arzon replenishment
ЧОЙИ КАБУД САРАТОНРО ПЕШГИРӢ МЕНАМОЯД
2358

 Мардуми тоҷик нӯшидани чой, бахусус чойи кабудро дӯст медоранд ва аз нӯшидани он лаззату кайфият мебаранд. Чойнӯшӣ барои мо, тоҷикон макон ва вақту соати муайян надорад: дар хона, дар ҷойи кор, субҳ, шом, нисфирӯзӣ, шабу нимашаб, пеш аз таом, баъд аз таом, ҳангоми хӯрдани таом чой менӯшем. Солҳои охир бошад, ба чойи сиёҳу кабуд нӯшокиҳои гуногуни рангкардашуда зам гашта, акнун рӯйи дастархони моро фантаю кола, спрайту лимонад ва дигар нӯшобаҳо оро медиҳанд. Кадоме аз ин нӯшокиҳо муфиданду кадомаш ба организми инсон зарар дорад?

Нӯшобаи ширин, вале…

Тадқиқотҳо собит сохтаанд, ки обҳои рангкардашуда ба тану ҷони одамизод ҳеҷ суду фоида надоранд, ҳатто ташнагиро намешикананд. Дар ин маврид фақат як нуктаро ёдовар шудан кофист. Обҳои рангдода дар таркибашон ширинии фаровон доранд, ширинӣ бошад, сарчашмаи бисёр бемориҳост.

Тақрибан 70 дарсади ҷисми одамизодро об ташкил медиҳад. Тамоми фаъолияти организми инсон–нафаскашӣ, гардиши хун, гувориши ғизо, табодули моддаҳо, нигоҳ доштани тавозуни гармӣ, ихроҷи моддаҳои нодаркор ва ғ. маҳз тавассути об сурат мегирад. Камоб шудани ҷисм боиси номуътадил гаштани фаъолияти он мешавад. Табибоне, ки хосиятҳои шифобахшии обро тадқиқу таҳқиқ кардаанд, ба хулоса омадаанд, ки аслу бунёди бисёр бемориҳои музмин (куҳна) маҳз дар камобии бадан аст.

Чӣ қадар об бояд нӯшид?

Аслан инсони солим дар давоми рӯз бояд аз 2 то 3 литр обу чой бинӯшад. Солхӯрдагон ба хотири ташвиши зиёд накашидан бисёр кам об менӯшанд, ки ин ба саломатӣ сахт зарар дорад. Кам нӯшидани об тадриҷан ба ғализ-ғафс шудани хун меорад ва дар натиҷа кори дилро мушкил мегардад. Дил хуни ғафсшударо бисёр ба душворӣ тела медиҳад.

Чойи кабуд-давои бемисл

Чойи кабуд нӯшокии беназир аст. Дар таркиби чойи кабуд нисбат ба чойи сиёҳ моддаҳои фаъоли биологӣ хеле фаровон буда, онҳо хосияти зиддимикробӣ ва зиддиомосӣ доранд: капиллярҳо –рагҳои мӯякиро қавӣ месозанд, хунофариро муназзам мегардонанд. Дар ҳавои гарм ҳеҷ нӯшокие наметавонад чойи кабудро иваз намояд. Чойи кабуд боиси рехтани арақ гашта, масома (сӯрохчаҳо)-ро пок месозад, дар баробари ин, ба мубодилаи оксиген, обу намак таъсири муфид расонида, сатҳи холестеринро дар хун паст менамояд. Онҳое, ки чойи кабудро ба меъёр менӯшанд, имкони аз халал ёфтани мубодилаи моддаҳо, ки сарчашмаи бисёр бемориҳост, раҳоӣ ёфтанро доранд.

           Чойи кабуд фишорбаландӣ, исҳоли хунин, тифи шикампечро шифо бахшида, пайдошавии санги масона, гурдаҳо ва ҷигарро пешгирӣ менамояд, ҳамчунин раванди пиршавии ҷисмро боз медорад. Аз витамини Е 10 баробар бештар таъсир дорад.

           Хосияти зиддисаратонӣ доштанаш чойи кабудро машҳур гардонидааст. Дар Пажӯҳишгоҳи бемориҳои саратони Хитой хосиятҳои зиддисаратонии 108 алафу гиёҳҳоро таҳқиқ карда, ба натиҷае расиданд, ки таъсири чойи кабуд аз дигар алафу гиёҳҳо чандин маротиба афзунтар аст. Донишмандони Ҷопон муддати се сол дар байни одамони аз 65-сола боло пурсиш гузарониданд. Баъди омӯзишу таҳлили далелҳо муайян гашт, ки одамони мунтазам чойи кабуд менӯшида нисбатан фаъолу серҳаракатанд.

           Чойи кабудро ҳам бояд ба андозаи муайян нӯшид, бисёр нӯшидани он безарар нест. Хоҳем, ки обу чойи нӯшидаамон ба ҷисму ҷонамон фоида бахшад, риоя кардани тартибу низоми зер зарур аст:

  1. Обро, мисли чой ҷуръа-ҷуръа бояд нӯши ҷон намуд, то ба кори гурдаҳо вазнинӣ наорад. Ин гуна нӯшидани об ташнагиро хубтар рафъ месозад.
  2. Саҳаргоҳон, баъд аз хоб бедор шудан 1-2 истакон об нӯшед, беҳтараш оби гарм. Он имкон медиҳад, ки тамоми узвҳои ҳозима бо об таъмин ва ғизои саҳар нағз ҳазм шуда, маҳсулоти гандидаву фосидгашта хориҷ гардад.
  3. Оби сард ва аз ҳад гарм ба тан зарар доранд.
  4. Пеш аз хӯрдани таом, ҳангоми тановул ва баъд аз он дарҳол обу чой нӯшидан мумкин нест, зеро шираи меъдаро рақиқ (суюқ) мекунанд ва ҳатто пурра мешӯянд. Дар ин ҳолат ғизои истеъмолгашта пурра ҳазм намешавад, балки мегандад, фосид гашта, заҳр ҷудо мекунад. Табибони узвҳои ҳозима маслиҳат медиҳанд, ки як соат пеш аз таом ва якуним-ду соат баъд аз он обу чой нанӯшед. Баъди сарфи тамом дарҳол нӯшидани обу чой ва дигар нӯшокиҳо меъдаро нозпарварду эрка мекунад. Таомро пурра, яъне то охир нахоида фурӯ баред, луқма хушк ба меъда меравад, меъда бошад, ба он тайёр нест. Меъдаро лозим меояд, ки шираи бисёр ҷудо намояд, то ки луқма мулоим гардад. Мо ин корро осон карда, луқмаро бо об фурӯ мебарем ё ҳеҷ набошад дарҳол баъди таом ба меъда обу чой ва ё ягон нӯшокии дигар «мерезем». Дуруст аст, ки луқма мулоим мешавад, аммо бояд донист, ки дар ин ҳолат на ҳамаи ғизо бо шираи меъда пурра омехта мегардад ва то охир ҳазм ва ҷаббида мешавад. Ғизоеро, ки ферментҳо пурра ҳал накардаанд, оби бисёрро металабад ва одам аз ин тарзи ғизохӯрӣ номаълум фарбеҳ хоҳад шуд.
Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД