arzon replenishment
Ботокс занро зебо мекунад ё аҷуза?
1594

 

Инъексияи амалиёти ботулотоксин ё ботокс ҳанӯз 30 сол қабл дар олами косметология пайдо шуда буд. Вазифаи асосии ин токсин – блокировка, фалаҷсозии махсуси мушакҳо мебошад.

Олимону табибон ин хусусияти ботоксро барои суст сохтани мушакҳои аз ҳад зиёд фаъоли рӯй, ки боиси пайдоиши чину ожанг мегарданд, истифода мебаранд.

Мехоҳед дубора ҷавон шавед?

Бонувони зиёде барои ҳамвор сохтани чинҳои гирди лаб, пешонӣ, рухсора, атрофи чашм, зерманаҳ, атрофи бинӣ ва ғафс кардани лабҳояшон ботоксро истифода мебаранд. Дар баъзе ҳолатҳо ботоксро барои бардоштани кунҷи лабҳо мегузаронанд. Моддаи тавассути ботокс воридгаштаро ҷисм ҳазм намекунад ва дар муддати 14 рӯз баъди гузаронидани ин амалиёт хориҷ мегардад. Таъсири амалиёт вобаста ба саломатии ҳар инсон аз 4 то 12 моҳ давом мекунад. Амалиётро баъди 6 моҳ, ки мушакҳо ба ҳолати аввала бармегарданд, такрор кардан мумкин аст.

Кай ботокс мекунанд?

Амалиёти ботоксро бештар дар чунин ҳолатҳо мегузаонанд:

Асимметрияи лабҳо (шакли нодуруст);

Лабҳои аз ҳад борик;

Чинҳои мимикӣ дар атрофи лаб.

Амалиётро аз синни 18 –солагӣ гузаронидан мумкин аст. Ҳолатҳое мешавад, ки ҳатто дар синни наврасӣ бо баъзе сабабҳо дар пӯсти духтарон чинҳои бармаҳал пайдо мешаванд. Дар ин ҳолат бо маслиҳати табибон ботокс кардан мумкин аст.

Лаби ғафс мехоҳед?

Лабҳои шумо аз ҳад тунук бошанд, ғам нахӯред. Лаби борикро тавассути ботокс ғафс карда мешавад, вале ҳангоми гузаронидани амалиёти ботокс ҳатман ба мутахассиси ботаҷриба муроҷиат кардан лозим аст. Мутахассиси асил бояд литсензия ва омодагии махсус гирифта бошад, то ки тазриқи гузаронидааш ба ҳусну ҷамол ва саломатии шумо таъсироти манфӣ нарасонад.

Дар сурати дуруст гузаронидани амалиёти ботокс лабҳо тарҳи зебо гирифта, ҷаззобу назаррабо мешаванд.

Дар кадом ҳолатҳо ботокс манъ аст?

Мисли дигар дорувориҳои тиббӣ, ботулотоксин низ дар баъзе ҳолатҳо тавсия дода намешавад. Дар сурати дар ин ҳолатҳо худсарона ботокс кардан ин амалиёт метавонад ба саломатии инсон зарар расонад.

Инак, тазриқи ботокс дар ҳолатҳои зерин манъ аст:

Ҳангоми ҳомиладорӣ;

Каҷшавии мушакҳои рӯй;

Яраҳои лаб (шамолкашӣ, табхол);

Лахташавии бади хун;

Ҳомиладорӣ ва давраи синамаконӣ;

Ҳангоми истеъмоли дорувориҳои антибиотик ва баъди 2 ҳафтаи истифодабарии дорувориҳо.

Омодагӣ ба ботокс

Тазриқ чандон кори душвор нест ва мизоҷ ниёз ба моддаи бедардкунанда надорад. Барои кам кардани дард ба мавзеи даркорӣ малҳами бедардкунанда (бо истифодаи лидокаин) молида мешавад. Сӯзани ботокс хеле борик буда, сӯзандору қариб, ки эҳсос карда намешавад. Ғафскунонии лабҳо амалиёти кӯтоҳмуддат буда, аз ним соат зиёд давом намекунад.

Натиҷаи амалиёт кай эҳсос мешавад?

Натиҷаи аввалинро аллакай баъди 3 рӯз эҳсос намудан мумкин аст, дар ин вақт варами ҷойи сӯзандору гузашта, тағйирот дида мешавад. Натиҷаи пурраи ботокс баъди 2 ҳафта назаррас гашта, лабҳо барҷаста ва чинҳо ҳамвор мегарданд. Ин ҳусни сунъӣ аз 4 то 12 моҳ давом мекунад, баъдан амалиётро такрор кардан лозим аст.

Аҷуза мешавед, агар…

Баъзе бонувон то гузаронидани амалиёт ва баъди он тағйироти ҷиддиро эҳсос мекунанд. Дар баъзе ҳолатҳо ҳассосияти зиёд, карахтшавӣ, бо душворӣ талаффуз кардани баъзе ибораҳо сар мезанад, ки сабабаш карахтшавии аз ҳад зиёди мушакҳо мебошад. Чунин ҳолат аз нокифоя будани касбияти мутахассисе, ки амалиёти ботоксро гузаронидааст, дарак медиҳад.

Шумо дар андешаи ботокс кардан ҳастед? Фаромӯш накунед, ки танҳо мутахассиси ботаҷриба метавонад амалиёти ботоксро ба таври лозимӣ амалӣ гардонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД