arzon replenishment
Бастани соати тиллоӣ ба мард ҷоиз аст?
28.01.2023
ОИЛА
687


Ҳамсарам ба ман аз Туркия соати тиллоӣ харида овард. Онро ду-се маротиба баста, ба кор рафтам. Вале як ҳамкорам мегӯяд, ки бастани соатҳои тиллоӣ ва соати зарди тиллоранг ба мард ҷоиз нест. Мехоҳам сари ин мавзуъ равшанӣ андозед.
Самариддин, ш. Хуҷанд.

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ:

Ҳамкоратон дуруст гуфтааст. Соати тиллоӣ ба мардон ҷоиз нест. Он барои занон ҷоиз аст, аммо барои мард агар соат аз тилло ва ё тиллокорӣ карда шуда бошад (яъне заркӯбӣ шуда бошад ва ё ба рӯяш оби тилло давонда шуда бошад), ҷоиз нест. Зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:
«Тилло ва абрешим ба занони умматам ҳалол гардонида шудааст ва ба мардони умматам ҳаром гардонида шудааст».
Аммо агар ранги он ба тилло монанд бошад, вале тилло набошад, барои мард беҳтар аст, ки онро истифода набарад, то шаъну шарафи ӯ аз иттиҳоми мухолифат варзидан ба Шариати покиза ҳифз шавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД