arzon replenishment
Чаро чашм мепарад?
4157

Чаро чашм мепарад?

Чашмам рӯзҳои охир тез-тез мепарад. Модарам мегӯянд, ки эҳтиёт шав, паридани чашм хосияти хуб надорад. Чашми инсон парад, ба сараш ягон фалокат ё нохушӣ меояд. Ин гуфтаҳо аз нигоҳи тиббӣ ягон асос доранд ё не? Чаро баъзан қавоқи инсон мепарад?

Ҷавоб

Шахсоне, ки аз илми тиб бехабар ҳастанд, паридани чашмро фоли бад дониста, бо сар задани ягон ҳодисаи нохуш рабт медиҳанд. Дар байни мардум на танҳо дар бораи паридани чашм, балки оид ба дигар ҳолатҳои табиии ҷисми инсон низ чунин андешаҳои ғалат хеле бисёранд, масалан мегӯянд, ки агар гӯш хорад, хабари фарзанд таваллуд намудани занеро мешунавӣ. "Нагуфта будам, ки гӯшам мехорад, ана фалонӣ соҳиби фарзанд шудааст" ҳангома карда мегӯянд занҳои калонсол ба ҷавонон. Нодуруст будани ин ақидаҳоро илми тиб кайҳо собит намудааст. Паридани чашм, хоридани гӯшу бинӣ ва дигар ҳолатҳое, ки мо мушоҳида менамоем ба барангезиши мушакҳо дар ҷисм алоқамандӣ дорад. Ин ҳолат бештар вақти ранҷидан, қаҳру ғазаб ва ҷаҳлу якравӣ ба мушоҳида мерасад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД