Arzon march 2024
Боз як ганҷи Бадахшон даргузашт
3437

Дареғи шахсияти миллӣ, дареғи ҷомеаи камшахсият! Ин сатрҳоро журналисти шинохтаи тоҷик Иршод Сулаймонӣ дар ҳақи чеҳраҳои шинохтаи кишвар ва аз дунё даргузаштани онҳо навиштааст.

Дар ҳаққиқат бо хуруҷ шудани бемории коронавирус хабари марги шахсони обрӯманди кишвар зуд-зуд нашр мешавад. Сабаби марг шояд COVID-19 ҳам набошад, аммо бо чунин вазъи хавотиркунанда, ки дар як рӯз чандин сутуни устувори миллат ин дунёро тарк мекунанд, дар соли 2020 рӯ ба рӯ шудем, бахусус 2 моҳи охир.

Ҳанӯз ашки чашмонамон аз хабари фавти профессори забардасти илми забоншиносӣ ва устоди устодони олимони тоҷик Камолиддин Баҳриддин Камолиддинов хушк нашуд, ки боз хабари марги дурдонаи дигари илми тоҷикро шунидем. Ин ҳам шахсияти миллӣ ва донишманди беҳамтои риштаи худ Зуҳур Ёров мебошад. Ин шахс ба андозаи як ниҳоди фарогир ба миллату Тоҷикистони азиз хидмат кардааст.
"Зуҳур Ёров, геологи варзидаи кишвар, яке аз кошифони бештарин конҳову маъданҳои Тоҷикистон, харитаи зиндаи захираву сарватҳои табии кишвар, имрӯз моро барои ҳамеша тарк кард."-навиштааст Иршод Сулаймонӣ.
Ғайр аз коршиноси сатҳи ҷаҳонии риштаи геологӣ будан Ёров, инчунин шоир, адабдӯстор ва фарҳангии равшанфикр низ буд.
То дами марг аз хидматгузорӣ ба миллату меҳан дур набуд ва ба сифати мушовири аршади ТАЛКО масъулона хидмат мекард.
Академики Академияи муҳандисии Тоҷикистон Зуҳур Ёров соли 1938 дар деҳаи Ғуҷовасти ноҳияи Ванҷ дар оилаи деҳқони асил, котиби ҷамоат, яке аз фаъолони ҳаракати колхозии ноҳия Ёрмуҳаммад таваллуд шудааст.
Абдулқодир Алавӣ дар сӯги устод Зуҳур Ёров байтҳои зерро навиштаанд:
Бурдӣ ба дил пур ҳамагӣ конӣ ганҷи Ванҷ, Бо рафтанат устоди азиз гаштаем ба ранҷ. Моро раҳо намуда, бирафтӣ ба кӯи дӯст, Эй кони панду маърифати Ванҷи пур зи ганҷ, Мину муборакат, ба он мулки ҷовидон, Моем, дар ин саройи вуҷудӣ, дар сипанҷ.
"Ванҷ имсол ҳар лаҳзаву ҳар соат фарзонафарзандон ва абармардони худро дорад, аз даст медиҳад, ашк шабу рӯз аз дидагон ҷорист, чи ғазабе дорад, Худованди меҳрубон бо мо, Худоё, аз ту пӯзиш мехоҳем, моро бибахшо!"-қайд намудааст Алавӣ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД