони афғон, ки Аҳмад ном доштааст, зимни вохӯри дар тарабхона ба Манзура фаҳмонд, ки агар пул кор кардан хоҳад, ин ҷо шабона рақс мекунад ва агар лозим шавад, хизмати мизоҷонро низ бояд кунад.
-Майлаш ман розӣ, -хандида ҷавоб дод Манзура.
-Воқеан мисли лухтаки зебои Барби ҳастӣ, -дасти ӯро бо меҳр байни панҷаҳояш фишурда гуфт Аҳмад.

 ххххх

Манзура акнун шабҳо то саҳар дар клуб рақсида пул кор мекард, баъзан бо мардҳои бегона муносибат ҳам дошт. Пул ҷамь карда як мошин харид. Дар эфирхои мустақим баромад карда мегуфт, ки то тавонед, пули мардонро хӯрда, онҳоро истифода баред, чунки дар ин дунё ягон мард сазовори муҳаббат нест. Ин духтари маккора худро қабрдида нишон додамегуфт: “Ман як мардро сахт дӯст медоштам. Тариқи Тик Ток шинос шудем.Шабе тиловорӣ ва пулҳоямро дуздиду гурехта ба Русия рафт. Аз ҳаимн вақт инҷониб ба ягон мард боварӣ надорам. Ҳамаашон фиребгар ва номарданд. Барои ҳамин ҳоло аз мардҳо қасос мегирам. Чанд кавалер дорам, пулҳояшонро гирифта, онҳоро истифода мебарам. Зиндагӣ ҳамин аст...”

Дар шархҳо баъзе одамони аз асли гап бехабар нисбаташ дилсӯзӣ мекарданд, вале бисӯрихо рафтори ӯро маҳкум намуда, гапҳои бад менавиштанд, аммо Манзураро заррае парво набуд,барьакс, дар ҷавоб боз навор карда, бешармона мегуфт ,ки хейтерхои ман сухта муред...

 ххххх

Шоми ҷумъа буд. Маҳфили шабона дар яке аз клубҳои бошукӯҳи Дубай ба авҷи аъло мерасид. Мусиқии баланд тамоми биноро ба ларза меовард, атроф пур аз нурҳои сурху бунафш ва дуд буд.
​Манзура дар маркази саҳна бо либоси сиёҳи нимауриён ва лабҳои сурхкардааш диққати ҳамаро ба худ ҷалб мекард. Ин духтари худпараст мағрурона телефони қиматбаҳояшро ба баландӣ дошта, пахши мустақим (Live) кушод.
​— Салом, дӯстон. Бинед, Барбӣ дар куҷост ва чӣ тавр кайф дорад,- гуфт бо хандаи баланд ва адоҳои сохта.
​Дар кунҷи экран шарҳҳо бо суръат пайдо мешуданд: Офарин, Ваҳ, чӣ хел зебоӣ, биё шинос шавем Барбӣ.

Силсилаи дилҳо ва лайкҳо мисли борон мебориданд. Манзура аз ин манзара сархуш шуда, бештар ва бештар ҷунбон-ҷунбон мерақсид. Ин лаҳза ӯ фикр мекард, ки тамоми ҷаҳон зери пойи ӯст ва ҳама ба хушбахтиаш ҳасад мебаранд, аммо...

Дар сари мизи VIP марди эроние ва се дӯсти миллионераш нишаста буданд. Онҳо бо заҳрханда ба рақс ва хандаҳои Манзура нигоҳ карда, пичир-пичиркунон сӯҳбат мекарданд.
​— Ин ҳамон Барбӣ бошад ? пурсид яке аз онхо
— Ҳо, худи худаш,- хандид мард ва шишаи машруботро ба пиёла рехт. Барои як навори 15-сониягӣ ва чанд лайк омода аст шарафашро зери по кунад. Бинед, чӣ хел мисли мор рақсида истодааст.
​Ӯ як даста пули нақдро ба дасти пешхидмат дода гуфт:
— Бирав, ба он духтар бигӯ, ки агар омада дар сари мизи мо танҳо барои навор як дақиқа озод рақсад ва аз шишаи шароб нӯшад, ҳамаи ин пулҳоро ба дасташ медиҳам.
​Пешхидмат омада пайғомро расонд. Манзура, даъватро қабул карда, бо хандаи баланд ва нозу ишва ба назди мизи онҳо омад.
​— Обуначиёни азиз, бинед, дӯстони миллионери ман ба ман чӣ сюрприз доранд,- гӯён дурбинро ба тарафи он мард ва пулҳо гардонд.
​Марди маст бо хандаи масхараомез шишаро ба дасти Манзура дод. Манзура бо адову ишва шишаро ба лаб бурд ва дар назди дурбин чунон вонамуд кард, ки гӯё залилтарин нӯшокии ҷаҳонро менӯшад. Вай бо нозу ишва мерақсид ва ҷунбон-ҷунбон худро ба оғӯши марди бегона партофта, қаҳқаҳзанон механдид.
​Аммо ҳамин ки сабти навор ба охир расид ва Манзура тугмаи хомӯширо пахш кард, мард якбора пулҳоро ба кисааш андохт.
​—Ҳакки хизмати мара баргардон, -иддао кард Манзура.
​Мард бо нафрат ба ӯ нигоҳ карда гуфт:
— Кадом пул? Ту фикр кардӣ ман ба як духтари бероҳа, ки номусашро ба телефон фурӯхтааст, пул медиҳам? Ту танҳо барои вақтхушии чанддақиқаинаи мо ин ҷо будӣ. Бас, акнун рафтан гир.
​Мардҳои дигар ба овози баланд хандиданд.

Мард Манзураро оҳиста тела дод, то аз миз дур шавад.
​Шармсорӣ ва таҳқири бераҳмона мисли теғ ба дили Манзура расид ва бо ҳарос ба атроф нигоҳ кард. Одамоне, ки ба ӯ лайк мегузоштанд, дар ин ҷо набуданд, дар атрофаш танҳо онҳое буданд, ба ин духтари ҷавон чун ба як бозичаи беқадр нигоҳ мекарданд.
​Манзура бо кафшҳои баландаш ба самти ҳоҷатхонаи клуб давид. Дари кабинаро аз дарун баст ва ба рӯйи фарши сард нишаст. Ба оина нигоҳ кард, рангу бори чашмонаш аз арақ ва ашки ҷоршуда, рӯяшро сиёҳ карда буд. Мижжахои сунъиаш бетартиб ва пироҳани тунукаш ба танаш часпида, ҳоли хандаоваре дошт.
​Ӯ телефонашро кушод. Дар шабака навиштаҷотҳои нав меомаданд: "Барбӣ, супер! Зиндагии шоҳона дорӣ, хуш ба ҳолат....
​Манзура телефонро ба синааш пахш кард ва бесадо гирист. Ин лаҳза аз хорӣ тамоми вуҷудаш ба гиря даромада буд. Вай акнун фаҳмид, ки ин ҳама хандаҳо, ин мусиқӣ ва ин вақтхушӣ танҳо як саҳнаи дурӯғин буда, паси ин чароғҳои дурахшони клуб, ӯ танҳотарин, бекастарин ва афтодатарин духтари Дубай аст...

(Давом дорад) 

 

 

 

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД