sebiston july new
Ба фолбин бовар кунам?
847


Ман С., аз шаҳри Душанбе ҳастам. Падарамро барвақт аз даст дода, ҳамроҳи модарам дар хонаи бибиям калон шудаам. Баъди хатми мактаб бо ҷавоне шинос шуда, якдигарро сахт дӯст доштем, вале волидони дӯстдоштаам қатъият зидди оиладоршавии мо буданд. Пайвандони дӯстдоштаам ӯро бо дигаре оиладор кардан мехостанд, вале мо ба қароре омадем, ки никоҳ карда, оиладор мешавем. Модару бибиам ҳарчанд маро насиҳат карда бошанд ҳам, вале ман аз фикрам нагаштам ва бо дӯстдоштаам никоҳ кардему зану шавҳар шудем. Волидони шавҳарам аз ин кори мо огаҳ шуда, бо писарашон ҷангу ҷанҷоли зиёд мекардагӣ шуданд. Рӯзе дугонаам ба хонаамон омада, маслиҳат дод, ки ба назди фолбин равем. Вақте ба назди фолбин рафтем, фолбинзан фол кушода, ба ман гуфт, ки наздикони шавҳарам маро чашми дидан надоранду барои ҷудо кардани мо ҳама корро мекунанд. Боз қайд намуд, ки ҳатто фарзанд ҳам наметавонад моро хушбахт созад. Ростӣ, чӣ кор карданамро намедонам. Ба гапи фолбин бовар кунам?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД