sebiston july new
БӮЙИ ПАДАР (ҚИСМИ 6)
31.10.2020
ОИЛА
3142


ИДОМААШ....

Агар нагузаранд, даюс ҳисоб мехӯранд ва рӯзи қиёмат ҷавобашро медиҳанд». Ана мулло Акбар фирефтаи ҳамин суханҳои нимчамулло гашту ба духтараш чунин рафторро раво дид. Вақте ки  дили ӯ аз ҷангу ҷанҷол хунук шуду  аз баҳри Сайёра гузашт, даруни ҳуҷра, ки дар он ҷо  «устодаш» менишаст, даромада гуфт: «Чӣ хел кардам-ҳа? Ба фикрам кори хубро анҷом додам». Муллои маслиҳатчӣ дар ҷавоб: «Ин беҳтарин кори савоб. Иншооллоҳ, фардо- рӯзи қиёмат ту дар назди Худованд ва расули ӯ азиз мешавӣ, бо ин рафторат мақому мартабаи махсус мегирӣ»-гуфт.

Акбар ба гуфтаҳои ин муллои чалласавод боварӣ дошт. Аз рӯйи маслиҳати вай аз баҳри духтараш гузашт. Занашро ҳам маҷбур кард, ки аз баҳри духтараш гузарад. Ҳамин тариқ, ӯ худро назди мардум шарманда ва назди Худованд гунаҳгор сохт. Ин рафтори ғайриинсонии ӯ нафрати дигаронро ба вуҷуд овард... 

 Баъд аз маросими ақди никоҳ, ки бо ҷангу ҷанҷол анҷом пазируфт, падари Сайёра- мулло Акбар таъкид кард, ки Сайёра дигар ба хонаи ӯ қадам намонад. Ана аз ҳамон рӯзи тӯй то ҳанӯз Сайёра хонаи падарро надидааст, ҳатто рӯйи падарро низ. Бародаронаш дар аввалҳо аз падарашон пинҳонӣ Сайёраро хабаргирӣ мерафтанд, як чӣ ним чӣ ба ӯ мебурданд. Аммо, вақте ки падарашон аз ин кори онҳо хабар ёфт, сади роҳи онҳо шуд. Дигар касе суроғи Сайёра намекард.

Сайёра ҳамон  рӯзи тӯй бо чашмони гирёну дили пур аз ғаму андӯҳ ба хонаи шавҳараш, ба деҳаи Ҳафтчашма  омад. То чанд рӯзи дигар гапу гуфтаҳои падар ба гӯшаш садо медод. Ин рафтори падар майнаи ӯро гич мекард. Лекин меҳру муҳаббат, ғамхориву дилбардорӣ ва матонату мардонагии Диловар ӯро аз ин чанги андешаву бадгумонии падар раҳонид. Аз ҳамон лаҳзаҳо ягона умед, соябон, пушту паноҳи Сайёра Диловар шуд. Ӯ гӯё аз ҳамон рӯзҳо ҳама меҳру муҳаббаташро якҷо ҷамъ карда, ба Диловар ато карда буду дар паноҳи қанотҳои Диловар умр ба сар мебурд…

***

Фирӯза аз қаъри уқёнуси андешаҳо ба хушкӣ афтод. Дигар намехост давоми  он сафҳаҳои пур аз тазодҳо ва талху пуршӯрашро аз нав варақгардон кунаду дарду аламашро дар вуҷудаш шӯронад. Ӯ ҳар боре, ки як рӯзи гузаштаро ба хотир меовард, ашк аз чашмонаш маҷро гирифта, бари рухсораҳояшро шуста мемонд. Нафраташ ба зиндагӣ, ба рӯзҳои гузашта ва ба шахсоне, ки ӯву модарашро азобу азият медоданд, меафзуд. Ҳамин тавр, Фирӯза баъд аз марги падар рӯзеро аз гузаштаи худ ба хотир надорад, ки бо шодиву табассум оғоз шаваду бо ҳамин ба поён бирасад, байни рӯзҳо  ҳеҷ рӯзеро то ҳанӯз ёд надорад, ки барои вай хушҳолӣ оварда бошад, ҳама рӯз, ҳама соату дақиқа дар дили ӯ ғаму дарди нав ба нав зам мешуд…

Фирӯза хӯрокро омода кард. Онро дар лаълӣ бардошта назди хоҳараш Таманно гузошт. Хоҳараш даст ба лаълӣ дароз кард. Як луқма аз таъом ба даҳон бурд, аммо луқмаи дуюмро бе нон хӯрдан нахост. Таманно аз чор гӯшаи дастурхон нон ҷӯст. Вай аз дастурхон ҳатто нонреза наёфт ва  рӯяшро турш карда, ба Фирӯза нигоҳ карду гуфт:

-Ман инро бе нон намехӯрам. Барои ман нон биёред.

Фирӯза ба рӯйи хоҳараш нигариста, чашмони намноки варамашро аз ашк пок карду ҷавоб дод:

-Таманноҷон, ту хӯрдан гир, ҳозир ман нон мепазам.

-Не,  ман бе нон намехӯрам,- ба гиря оғоз кард  Таманно

Фирӯза ба хоҳараш чӣ гуфтанашро надонист, чунки дар хона ягон луқма нон набуд. Ҳатто орд ҳам. Танҳо дар суфра ним коса орд буду халос.

Фирӯза назди хоҳараш Таманно нишаста натавонист. Аниқтараш ба нон гуфта дод задании вай тоб наовард. Дар назараш ин «нонгӯӣ»-и хоҳараш мисли тири пайкон бар ҷигараш мехалид. Аз ин рӯ, Фирӯза аз ҷой хеста ба ошхона даромад ва ба худ гуфт: «Ин рӯз, ин нонгӯиро худам ҳам такрор  карда будам. Офарин ба  модарам! Чӣ тавр ба  доду войи ман тоб меовард?…»

Фирӯза маҷбур шуд ба хотири хоҳараш ним коса орди суфраро, ки ним нон мешуд, бехта хамир кунад. Ӯ хамир кард. Нон пухт. Лекин ин нони пухтаи вай хоҳарашро сер карда наметавонист. Худаш бошад, ба гуруснагӣ тоб меоварду боре ба модараш аз набудани орду равған дар хона хабар намедод. Барои он хабар намедод, ки ба модар раҳмаш меомад. Охир, чӣ гуна раҳмаш наояд, ки  модараш шабу рӯз медаваду маблағи ночиз ба даст меорад ва маблағи ба дастовардаи модар ба иҷорапулӣ, пардохти қувваи барқ ва хӯрду хӯрока басандагӣ намекунад. Модари бечора маблағи ёфтаашро намедонад ба кадоме аз инҳо сарф кунад: пули иҷораи хонаро диҳад, қувваи барқро пардохт намояд ва ё барои кӯдаконаш хӯрока харад? Агар сари моҳ иҷорапулии хонаро надиҳад, соҳибхона аз хона пешашон мекунад…

Ҳамин тавр, Фирӯза дар фикри модар афтод. Вай чӣ аҳвол доштани модарро аз дил гузаронд: «Модарам дар ин рӯзи гарм чӣ аҳвол дошта бошад?  Ӯ хӯрокӣ нисфирӯзӣ хурда, ё не? Ташна аст ё гурусна? Ба фикрам, ӯ ягон рӯз ба хотири мо дар ошхона хӯрок намехӯрад, рӯз то бегоҳ гурусна дар бозор менишинад. Агар мехӯрданд, ин қадар лоғар намешуданд».

 Модари Фирӯза- Сайёра пушти рафи дар ихтиёрдоштаашон рост меистод. Шикамаш ба ёдаш намерасид. Дар ин гармӣ ташнагӣ ҳам ба ӯ ғалаба карда наметавонист.  Вайро гӯё ғаму андуҳи вуҷудаш ҳам ба гармӣ, ҳам ба гуруснагӣ ва ҳам ба сардӣ мутобиқ карда буд. Ғайр аз ин, Сайёра гоҳҳо дар фикру хаёлҳо мисли хаси дар гирдбод афтода дар парвоз мешуд, гоҳо дар куҷо будани худашро фаромӯш карда мемонд.

Ӯ назди сабзавотҳои худ рост меистод. Харидоре ба сӯяш намешитофт. Як бандча кабудӣ фурӯхта наметавонист.

Оромии бозор Сайёраро тез-тез ба сӯйи қуллаҳои фикру хаёлҳо мекашонд, барои ҷустани роҳҳои беҳтари зиндагӣ маҷбураш мекард.  Лекин Сайёра дар ҷустани роҳҳои беҳтари зиндагӣ муваффақ намешуд. Банди хаёлҳои худ ба кадом роҳе, ки мерафт, ӯро рӯзгори мушкилтар пеш меомад. Акнун ӯ намедонист рӯзгорашро чӣ гуна пеш барад. Маблағи каму беши бадастмеовардаашро дар кадом мушкилии худ сарф намояд: барои кӯдаконаш маводи ғизоӣ харад ё маблағи иҷорапулии хонаро пардохт кунад. Вай меандешид, ки агар иҷорапулӣ надиҳад, маблағи вай барои рӯзгузаронии аҳли оилааш шояд кифоягӣ кунад, аммо ҳар сари моҳ маблағи калон ба соҳибхона  додан лозим…

 Сайёраро ҳеҷ рӯзи хуш насиб намегашт. Ӯ дар зиндагӣ ноустуворона гом мегузошт. Орзуву ҳавасе дар дилаш ҷило намедод. Вай танҳо ба хотири ду духтараш дар ин дунё мезист. Ду духтаре, ки ба ҷуз модар касе надоранд, касе соҳибиашон  намекунад, касе ба онҳо нону об намедиҳад. Модар баҳри  шиками онҳо бозорро ихтиёр кардаву дар рӯзҳои сарду гарми зимистону тобистон ба сабзавотфурӯшӣ машғул аст, то қути лоямути худ ва духтаронашро дарёфт намояд.

Сайёра пушти рафи бозор дар ҷояш бадқаҳрона чарх мезад. Ӯ аз  рӯзгори гузаштаи худ ба қаҳр меомад. Дандонҳояшро бо ҳам часпонда ғиҷиррос мезанонд. Гоҳо дастонашро дар манаҳаш гузошта, сукут мекард. Илова бар ин, ҳар гуна ишораҳо низ менамуд. Баъзан ҳолатҳо ҳаракатҳои вай диққати савдогарзанҳои бозорро ба худ ҷалб месохт. Онҳо ба Сайёра бо таги чашм нигоҳ мекарданд, лекин касе аз онҳо ёрои ба вай наздик шудан намекард. Метарсиданд, ки мабодо Сайёра бо онҳо ҷанҷолро бардорад. Дар ғайбаш бошад, фикрҳояшонро иброз дошта мегуфтанд:  «Зани бечора шавҳар надорад, бева аст. Худашро бо духтаронаш аз рӯйи ҳамин кабудиҳояш мехӯронад. Боз бечора иҷоранишин будааст. Касе ба ӯ як дирам намедиҳад. Чӣ қадаре, ки аз ҳамин ҷо маблағ биёбаду рӯзашро пеш барад. Бечора ақаллан як писар медошт,  хеле мушкилиҳояш осон мешуд. Писараш ба вай кӯмак мекард, дар ягон ҷо кор карда маблағ меовард».

Андак вақт гузашту Сайёра даст   аз манаҳ гирифта ба бозуи худ бурд. Дар назараш доғҳои сиёҳи бозӯяш аз нав ба сӯз омаданд. Дарҳол бо панҷаҳояш он доғҳоро хорида монд ва зери дил «лаънат ба ту, лаънат ба ту барин ҷавонмард» мегуфт. Ҳамин тавр, Сайёра худ ба худ оташин шуда, рафтору кирдори бародари шавҳараш Умарро, ки сабаби ҳамаи бадбахтиҳои худ ва пайдо шудани доғҳои сиёҳи тану бозӯяш медонист, пеши чашм овард. 

 ***

Дар раҳу рӯйи деҳаи Ҳафтчашма барф  бо баландии  то ба зону мисли дирӯза мехобид ва он ях карда ба замин часпида буд. Аз обшавиаш  дараке набуд. Чунки имрӯз алангаҳои оташи Офтоб пардаҳои чандинқабатаи ғафси абрҳоро даридаву ба замин гармӣ дода наметавонист. Гарчанде нисфирӯзӣ наздик шуда истода бошад ҳам,  он то ҳол паси  абрҳои тираранг ноаён буд ва ҳатто барои як маротиба ба Замин нигаристан имкон намеёфт. Аммо орзуи мардум ин набуд, онҳо умед доштанд, ки Офтоб (каме ҳам бошад) аз паси абрҳо барояду сардиву хунукиро барҳам занад, барфу яхҳоро каме об ва ҳароратро баландтар кунад. Лекин афсӯс! Ба ҷойи ин  абрҳои тираранг дар дили мардум шубҳаи боридани барфи навро меандохтанд.

Аз дирӯз касе роҳу кӯчаҳоро аз барф тоза намекард. Роҳи сангфарши деҳа зери барф монда, равуои мошинҳо  ба ин роҳ қатъ гашта буд. Агар мошинҳо ба ин роҳ тоб мехӯрданд, дар барф ғӯтида, ҳаракат карда наметавонистанд. Фақат байни роҳи сангфарши зерибарфмонда (аз дур мисли хатти мормонанд менамуд)  аз пайи қадами  одамону ҳайвонҳо пайроҳа шуда буд.   

Шохаву навдаҳои дарахтон рӯ ҷониби замин хам задаву баъзеашон шикаста буданд.  Чунки барфи болояшон аз душашон сабук намешуд, касе ҳам шохаҳоро аз барфҳо тоза намекард. Аҳён-аҳён одамон ёфт мешуданд, ки  шохаҳои дарахтони назди ҳавлиҳояшонро аз барфҳо раҳо  карда,  роҳу роҳравҳои назди ҳавлиҳои худро рӯбанд. Дигарон назди оташдонҳо менишастанд, ба кӯчаҳо намебаромаданд. Бароянд ҳам, ба хунукӣ тоб наоварда, даррав ба хонаҳояшон бармегаштанд.

Сайёра назди ҳавлии худро аз барфҳо тоза мекард ва ин барояш осон набуд, мушкил буд. Албатта, ки дасту пойҳояш аз хунукӣ ба сӯз меомаданд. Қувваташ ҳам барои рӯфтани барфҳо намерасид. Вале ӯ маҷбур буд ҳам корҳои мардона ва ҳам занонаи хонаро худ ба сомон расонад. Чунки  ӯ ба ҷуз Фирӯзаҷон дигар касе надорад ва ба умеди касе ҳам шуда наметавонад.

Сайёра дар ин ҳангом тез-тез курчакро ба замин монда, дастонашро бо ҳавли даҳонаш гарм мекард. Лабу даҳон, биниву рухсораҳояшро ба воситаи рӯймоли кабудранге, ки Сайёра онро чанд қабат тоб дода дар рӯяш баста буд, аз хунукӣ пинҳон менамуд. Намехост дами нафасашро дар ин рӯзи сардӣ кушода монад. Метарсид, ки боз шамол хӯрда бемор нашавад.

Ҳар вақте рӯймо ба аз манаҳаш поён мефуромад, сайёра онро дарҳол боло бардошта, барфрӯбиашро давом медод.

Барфрӯбӣ барои Сайёра аз ҳад зиёд мушкил буд, қариб, ки гиряашро меовард. Барои он мушкил буд, ки барои иҷрои ин кор ҳам қувваташ намерасид, ҳам дар хунукӣ тоб намеовард.  Ӯ ҳеҷ гоҳ ин хел корҳои вазнинро иҷро накарда буд,  соли якум аст, ки  чунин вазифаҳои вазнин ба зиммаи ӯст. Солҳои дигар корҳои вазнини хонаро Диловар ба иҷро мерасонд ва намегузошт Сайёра ба чунин корҳо даст занад. Барфрӯбӣ ҳам вазифаи ҷонии Диловар маҳсуб меёфт. Ӯ баъди боридани ҳар як барфи нав каллапӯш ва дастпӯшакҳояшро пӯшида, назди ҳавлӣ, роҳҳои ошхонаву ҳоҷатхона, гирду атрофи хона ва ҳатто болопӯшҳои хонаву ошхонаро пеш аз ба кор рафтанаш ва ё баъди аз кор баргаштанаш аз барфҳо тоза мекард. Ҳамчунин, бори шохаҳои дархатонро низ. Сайёра бошад, дар ин мавридҳо каме назди Диловар истода, бо ширинзабонӣ сухан мегуфт. Вале баъди андаке ба хунукӣ тоб наоварда, ба хона медаромад ва ҳангоми рафтан ба Диловар таъкид мекард, ки тезтар барфҳоро рафъ кунаду ба хона баргардад.  Фирӯза ҳам дар ин ҳолатҳо назди падараш омада, ӯро маҷбур менамуд, ки дар ин рӯзҳои сарду хунукӣ ба хона дарояд, назди оташдон нишинад ва ин корҳоро ба вақти дигар гузорад. Диловар дар ҷавоб  «майлаш-майлаш, ками дигар монд, духтараки ғамхори ман»,- гуфта, корашро идома медод. Фирӯза баъди чанд дақиқа ба хунукӣ тоб наоварда, боз давон-давон ба назди оташдон мерафт. Каме гарм шуда,  ба назди падараш бармегашт ва ё аз тирезаҳо падарро дар гирду атроф меҷӯст ва бо овози борикаш падарҷонашро ба назди оташдон, ба дохили ҳуҷра даъват мекард.

ИДОМААШРО ФАРДО СОАТИ 21—00 ИНТИЗОР БОШЕД!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД