formula
Ихтирои нави олимон
6603

Олимони Амрико аз ширкати Srorrento Therapeutics дору (антитела) – и, ба гуфти онҳо 100% коронавирусро табобат кунанда, пайдо кардаанд. Дар ин бора Fox News хабар медиҳад. 

Аз рӯи маълумоти ин сарчашма мутахасисон миллиард антителаро омухта, дар миёни онҳо беш аз садторо пайдо кардаанд, ки метавонанд ба коронавирус таъсир расонанд. Онҳо дар ин миён даҳҳо антителаро интихоб намуданд ва ба омӯзиши онҳо шурӯъ намуданд. Яке аз онҳо STI -1499 – будааст, ки 100% клеткаҳои инсонро аз заҳролуд шудан бо коронавирус наҷот медиҳад. Мутахасисон менависанд, ки он вирусро ба иҳота мегирад ва дар давоми чор рӯз аз бадани инсон берун месозад.”Ин дору роҳи табобати ин бемори аст”- мегӯяд духтур Генри Ҷӣ, асосгузори ширкати Srorrento Therapeutiсs. Ин тарҷриба дар шароити лобороторӣ гузаронида шудааст. Ба ин хотир ширкат то ҳануз иҷозат барои истеҳсоли он нагирифтааст. Доктор Ҷӣ мегӯяд, ки ба шарофати ин дору карантинро дар тамоми кишварҳои дунё метавон бекор кард.
15 май роҳбари Агентии Федералии тиббӣ - биологии Россия Вероника Скворцова изҳор намуд, ки доруи зидди малерия мефлохин аз рӯи тадқиқоти то клиникӣ нишон дод, ки қодир аст дар давоми 48 соат (аз вақти гирифтор шудан) коронавирусро пурра аз байн барад. Аз рӯи гуфта вай барои ин дозаи бисёр кам- ду микрограмм дар миллилитр басанда аст. Ин доруро, гуфт Скварцова, ҳам барои профилактика ва ҳам табобат метавон истифода намуд.
Айни замон ваксин бар муқобили коронавирус вуҷуд надорад. Олимони дунё фаъолона дар паи тадқиқи он ҳастанд. Барои табобати коронавирус алҳол доруҳое истифода мешаванд, ки барояшон литсензия гирифта нашудааст. Масалан истифодаи мефлохин ва гидроксихлорохин.




Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД