formula
Чаро кӯдак месулфад?
13.03.2022
Оила
993

 

Бофаро расидани фасли баҳор шикоятҳои волидон дар боби сулфа шудани кӯдакони хурдсолашон меафзоянд. Барои ба кӯдак ёрӣ расонидан пеш аз ҳама намуди сулфаро муайян кардан лозимаст, чунки самаранокии табобат маҳз аз ҳамин чиз вобастагӣ дорад.

Намудҳои сулфа

Сулфа дунамуд мешавад: хушк ва балғамдор.

Сулфаи хушк бебалғам буда, решааш дар қисмати болоии роҳҳои нафас мебошад.

Сулфаи балғамдор бар асари шамолкашӣ ва ҷамъ шудани балғам оғоз ёфта, вақти сулфидан қафаси сина дард мекунад. Организм аз балғам тоза шавад, ҳоли кӯдакрӯ ба беҳбудӣ мениҳад.

Таъкид карданием, ки фарқ кардани сулфаи хушк аз балғамдор чандон осон нест, зеро дар баъзе ҳолатҳо балғам ниҳоят ғафсбуда, сараввал чунин менамояд, ки кӯдак ба сулфаи хушк гирифтор шудааст. Аз ҳамин сабаб ба шакли сулфа диққат додан лозимаст.

Сулфаи хушк чӣ хатардорад?

Аксари волидон ба сулфаи хушк чандон аҳамият намедиҳанд, зеро боварӣ доранд, ки агар кӯдак балғам надошта бошад, сулфиданаш чандон хатарнок нест, вале дар асл чунин нест. Вақте ки кӯдак ба сулфаи хушк гирифтор мешавад, гулӯяш сахт ба хориш медарояд. Ҳарқадар бача бештар сулфад, хориш ҳамон андоза зиёдтар шуда, кӯдак қариб нафасгир мешавад. Дар натиҷа бо ҳар як хурӯҷи сулфа илтиҳоби пардаҳои луобии гулӯ бештар шуда, ҳолати кӯдак торафт вазнинтар шудан мегирад.

Модар бояд чӣ кор кунад?

Кӯдак ба сулфаи хушк гирифторшуда бошад, ба ӯ тез-тез шири гарми бо маскаю асал омехта шуда додан лозимаст. Хубаш дар он аст, ки ин давои ширинро кӯдакон бо камоли майл менӯшанд. Шир ва асал барои шамол кашӣ давои беҳтаринанд, равғани маска бошад, хориши гулӯро мегирад ва ҳоли кӯдак ба зудӣ рӯ ба беҳбудӣ мениҳад.

Сулфаи балғамдор нишонаи чист?

Сулфаибалғамдорметавонаднишонаи як қаторбемориҳоиҷиддӣбошад, кибаъдтар дар бораашонмаълумотимуфассалмедиҳем. Айни замонтанҳоҳаминротаъкидкарданием, ки ин шабурӯзҳобосабабирӯзонагармушабонахунукбуданиҳавоаксарикӯдакон ба зукомгирифторшудамесулфанд, агарфарзандонишумоҳамшамолхӯрда, сулфашудабошад, метавонедбороҳҳоихеле сода ваосон ба ӯ ёрӣрасонед.

Пеш аз ҳамабоядбидонед, кисулфа-ин реаксияиҳимоятииҷисм ба бемориҳост, бинобар ин, кӯшиш кардан лозимаст, кибалғамҳарчизудтар аз ҷисмикӯдакберуншавад. Балғамтунукбошад, ба зудӣкандамешавад, вале халосшудан аз балғамиғафсучаспакосоннест, бинобар ин, коре кардан лозимаст, кибалғамтунукшуда, ҳарчӣзудтар аз ҷисмикӯдакхориҷшавад. Барои ин чӣбояд кард?

2- роҳихалосӣ аз сулфавабалғам

1. Ҳавоисалқинванамнок

Барои аз балғамзудтархалосшуданкӯдакбояд дар хонаиҳавояшсалқинванамнок (влажний) қарордоштабошад, бинобар ин, манзилихудро аз ҳадзиёдгармнакунед. Ҳарорати хона боядҳамагӣ 18-20 дараҷабошад. Ҳавотозакунак (увлажнител) надоштабошед, метавонедсачоқвалибосҳоитарро дар хона овезонкунед. Ҳавоихонаро дар як рӯз 4-5 бор тоза кардан лозимаст.

2. Нӯшокиизиёд

Барои он кибалғамтунукшавад, ба тунукшуданихунмусоидат кардан лозимаст. Дар ин кор ба шумонӯшокиҳоёрӣмерасонанд. Метавонедба фарзандатон тез-тез оби ҷӯшомада, чойигармваё компоти аз меваҳоихушктайёршуда ( як литр дар як шабонарӯз) нӯшонед. Боваркунед, таъсири ин нӯшобаҳо аз баъзедоруҳое, ки аз дорухонамехаред, бештараст.

Сулфанишонаикадомбемориҳост?

Тавре ки дар оғозгуфтем, сулфаметавонаднишонаибемориҳоиҷиддӣбошад. Ба тарзисулфиданикӯдакдиққатдода, пай бурданмумкинчӣӯроазобмедиҳад. Инак, диққатдиҳед:

Зукомва ОРВИ-кӯдакмесулфад, атсамезанад, биниашмаҳкамаст, гулӯяшдардмекунад, аз чашмаконаш об мешорадватаббаш аз 37 то 39% баланд мешавад.

Илтиҳоби найчаи шуш (бронхит)-кӯдакбошиддатмесулфад, нафасгириашдушворшуда, бисёрарақмекунад, таббашхеле баланд шуда, ба зудӣнамефарояд. Ин беморӣкӯдакрокамҳолвабеҳаракатмекунад.

Астма- кӯдакхелесахтмесулфадвачунин ба назармерасад, киҳавобарояшкамӣ карда, нафасгиршудаистодааст. Вақтинафаскашӣ як садоихоси ба ҳуштакмонандмебарорад.

Илтиҳоби шуш (пневмония)- сулфаибалғамдорудардкарданиқафасисинаҳангоминафаскашӣ, кӯдаккамҳаракатшуда, нафасгириашторафтдушвортармегардад. Таббитифл то 38-40 дараҷа баланд мешавад.

Круп- кӯдакпуҳ-пуҳ кунон месулфад ва тез-тезу чуқур-чуқур нафас кашида, як садои ҳуштак монанд мебарорад. Овозаш гирифта, ҳиррос мезанад. Таббашгоҳ баланд шуда, гоҳ мефарояд. Дар ин ҳолат кӯдакро фавран ба беморхонаи касалиҳои сироятӣ бурдан лозим аст, чунки круп бисёр бемории хатарнок буда, дар сурати бепарвоӣ метавонад бо иси нафасгир шудан ва ҳатто марги кӯдак гардад.

Сулфаи кабуд (коклюш)-сулфаи хушк бо садои ҳуштак монанд, обравӣ аз бинӣ, дилбеҳузурӣ ва сурх шудани рӯйи кӯдак. Маъмулан табби тифли ба коклюш гирифтор то 37-37, 6 дараҷа баланд мешавад.

Тавре кимебинед, бемориҳое, ки номбар кардем, баъзе нишонаҳояшон ба ҳамдигар монандӣ доранд, бинобар ин, агар сулфа дар муддати ду ҳафтаи табобат бо доруҳои маъмулии зидди балғам ва сулфа гум нашавад, ҳатман кӯдакро ба духтур бурда, аз ташхис гузаронед.

Муассисаи давлатии Маркази

ҷумҳуриявии илмию клиникии

педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона,

Юнусбаева М.Ш.,

роҳбари кӯдакони хурдсол

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД