sebiston july new
БАЧАИ НОМАРД МАРО АЗ ИНТЕРНЕТ МЕТАРСОНАД
17.04.2021
ОИЛА
5419

 

Ман яке аз хонандагони ҳамешагии шумо аз вилояти Хатлон ҳастам. Маро мушкиле, ки ба мавзӯи нангу номус алоқаманд аст, маҷбур кард, ки ба шумо муроҷиат намоям.

Бо ҷавоне аз маҳаллаи худамон аҳди ишқу муҳаббат доштем. Ман ба ӯ бовар карда диламро рӯйи кафаш гузоштам, вале он номард мулоқотҳои ошиқонаамонро дар телефон сабт карда будааст. Рӯзе таклиф кард, ки ҳамроҳаш барои «истироҳат кардан» ба меҳмонхона равам, вале ман ин пешниҳоди ҳаромро рад намуда гуфтам, ки намехоҳам номусам доғдор гашта, дар байни мардум шармандаю шармсор шавам. «Боз ту забон баровардӣ а?» гўён, вай маро зери мушту лагад гирифт.

Ошиқи бераҳмам маро нимкушта карда рафту баъди як соат занг заду гуфт, ки ман ҳама вохӯриҳоямонро дар телефон сабт кардаам, он сабтро дар интернет мепартоям, бигзор ҳама хешу таборат бинанд, ки чӣ тавр ту бо ман бӯсобӯсӣ мекунӣ. Таҳдиди ошиқи номардамро шунида ҳуш аз сарам парид. Чанд шабу чанд рӯз аст, ки хоб аз чашмам паридааст. Номусам пок аст, мо танҳо бӯсобӯсӣ мекардему халос, вале агар он номард сабтро дар интернет партояд, ман дигар пок будани худро исбот карда наметавонам. Метарсам, ки ин касофат маро шармандаю рӯсиёҳи ду олам месозад.

Бояд гуфт, ки натанҳо ман, балки чанд духтари дигарро низ ин бешараф бо ҳамин роҳ шантаж карда, обрӯяшонро резонда буд, вале духтарҳои бечора ягон кор карда натавонистанд, чунки ин ҷавон аз оилаи сарватманд аст ва касе пишакашро пишт гуфта наметавонад. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам, ки обрӯям нарезад?

Хонандаи “Оила”, аз вилояти Хатлон

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД