Arzon march 2024
БӮЙИ ПАДАР (ҚИСМИ 8)
02.11.2020
ОИЛА
3419


ИДОМААШ.....

Сайёра аз вақти марги шавҳараш Диловар то ҳол, ки қариб якуним солро дар бар мегирад, шиками серашро ёд надорад. Ҳамсояҳо гаҳе ягон қанд ва ё хӯрдании болаззате, ки меоранд, Сайёра онро «барои ягон рӯзи тангӣ» гуфта, барои Фирӯза панаҳ мекарду худаш... Лекин рӯзи ҳамсояҳо ҳам беҳ набуд. Қаҳтиву гуруснагӣ дари ҳар хонаро мекӯфт.

Сайёра бо меҳнати ҳалоли худ рӯзгорашро пеш бурдан мехост. Барои ин ба ӯ ҷойи кор ёфтан лозим буд. Ӯ чанд маротиба ба ҷустуҷӯи ҷойи кор баромаданӣ шуда буд, лекин ҳар дафъа мулло Ҳикматулло аз ин мақсади ӯ хабардор гашта, пеши роҳашро мегирифт. Ба ӯ иҷозати кор кардан намедод. Мегуфт, ки ризқу рӯзии туро Худованд медиҳад, духтарам, ту саргардон нашав. Боз ба Сайёра таъкид мекард: «Барои кор карданат иҷозат нашуд, ту бояд дар хона шинӣ, азоб кашидани туро намехоҳанд». Сайёра ҳангоми шунидани ин гуна суханҳо чун мори дар ғазабшуда дар худ мепечид ва ба дили худ мегуфт: «Эй Худо, ман кӣ дорам, ки аз ғайб тақдири манро ҳал мекунад? Боз ба худам рӯйрост неву ба мулло Ҳикматулло мегӯяд. Охир, падарам аз ман рӯ гардондааст. Диловар дигар дар ин дунё нест. Кӣ бошад, ки аз ғайб нисбати ман ба мулло супориш медиҳад: Сайёра ин тавр накунад, он тавр кунад мегӯяд. Охир, касе бошад, омада мақсадашро бо худам гӯяд»…

Сайёра дастурхонро кофт. Аз он ҳамагӣ як пора нони ҷавини доштаашонро ба Фирӯза овард:

-Гир, духтарам, ин нонро хӯр, ҳозир хӯрок мепазам.

Фирӯза нонро ба даст гирифту ба замин партофт:

-Не, ман ин нонро намехӯрам. Ин нон гулӯямро мехарошад. Ман инро намехӯрам, намехӯрам!,- гуфта аз нав ба гиря шурӯъ карда пойҳояшро рӯйи намад бардошта мешапид.

-Фирӯзаҷон, хайр як дамаки дигар тоқат кун, ҳозир таом мепазам.

-Ман гурусна намешинам. Ба ман нон биёр, нони сафед. Падарам ҳеҷ гоҳ ба мо ин хел орд намехарид. Ордҳои харидаи вай нони сафед мешуданд. А- ҳозир бошад-чӣ? Ту ба ман нонҳои гулӯхарош медиҳӣ. Сукҳои он   гулӯямро ярра мекунанд.

Гарчанде ки Сайёраро дасту почааш аз гуруснагӣ ларзад ҳам, аз ин нонгӯии Фирӯза аз шиками худаш фаромӯш кард. Ба «нонгӯӣ»-и духтараш тоб оварда натавонист. Ин овози духтар гӯё дилу ҷигарашро харошида меканд, вуҷудашро ба ларза меовард. Аммо ӯ маҷбур буд ба ҳама мушкилиҳо тоқат кунад ва то нафаси охирин дар зиндагӣ мубориза барад.

Сайёра дегро болои оташдон гузошт. Хост ягона буду шуди хонааш, ним коса наскро, ки онро мулло Ҳикматулло барояшон оварда буд, наскҷӯшак намояд. Зеро дигар дар ин хона як дона арзан ёфт намешуд. Ҳатто ҳамсояҳо ба ӯ ин ҳафта чизе наоварданд. Мулло Ҳикматулло ҳам.

Садои дарвоза баромад ва аз омадани касе хабар дод. Ин садо ба гӯши Сайёраву Фирӯза расиду Сайёра хурсанд шуд. Барои он хурсанд шуд, ки ба гумонаш мулло Ҳикматулло ё ягон ҳамсояи дигар дар ин нисфирӯзӣ барои онҳо хӯрдание овардааст. «Худо хуб аст, ки мулло Ҳикматулло ё ягон ҳамсоя бошаду ақаллан як тика нон биёрад»,- аз дил гузаронид Сайёра ва каме аз ин умед қувват гирифт .

Сайёра ба пешвози меҳмон ба таги долон баромаду яку якбора симояш тағйир ёфт. Чунки ӯ аз чунин шахсонеро, ки интизорашон буд, надид, балки шали Умар, бародари шавҳараш ба чашмаш бархӯрд, ки лангон-лангон ба сӯяш бо рӯйи турш меомад. Ӯ ду қавоқашро накушода, ба қаҳр қадам мезад.

Умар марди қадпасти лоғар буд. Афту андомаш бисёр турш менамуд. Лабони ғафси кашол-кашол, дандонҳои каҷукилеб, чашмони кабуди гирди калон-калон ва рӯйи борики дароз дошт. Устухонҳои зери пӯсти вай ва рагҳои ду тарафи гарданаш аз чанд қадам дуртар намоён мешуданд.

-Биё, биё, хуш омадӣ, ака,-гуфт Сайёра, бо вуҷуди он ки бо дилу нияти ғаразнок омадани вайро медонист.

Умар ба рӯйи Сайёра нигоҳи кӯтоҳи ғазаболуде карду ба долон наздик шуда гуфт:

-Ман туро аз кай боз мегӯям, ки сағераатро гирифта аз ин хона дафъ шав-ҳа, аз кай? Як сол зиёд мешавад, ки туро огоҳ кардам. Гуфтам, ки ҷоятро ёфта, хонаро холӣ кун. Ту бошӣ чӣ? Баҳузур лингора дароз карда нишастаӣ.

-Ин хонаи худам, ба ҳеҷ куҷо намеравам. Ту ба ин фикрҳоят хотима гузору аз ҳавлиям баромада рав,-эътироз дошт Сайёра.

-Э аблаҳ, шавҳарат мурду ин хона аз они ман шуд. Акнун, вақте ки шавҳарат нест, ту ҳам бояд инҷо набошӣ. Баромада дафъ шав. Ба хонаи падарат рав. Ин хона хонаи ман аст.

-Ин хонаи худаму духтарам аст. Инро Диловар бо пули худаш сохта буд, фаҳмидӣ? Ман ба ҳеҷ куҷо намеравам. Хонаамро ба ту намедиҳам.

Умар ғазабноктар шуд ва ба долон баромаду аз мӯйҳои зери рӯймоли Сайёра дошта, ӯро лагадкӯб кард. Чанд мушту лагад ба сару танаш зад.

Аз зарби мушту лагади Умар Сайёра аз долон ба ҳавлӣ , рӯйи ҳамон барфҳои рӯфтааш афтид. Лекин ӯ дуюмбора муқобилат нишон додан нахост ва аз ҷояш низ нахест, балки сари худро бо дастонаш дошта, сарашрро рӯйи зонуҳояш монда, гиря мекард. Зӯраш ба гиря мерасид. Бе ин ҳам агар аз ҷояш хезаду ба шали Умар боз муқобилият нишон диҳад, ҳолаш бадтар мешавад. Инро худаш нағз медонад. Вай медонад, ки шали Умар ба ҳеҷ кас раҳм намекунад. Аз ҳамин сабаб хапу хомӯш монд, дигар ҳатто ба Умар дашном намедод. Аммо қаҳру ғазабаш то рафт авҷ мегирифт. Ӯ аз қаҳру ғазаб гаҳе бо дастони лоғараш мӯйҳо ва гаҳе пораяхҳои ду тарафашро сахт мефишурд. Аламаш ҳам дучанд меафзуд ва аввалин маротиба худро хеле бе қувват, бе пушту паноҳ, оҷиз ва чун хаси рӯйи роҳ беарзиш меҳисобид. Боз аз дил мегузаронд, ки ҳам Умар ва ҳам худашро қатл кунад, лекин Фирӯза пеши чашмаш омад. Агар ӯ ин корро анҷом диҳад, ҳоли Фирӯза чӣ мешавад, ӯро кӣ нигоҳубин мекунад?

Сайёра ба куҷо ва ба кӣ дод гуфтанашро намедонист. Агар ин лаънатии Умар ӯро аз хонааш пеш кунад, ӯ дар адир мемонад. Маҷбур мешавад бо Фирӯза шабу рӯзашро дар кӯчаҳо гузаронад. Лекин дар ин рӯзҳои сарди зимистон як шаб ҳам тоқати дар кӯчаҳо хобиданро надоранд. Мабодо шабе дар кӯча монанд, ях карда ҷонашонро аз даст медиҳанд.

Садои ҷанҷол ва доду войи модар ба гӯши Фирӯза расид. Фирӯза саросема аз ҳуҷра берун шуда, модарро дар ҳавлӣ бо сару даҳони хуншор дид ва хеле дар воҳима афтод. Ҳатто ҳаракат карданро фаромӯш кард ва дар ҷояш чун муҷассама шах шуда монд.

Шали Умар палтои бурашро аз тан кашида, ба ин тарафу он тараф давр мезаду ба Фирӯза, духтари бародараш нигоҳ намекард, гӯё ӯро намешиносад. Ҳатто ашкҳои бари рӯхсораҳои Фирӯза дар дили Умар заррае раҳму шафқатро намеовард.

Чун Умар ба ҳуҷра даромад, Фирӯзаи хурдсол давон-давон омада, худро паҳлуи модар гирифт. Бо панҷаҳои хурд-хурди беқуввату нозукаш сари модарро сила мекарду аз ин аҳволи модар аламаш меомад. Оби чашмашро манъ карда наметавонист. Ҳамин тавр, дар дили саршор аз ғуссаву ғами Фирӯза ашки бари рӯй, бо алам гиристани модар андуҳи дигареро зам мекард,   дилаш пора-пора мешуд ва баробари модар ашк мерехт. Вай пай бурда буд, ки модарашро амакаш ба ин аҳвол оварда расондааст.

Як дам нагузашта буд, ки аз дохили хона садои дашному ҳақорат баромад. Умар баланд-баланд дашном мекарду лоқу пари Сайёраро ба ҳавлӣ ҳаво медод. Ин рафтори амак боз тарси Фирӯзаи хурдсолро бештар кард. Мисли ҳамон шаби ниқобпӯшҳо ба хонаашон даромадан ва падаршро бо худ бурдан. Вай аз он метарсид, ки амакаш боз ба модараш дармеафтаду модарашро зинда намемонад. Аз ин рӯ, аз дасти модар гирифта мекашид, ки модар аз ҷояш хезаду аз ҳавлӣ гурехта раванд.

Умар дар асл хислатҳои бадтарини инсонӣ дошт. Ба касе раҳму шафқат намекард. Бештар манфиати худашро фикр карда, амал менамуд. Барои манфиати худ дигаронро фиреб ва ба дом меандохт, ҳатто зери таҳдиди худ қарор медод. Агар ба касе зӯраш мерасид, онро фишор наоварда намемонд. Ин хислатҳои бади ӯро ҳама мардуми деҳа медонистанд.

Дарвоза боз шуд. Он аз омадани касе бори дигар хабар дод. Сайёраву Фирӯза чашмони намнокашонро ба ҷониби дарвоза бастанд. Онҳо мулло Ҳикматуллоро диданд, ки дар тан ҷомаи сиёҳ ва дар сар салла ва дар пойҳо кафшҳои резиниву маҳсӣ тарафи онҳо меояд. Аз дидани мулло дар тани модару духтар гӯё хуни гарм давид, умеде чун оташи ногаҳонӣ дар дилашон пайдо шуду ба аъзои баданашон гӯё гармӣ овард. Аз дил гузаронданд, ки акнун мулло ба доди онҳо мерасад, мушкилоташонро осон менамояд. Охир, ҳеҷ кас аз мардуми деҳа аз хатти кашидаи мулло намебарояд-ку. Ҳар касеро чӣ фармону супорише, ки диҳад, ба иҷро мерасонад. Мардум ӯро аз рӯйи суханҳои ширин ва ақлу донишаш ҳурмату эҳтиром менамоянд. Ғайр аз ин, аз даму дуои мулло метарсанд. Мегӯянд, ки агар муллоро ранҷониву дуоят кунад, ҳатман ба ягон бало гирифтор мешавӣ. Маҳз аз ҳамин сабаб Фирӯзаву Сайёра умед бар он доштанд, ки агар мулло мусоидат кунад, шали Умар ҳатман хонаро тарк мекунаду ба онҳо дигар кор намегирад.

Фирӯза аз омадани мулло шод шуд. Каме тарсу ҳарросаш рафъ гардид. Дигар боварӣ дошт, ки мулло Умарро аз хона пеш карда натавонад ҳам, ӯро намегузорад ба модараш даст дароз кунад, ӯро занад.

Мулло чун аҳволи Сайёраву Фирӯзаро, ки мисли латтаи фарсудашуда менамуданд, дида дар ҳайрат афтод. Ба дили худ гуфт: «Ба ин парандаҳои қанотшикаста чӣ шуда бошад?» Ӯ каме дигар наздиктар шуд ва нисфи лоқу пари Сайёраро дар долону ҳавлӣ дид.

-Духтарам, чӣ гап аст, тинҷӣ ҳаст?,-гуфт муллову суханашро давом дод,- Аз кӯча мегузаштам, ки садои тарақу парақи ашёҳо ва дашному ҳақоратро шунидам. Гуфтам як сари қадам аз ҳолатон хабар гирам… Чӣ гап аст, охир? Хона баровардаӣ ё ягон гапи дигар шуд?

Сайёра аз ҷояш намеҷунбид. Гӯё   забонаш аз фармонаш баромада бошад, ба саволи мулло ҷавоб надода, гиряашро давом медод?

-Духтарам, охир гап зан, чӣ ҳодиса рух дод?

Ин дафъа Сайёра бо овози ғиҷовагирифта ҷавоб дод:

-У-умар!

-Чӣ Умар? Умар чӣ кор кард?

-М-моро аз хона-амон пеш карда истодааст.

Мулло аз ин сухани Сайёра ҳайрон шуд ва гиребонҳояшро дошта ба тавба кардан пардохт. Охир чӣ тавр тавба накунад, ки ба монанди шали Умар ваҳшиёни одамсурат дар ҷомеа ҷой доранду мардумро, ба қавле рӯз намедиҳанд. Магар ин рафтори Умар аз рӯйи ақлу хиради одамӣ аст? Ҳатто ваҳшитарин ҳайвонҳо аз ин хел корҳо дурӣ меҷӯянд.

Мулло оташин шуд. Ба ин рафтори шали Умар нафраташ омад ва ба сӯи ӯ, ба дохили ҳуҷра қадам монд.

-Умар!,-гуфт мулло

Умар аллакй омадани муллоро фаҳмида буд. Аз ин хотир ба пасаш нигоҳ накарда ҷавоб дод:

-Ҳа, чӣ мегӯӣ, бобои мулло?

-Ту чӣ кор мекунӣ? Айбу шармро намедонӣ?

-Чӣ кор кунам, мулло?!

-Чаро зану фарзанди бародаратро аз хонаашон пеш мекунӣ?

-Бас аст, акнун. Ҷояшонро ёбанд. Қариб якуним сол дар ин хона роҳашон додам. Ин хонаи ман аст.

Ин дафъа мулло худашро дошта натавонист. Мисли пештара мулоим сухан нагуфт. Баръакс, дағалона ба Умар рӯ овард:

- Бас кун-е ин номаъқулиатро. Ту чӣ хел мусулмонӣ? Наход ту зану фарзанди бародаратро аз хонаи худашон пеш кунӣ. Боз дар ҳамин рӯзҳои сарди зимистон. Онҳо як шаб дар кӯча монанд, медонӣ чи аҳвол ба сарашон меояд? Мемуранд! Охир, фарзанди бародарат фарзанди худат ҳисоб мехӯрад. Айбу шармро дон. Аз Худо тарс! Ин бечораҳои бекасу танҳо ба куҷо мераванд. Дар ин солу замона онҳоро кӣ меғунҷонад. Дар асл нигоҳубин, хӯрду хӯроки онҳоро ту бояд ба зимма гирӣ. Лекин ту чӣ кор карда истодаӣ? Ба ҷойи онҳоро нигоҳубин кардан, аз хонаи худашон пешашон мекунӣ. Боз дар ҳамин фасли сармо.

-Гӯш кун, мулло! Дар гӯши ман ин қадар афсона нахон. Гӯё мо ба қадари ту намефаҳмида бошем. Ба кадом роҳе омадӣ, ба ҳамон роҳ баргард.

Мулло оташин шуд. Ончунон ба ғазаб омад, ки манаҳаш аз қаҳр меларзид. Дигар ба ин бефаҳм чӣ гуфтанашро намедонист.

- Ту ҳам «гургро дар овмурӣ ёфтӣ». Онҳоро пеш карданӣ будӣ, чаро дар гармӣ, дар тобистон неву дар ин зимистон пеш мекунӣ? Ё ту аз ранҷу азоби онҳо ҳаловат мебарӣ? Мон, ақаллан то тобистон дар хонаашон истанд.

-Э, корат чӣ. Ҳар вақте хоҳам, пеш кардан мегирам. Рафта аз паси намозу рӯзаат шав. Ту ба ин корҳои ман чӣ кор дорӣ?!

-Э, аблаҳ, ин ҳаққи ҳалоли Сайёраву Фирӯза аст. Ин хона ба ту насиб намекунад, номусулмон!

Умарро суханҳои мулло таъсир намекард. Корашро давом медод. Боре ба ҳоли зори Фирӯзаву модараш наменигарист. Ба онҳо раҳмаш намеомад. Боре ҳам ба худ суол намедод, ки дар кадом асос хонаи бародари раҳматиашро аз дасти зану фарзанди ӯ кашида мегирад.

Мулло Ҳикматулло акнун дарк кард, ки суханонаш ба Умар таъсире намекунанд ва Умар аз ин мақсадаш даст намекашад. Аз ин рӯ, мулло маҷбур шуд ба қафо баргардад. Лекин худашро ором карда наметавонист. Охир, чӣ гуна худро ором кунад? Ҳолу аҳволи Сайёраву Фирӯза ашкро аз чашмони ҳар бинанда начаконда намемонд. Нафрати касро ба рафтори Умар меовард.

Мулло ба сарзаниши Умар сар кард. Аз ғазаб чи гапи пастобаланде, ки ба даҳонаш меомад, гуфтан гирифт. Боз дуо ҳам мекард, лекин Умар ҳам хомӯш намемонд. Вай ҳам муллоро дашном медод.

-Худовандо, ҳамин хона насибат накунад. Аз ҳамин хона соқу саломат набароӣ. Омин, Оллоҳу Акбар,- мулло ин гуфту дасти дуо бар рӯй кашид ва аз ҳуҷра баромада дар айвони хона расида буд, ки овози Умар баланд шуд:

-Мулло, «бо дуои кӯрмуш ҳаво намеборад!»

ИДОМААШРО ФАРДО СОАТИ 21—00 ИНТИЗОР БОШЕД!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД