formula
Чойи кабуд манбаъи нерӯи ҷавонӣ ва давои саратон аст?
28.05.2023
ОИЛА
910

 

Падарам ҳамеша моро насиҳат мекарданд, ки чойи кабуд нӯшем, чунки фоидаи зиёд дорад, вале баъзеҳо мегӯянд, ки зиёд нӯшидани ин навъи ҷой хуб нест, чунки одамро беҳолу мебадор месозад.

Аз ҳамин хотир мехостам дар бораи чойи кабуд каме маълумот диҳед, ки он ба организми инсон фоида дорад ё зарар?

Фаррух аз н. Ҳисор.

Посух

Чойи кабуд нўшокии беназир аст. Дар таркиби чойи кабуд нисбат ба чойи сиёҳ моддаҳои фаъоли биологӣ хеле фаровон буда, онҳо хосияти зиддимикробӣ ва зиддиомосӣ доранд: капиллярҳо –рагҳои мўякиро қавӣ месозанд, хунофариро муназзам мегардонанд.

Дар ҳавои гарм ҳеҷ нўшокие наметавонад чойи кабудро иваз намояд. Чойи кабуд боиси рехтани арақ гашта, масома (сўрохчаҳо)-ро пок месозад, дар баробари ин, ба мубодилаи оксиген, обу намак таъсири муфид расонида, сатҳи холестеринро дар хун паст менамояд. Онҳое, ки чойи кабудро ба меъёр менўшанд, имкони аз халал ёфтани мубодилаи моддаҳо, ки сарчашмаи бисёр бемориҳост, раҳоӣ ёфтанро доранд.

Чойи кабуд фишорбаландӣ, исҳоли хунин, пайдошавии санги масонаю гурда ва бемориҳои ҷигарро пешгирӣ менамояд, ҳамчунин раванди пиршавии ҷисмро боз медорад. Аз витамини Е 10 баробар бештар таъсир дорад.

Хосияти зиддисаратонӣ доштанаш чойи кабудро машҳур гардонидааст. Дар Пажўҳишгоҳи бемориҳои саратони Хитой хосиятҳои зиддисаратонии 108 алафу гиёҳҳоро таҳқиқ карда, ба натиҷае расиданд, ки таъсири чойи кабуд аз дигар алафу гиёҳҳо чандин маротиба афзунтар аст. Донишмандони Ҷопон муддати се сол дар байни одамони аз 65-сола боло пурсиш гузарониданд. Баъди омўзишу таҳлили далелҳо муайян гашт, ки одамони мунтазам чойи кабуд менўшида нисбатан фаъолу серҳаракатанд.

Чойи кабудро ҳам бояд ба андозаи муайян нўшид, бисёр нўшидани он безарар нест. Хоҳем, ки обу чойи нўшидаамон ба ҷисму ҷонамон фоида бахшад, риоя кардани тартибу низоми зер зарур аст:

1. Обро, мисли чой ҷуръа-ҷуръа бояд нӯши ҷон намуд, то ба кори гурдаҳо вазнинӣ наорад. Ин гуна нўшидани об ташнагиро хубтар рафъ месозад.

2. Саҳаргоҳон, баъд аз хоб бедор шудан 1-2 истакон об нўшед, беҳтараш оби гарм. Он имкон медиҳад, ки тамоми узвҳои ҳозима бо об таъмин ва ғизои саҳар нағз ҳазм шуда, маҳсулоти гандидаву фосидгашта хориҷ гардад.

3. Оби сард ва аз ҳад гарм ба тан зарар доранд.

4. Пеш аз хўрдани таом, ҳангоми тановул ва баъд аз он дарҳол обу чой нўшидан мумкин нест, зеро шираи меъдаро рақиқ (суюқ) мекунанд ва ҳатто пурра мешўянд. Дар ин ҳолат ғизои истеъмолгашта пурра ҳазм намешавад, балки мегандад, фосид гашта, заҳр ҷудо мекунад. Табибони узвҳои ҳозима маслиҳат медиҳанд, ки як соат пеш аз таом ва якуним-ду соат баъд аз он обу чой нанўшед. Баъди сарфи тамом дарҳол нўшидани обу чой ва дигар нўшокиҳо меъдаро нозпарварду эрка мекунад. Таомро пурра, яъне то охир нахоида фурӯ баред, луқма хушк ба меъда меравад, меъда бошад, ба он тайёр нест. Меъдаро лозим меояд, ки шираи бисёр ҷудо намояд, то ки луқма мулоим гардад. Мо ин корро осон карда, луқмаро бо об фурў мебарем ё ҳеҷ набошад дарҳол баъди таом ба меъда обу чой ва ё ягон нўшокии дигар «мерезем». Дуруст аст, ки луқма мулоим мешавад, аммо бояд донист, ки дар ин ҳолат на ҳамаи ғизо бо шираи меъда пурра омехта мегардад ва то охир ҳазм ва ҷаббида мешавад. Ғизоеро, ки ферментҳо пурра ҳал накардаанд, оби бисёрро металабад ва одам аз ин тарзи ғизохўрӣ номаълум фарбеҳ хоҳад шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД