formula
БА ШАВҲАРАТ ХУШОМАД ЗАНУ ХУШБАХТ БОШ!
3355


Дар байни мардум ақидае роиҷ аст, ки зан бо гӯшу мард бо чашмаш дӯст медорад. Хонумҳо гумон мекунанд, ки ба мард хушомад задану хушгӯӣ кардан лозим нест, шикамаш серу либосаш шустагӣ бошад, кофист. Аммо равоншиносон бар он назаранд, ки мардҳо на камтар аз занон ба меҳрубонӣ ниёз доранд ва аз забони зани дӯстдоштаашон суханони ширин шунидан мехоҳанд.

Пас аз моҳи асал...
Албатта дар давраи ишқу ошиқӣ ва моҳҳои аввали баъди тӯй мард дар атрофи арӯсаш парвонавор давр зада, рӯзе сад бор садқаву бандаи қаду басти зебояш мешавад, аммо бо мурури солҳо вазъият тағйир ёфта, вақте фаро мерасад, ки зан бояд бештар ба мард хушгӯӣ кунад. Аксари занҳо ба мард хушомад заданро нисбати худ таҳқир мешуморанд, аммо хушгӯӣ кардан ба шавҳар худро паст задан не, баръакс як роҳи мустаҳкам намудани муносибатҳои оилавӣ мебошад.
Дил ёбу қанд хӯр!
Аксари хонумҳо аз он шикоят мекунанд, ки шавҳарашон вақтҳои охир бисёр танбал шудааст ва бо баҳонаи серкорӣ хоҳишашонро нодида мегирад. Хоҳед, ки мард гуфтаҳои шуморо мӯ ба мӯ иҷро кунад, бояд пеш аз не, ки аз шавҳаратон чизе мехоҳед, дилашро гарм созед. Беҳтарин роҳи ба даст овардани дили мард хушгӯӣ кардан аст. Шавҳаратонро таъриф кунед, суханҳои ширин занед, бо меҳр ӯро оғӯш карда, бигӯед, ки то кадом андоза дӯсташ медоред ва ҳаётатонро ҳатто як лаҳза ҳам бе вай тасаввур карда наметавонед. Бовар кунед, марди ҳақиқӣ баъди чунин меҳрубонӣ хоҳиши занро дар замин намемонад, ба шарте, ки суханони шумо аз сидқи дил, самимӣ бошад. Фақат ба хотири ягон манфиат дидан ба шавҳаратон хушомад назанед, чунки мардон табиатан бисёр ҳассос буда, сохтакориро пай мебаранд. Мард, агар ҳис кунад, ки танҳо ба хотири ягон фоида дидан зан ба вай хушомад зада истодааст, дилаш мемонад ва кореро карданӣ бошад ҳам, намекунад, то зан дарк намояд, ки ӯро ҳамчун бозича истифода бурдан мумкин нест...
Меҳнати мардро қадр кунед!
Бисёр вақт ҳангоми муноқиша мешунавем, ки чи хел мард бо тамоми овоз дод зада ба ҳамсараш мегӯянд: “ Ту кӯрнамак, ба қадри корҳое, ки ман бароят кардам намерасӣ!”
Бале, дар ҳақиқат аксари хонумҳо ба қадри меҳнати шавҳарашон намерасанд ва тамоми кӯшишу заҳматеро, ки мард ба хотири оилааш анҷом додааст, нодида мегиранд. Зан гумон мекунад ҳама коре, ки мард анҷом медиҳад, қарзи мардонааш аст ва бояд онро анҷом диҳад. Хатои занон дар он аст, ки бо мурури замон тағйир ёфтани назари мардонро ба зиндагӣ намефаҳанд ё умуман фаҳмидан намехоҳанд. Замона дигар шудааст ва мардони муосир худро барои ҳаёти зан сад дар сад масъул намешуморанд. Марди муосир худро аз касе қарздор намеҳисобад ва вақте барои зан кореро анҷом медиҳад, мехоҳад ҳеҷ набошад, аз забони ӯ як-ду сухани миннатдорона шунавад. Шавҳаратон лампочкаро иваз намуд, қубури обро соз кард ё ягон кори дигари кӯчаро ба анҷом расонд, ҳатман миннатдорӣ баён намуда, таъкид кунед, ки шумо бе ӯ ин корро анҷом дода наметавонистед. “Раҳмат” фақат як калима аст, аммо он метавонад ҳаёти шуморо дигаргун созад. Рӯзе ақаллан як бор ба марди хонадонатон раҳмат гуфта, ӯро таърифу ситоиш кунед, он гоҳ муъҷизаашро мебинед!

Ту хеле зебоӣ, азизам!
Аксари бонувон гумон мекунанд, ки мардон ба зебоии худ умуман аҳамият намедиҳанд, аз ин хотир мардро “ту зебо ҳастӣ” гуфта таъриф кардан аблаҳист, аммо дар асл чунин нест. Мардҳое ҳастанд, ки ҳатто аз намояндагони ҷинси латиф ҳам бештар ба зебоии худ диққат медиҳанд. Худатон андеша кунед, охир ҳар рӯз риш гирифтану оббозӣ кардан ва либоси зебо пӯшидану атрҳои мардона пошидани мард ба хотири чист? Албатта ба хотири он ки зебоияшро ба дигарон, аз ҷумла ба ҳамсараш нишон дода, диққати атрофиёнро ҷалб созад. Эҳтимол шавҳари шумо чандон марди зебо набошад, аммо ӯ ҳам мехоҳад барои ҳамсараш хушрӯй, дӯстдоштанӣ ва ягона бошад. Марди хонадонатон аз маймун баднамудтар бошад ҳам, чунон рафтор кунед, ки ӯ садҳо бор аз ҳунарпешаҳои зебои Болливуду Голливуд зеботар ва дилкаштар аст. Фаромӯш накунед, ки мард мисли кӯдак ниёз ба меҳрубонӣ дорад, агар ин меҳрубониро аз ҳамсараш набинад, онро ҳатман дар ҷойи дигар ҷустуҷӯ хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД