arzon replenishment
Чойкаҳак -давои дарди гурда
13.02.2022
Оила
2418

Модарам ду моҳ боз бемор аст. Ба духтур бурдем. Ташхис нишон дод, ки ҳарду гурдааш шамол кашида, варам кардааст. Доруву дармони фармудаи духтурҳоро гирифтем, вале то имрӯз ягон беҳбудиро эҳсос намекунад. Дарди гурда табобати мардумӣ ҳам дорад?
Фаридун, сокини н. Шаҳринав.

Посух
Илтиҳоби гурда бар асари гузаштани микробҳо аз узвҳои ҳампаҳлӯ, хоса рӯда ба гурдаҳо сар мезанад. Микробҳо дар гурда таҳшин мешаванд ва дар ҷое, ки микроб ҷой мегирад, газак ба вуҷуд меояд. Илтиҳоб, яъне пиелонефритро сари вақт табобат накунанд, беморӣ куҳна шуда, метавонад касро ба оқибатҳои ногувор аз ҷумла ба норасоии гурда мубтало созад. Якчанд гиёҳҳое мавҷуданд, ки иллатҳои гурдаро даво мебахшанд. Аз ҷумла гиёҳи ҳамешабаҳор (календула), чойкаҳак (зверабой), мармарак (шалфей), риш ё пӯпаки ҷуворӣ, раҳдавак, тухми зағир, ҷағ-ҷағ барои гурда доруи бебаҳоянд. Ду-се номгӯйи ин гиёҳҳоро аз дорухонаҳо дастрас намуда, дар ним литр оби ҷӯшомада дам партоеду баъдан аз дока полонда, ҳар рӯз се маротиба пеш аз хӯрок тақрибан 50 граммӣ бинӯшед, газаки гурдаро даво мебахшад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД