Arzon march 2024
Қарзҳои намозро чи тавр ҳисоб ва адо мекунанд?
20.12.2022
ОИЛА
839


Аз 6-7-солагӣ намоз хонданро шурӯъ карда будам, вале баъди 12-солагӣ дигар намоз нахондам. Ман айни замон 19-сола ҳастам. Фақат худованд медонад, ки аз 12-солагӣ то ҳол чӣ қадар намозро қазо кардаам.

Ба ман гӯед, ки чӣ гуна намозҳои қазоиямро бихонам? Бояд 7 солро қазо хонам ё ягон роҳи дигар дорад?
Суннатулло, ш. Хуҷанд

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Ҳукми қазо доштани намоз фарз аст ва ба ҳамон сурате, ки адо карда мешавад, ҳамон гуна қазои он ба ҷо оварда мешавад. Агар инсон ёд надошта бошад, ки чӣ қадар намоз аз ӯ қазо шудааст, ба ғолиби гумонаш амал кунад ва теъдоди онро муайян намуда, сипас қазои онро ба ҳамон равише, ки адо мекард, ба ҷо орад. Агар дақиқ карда натавонад, ки чӣ миқдор намозро фавт кардааст, дар ин сурат дар ҳама ракъатҳои намозҳои чаҳорракъатӣ пас аз хондани сураи «Фотиҳа» сурае зам кунад, чунонки дар китоби «Хулосатул-фатово», ҷ. 1, с. 191-192 омадааст. Ногуфта намонад, ки ғайр аз намози фарз ва воҷиб дигар намозҳо қазо надоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД