Торти марминҷонӣ
Маҳсулоти лозима:
2 тухм, 1 ст шакар, 1 ст шир, 1 ст мураббои марминҷонӣ, 1 қошуқча сода, 2 ст орд, 2 ст сметана.
Тарзи таҳия:
Тухмҳоро бо шакар лат занед ва як истакон шир, як истакон мураббо, ду истакон орд, 1 қошуқча содаро илова намуда, хамири тортро омода созед. Аз хамир 2 кулча пухта, дар ҳарорати 180 дараҷа дар тафдон пазед. Кулчаҳоро аз байнашон ба ду қисм ҷудо кунед. Ду истакон қаймоқ (сметана)-ро бо ним истакон шакар лат зада, ба қабатҳои торт молида, тортро каме дар яхдон нигоҳ доред.