Arzon march 2024
Бо “путёвка” ба Ҳаҷ рафтан равост?
454


Як дӯстам дар ширкати сайёҳӣ кор мекунад. Ба ман ваъда кард, ки дар мавсими имсолаи Ҳаҷ ба ман “путёвка” ҳадя мекунад. Яъне, ман ройгон имкони зиёрати Хонаи Худоро пайдо мекунам.

Аммо бародарам мегӯяд, ки бо чиптаи ройгон ба Ҳаҷ рафтан мумкин нест. Оё ин дуруст аст?
Саидмурод, ш. Хуҷанд.

Посухи домулло ҷамолиддин Хомӯшӣ

Агар дӯсти шумо билети сафар ё роҳхат - “путёвка” -ро бо роҳи ҳалол ба даст биёварад, масалан аз ҷониби ширкати ҳавопаймоӣ ё сайёҳӣ бидуни дурӯғ гуфтан, ришва додан ё фиребу ҳила ба ӯ тӯҳфа карда шавад, ҳеҷ боке нест, ки онро аз ӯ бипазиред.

Агар онро бо роҳи ҳаром ба даст биёварад, онро қабул накунед ва дар кори ҳаром ба ӯ кӯмак накунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД