formula
Бо нохуни лаккарда намоз хондан равост?
25.04.2022
Оила
2014

Имрӯз аксари бонувон нохунҳояшонро дароз карда, рангу бор мекунанд ва бо ҳамон нохунҳои дарозашон намоз ҳам мехонанд.

Магар нохуни дароз таҳорат ва намозро фосид намесозад? Дар дини ислом бо нохуни дароз рӯйи чойнамоз нишастану бо худо роз гуфтан ва ибодат кардан ҷоиз ҳаст ё не?
Манзура, сокини н. Рӯдакӣ


Посухи домулло Ҷамолиддини Хомӯш
Аслан нохун дароз кардан ва молидани ранг, яъне лак ба нохунҳо барои занони мусалмон хуб нест, зеро ҳангоми таҳорат ва оббозӣ кардан баъд аз хонадорӣ об аз қабати лак намегузарад ва зан ба таври зарурӣ пок намешавад. Дар зарурат бо нохуни дарозе, ки лак молида нашудааст, таҳорат кардан ва ибодат намудан мумкин аст, ба шарте, ки дар зери нохунҳо хамир набошад. Сабабаш дар он аст, ки хамир обро намегузаронад, чирк бошад, обро мегузаронад ва шуста шуда, пок мегардад. Аслан беҳтар аст, ки ҳар як инсон, хоҳ зан бошад ва хоҳ мард, дар як ҳафта як бор, рӯзҳои ҷумъа нохунҳои дасту пойҳояшро бигирад. Мӯйи зери бағал ва зери нофро ҳам тоза кардан лозим аст, чунки худованд покиро мепарастад ва дини мубини ислом низ аз тамоми пайравонаш тозагиву покизагиро тақозо менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД